«Лутфан, зулмро одилона тақсим бикунед!»

Камол Қурбон

Куҷое хонда будам, ки соли ҳазору ҳаштсаду наваду чанд дар яке аз штатҳои ИМА ду худрав ба ҳам бархӯрданд, дар ҳоле ки он замон дар он штат, ба ҷуз он ду, автомобили дигаре вуҷуд надошт. Ҳоли имрӯзи миллати мусалмон ва вазъи кунунии тоҷикон ба ин рухдод ҳамсонӣ дорад.

Мардуми мо дар паҳнаи ин хокдон роҳи фарохе намеёбанд ва гарданаҳои тангро бармегузинанд, ки дар натиҷа дучори бархӯрд ба якдигар ва рӯёрӯӣ мегарданд. Аммо оё шумо дар ин корзор моро низ мадди назар доред? Магар боре боли андешаатон сӯи мо пар кашидааст? Не! Гумон мекунам, ҳеч тарафе аз тарафҳо дар бораи мо намеандешад.

Мепурсед, ки мо кӣ ҳастем? Мо касоне мебошем, ки Тоҷмаҳалро ва Аҳромҳои Мисрро ва Девори Чинро ва Кремлинро ва Хуҷанду Самарқанду Бухороро ва тахту кохи Ҷамшеду Курушу Дороро ва … ва … ва …-ро сохтаем. Даруни ин ҳама осори торихӣ анбошта аз хуни мост. Мо бараҳнаву гуруснаву ташна кохҳову шаҳрҳову тамаддунҳо офаридем ва садҳо ҳазор бародаронамон ба меҳнати тавоншикан натобида, даргузаштанд ва санге дар девори он сохтмонҳо гардиданд, аммо он ҳама ифтихорот ба номи дигаре сабт шуд ва аз мо чизе дар ёдҳо намонд.

Мо, яъне, бардагон!

Мо, яъне, тиҳидастону дардмандон!

Магар на ин аст, ки мо ситамдидагони ҳамешаи саросари торихем?

Магар на ин аст, ки дар дарозои замон ҳар озодибахше дар паёмаш фиребамонро пинҳон медошт?

Магар на ин аст, ки аз замоне, ки ҳофизаи кӯдаки торих ёд дорад, шумо моро ба ду сипоҳ бахш мекардед ва мо бо гурзу шамшеру ханҷар ва камон ба пайкари бепушту паноҳи ҳам мекӯфтем ва дасту пои ҳамро мебуридем ва дилу ҷигари ҳамро медарондему пора мекардему мешикофтем бидуни ин, ки ҳамдигарро бишиносему ва бе ин ки ба якдигар кина биварзем. Мо ба ҳам меҷангидем дар ҳоле, ки якдигарро намешинохтем, барои шумо, ки бо ҳам намеҷангидед, аммо ҳамдигарро мешинохтед. Бо ин ҳама, агар кушта мешудем, ангор, ки ҳеч замоне набудем, аммо агар чираманд мегардидем, пирӯзӣ ба номи шумо рақам мехӯрд (Имрӯз низ чунин аст).

Мардони торих, ки меомаданд, нигоҳе сӯямон наафканда, раҳсипори кохи шоҳон мешуданд.

Кунфусиюн ҳамнишинии шоҳзодагони Чинро баргузид.

Будо, ки худ аз шоҳзодагон буд, аз мо буриду гӯша гирифт.

Зартушт ба дарбори Гуштосп шитофт ва пайвандашро аз мо азодорон гусаст.

Монӣ омад ва худро ба рикоби Шопури Сосонӣ зад.

Пири хирадманди Тӯс, ҳаммилатамон — Фирдавсӣ низ аз шаст ҳазор байти “Шоҳнома” бештаринашро ба шоҳон бахшид ва аз мо, ҷуз дар чанд байти башумор, ёд накард. Танҳо андаке аз амаки Кова, ки оҳангар буд, гуфту бас.

Аз рӯзгорони бас пешин то кунун танҳо як шахсият моро бисёр ёд мекард ва ҳеч фаромӯшамон насохт ва ҳатто замони ҷон додан низ ёди мо карду дар ростои мо суфориш дод.

Ӯ Муҳаммад Расулуллоҳ(с) буд.

Ӯ худ ятим буд ва чӯпонӣ ҳам кардааст.

Ӯ дарди моро хуб эҳсос менамуд.

Бардаи ҳабашии камарзиш – Билол (р), марди овораи эронӣ – Салмон (р), марди тангдасти гумноме аз саҳро – Абӯзар (р) ва дигар бардагону тиҳидастон арзиш пайдо карданд. «Кох»-аш чанд утоқи гилин буд, ки дар хоккашиаш худаш низ ширкат карда буд. Боргоҳу тахташ порачӯбе буд.

Кош «қаср»-ҳояшро вайрон намекарданд, то медидед, ки Беҳтарин Бандаи Худо(с) чӣ гуна зист.

Шумо на худатон пайрави Ӯед ва на фарзандонатон. Фарзанди кудоме аз шумо чун Фотима (р) бенавоиро метобад?

Ӯ (с) аз мо бисёр ёд мекард, то ин ки пилконаш бо ҳам баста шуд ва мо бузургтарин пуштибонамон аз миёни офаридаҳоро аз даст додем. Сару ҷонам фидояш!

Имрӯз кӣ моро ба ёд меоварад? Ҳеч кас. Дигар хаста шудем ва дар коми ноумедӣ мондаем. Дар ҷавонӣ пуштхамзадаву пир мешавем, аммо марг, ки хоҳонаш мебошем, ноз мекунад.

Имрӯз сухани охирини мо ситамкашони ҷаҳон аз шумо тавонгарони ин хокдон чунин аст:

«Лутфан, зулмро одилона тақсим бикунед!»

(Ин чизест, ки забони ҳоли мардумон мегӯяд ва баъзе ҳангом забони ҳол аз забони мақол гӯётар мебошад.)

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: