Қатли омме, ки дунё аз он чашм пӯшид

Мақолае дар нашрияи Atlantic

Чаҳор сол пеш, дар чунин рӯзҳое, баҳори арабӣ, ё он чи аз он боқӣ монда буд, бо як қатли омми азим ба поён расид. Танҳо ду кишвари арабии Тунис ва Миср дар он замон бо интиқоли қудрати демукротики сулҳомез ба қудрат расиданд. Миср пурҷамъияттарин кишвари арабӣ ва улгуи бақияи кишварҳои минтақа буд. Дар 14 августи 2013, шаш ҳафта пас аз кудетои низомӣ алайҳи давлати мунтахаб ва таҳти раҳбарии Ихвонулмуслимин, наздик ба 800 нафар дар наздикии масҷиди Робеъаи Адавия дар Қоҳира кушта шуданд. Ин воқеа, бузургтарин қатли омм дар таърихи мудерни Миср буд.

Танҳо як ҳафта қабл аз қатли омм, агар касе вориди шаҳр мешуд, медид, ки ҳама чиз ба сурати худгардон идора мешавад. Ба ҳамроҳи даҳҳо ҳазор ҳаводорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ, даруни хиёбонҳо ошпазхонаҳо, дорухонаҳо, ағзияфурӯшҳо ва ҳатто марокизи расонаӣ мустақар шуда буд. Ҳар касе наметавонист вориди ин ҷамъ шавад; балки дар қисмати вурудии муваққат, ки 50 метр дуртар дар хиёбон буд, нерӯҳои мардумӣ дар канори кисаҳои хокии рӯи ҳам чидашуда истода буданд ва бо аҷала корти миллии ҳамаро чек мекарданд. Агар касе муваффақ мешуд ворид шавад, мардум бо пошидани об ба рӯи ӯ, аз вай истиқбол мекарданд. Дар он замон ҳаво бисёр гарм буд. Ин эътироз низ ҳамонанди дигар эътирозҳои рӯйдода дар Миср, таркибе аз тарсу ваҳшат буд.

Пеш аз он куштори ваҳшиёна, ду куштори кучактар низ рух дода буд: яке дар рӯзи 8 июл ва дигаре дар рӯзи 27 июл. Аъзои Ихвонулмуслимин ҳама аз мусалмонони ҷавон буданд, ки бархе аз онон ҳатто аз донишгоҳ низ фориғуттаҳсил нашуда буданд. Онон ҳама бо умеду тарс, аз хонаводаҳои худ худоҳофизӣ карда ва ба Робеъа омада буданд. Бо ин ки ҳамаи мисриён медонистанд дар он ҷо қатли омм иттифоқ хоҳад афтод, аммо баҳс бар сари ин буд, ки режими Миср ва нерӯҳои амниятӣ чӣ теъдод аз онҳоро хоҳанд кушт ва чӣ замоне мубодират ба ҳамла хоҳанд кард!

Робеъа ва кудетои низомӣ пеш аз он, беш аз он ки достони марг, тарс ва фурӯ пошидани хонаводаҳо бошад, бозгӯкунандаи достони муҳим аммо ғамангези кишварест, ки қасди аз байн бурдани мардуми худашро кард. То ҷое, ки мисриён исрор бар ифтихор кардан ба кишварашон доранд, аммо ин ифтихор ҳамроҳ бо ёдоварии ҳаводиси ғамангезе аст, ки дар он милюнҳо нафар аз онон ба гурӯҳи мухолифин ва аз назари давлат, гуноҳкорон, таъаллуқ доштанд.

Робеъа ҳамчунин ҳикояти натиҷаи аз даст додани эътимоди тайфи васеъе аз мардум ба натиҷаҳои сиёсӣ аст. Пружаи интиқол аз ҳукумати иқтидоргарои Ҳусни Муборак аз ҳамон ибтидо эродоте дошт. Муҳаммад Мурсӣ, ки дар моҳи июни 2012 интихоб шуд, дар замони нодурусте ба рӯи кор омад. Аммо ҳарчанд шояд Ихвонулмуслимин дар идораи умур тавоно набуд, вале кишвари Миср дар замони Мурсӣ як низоми диктотурӣ набуд. Мисриён иҷозаи эътироз ба давлатро доштанд, ҳамон тавре ки бисёре аз онон, яъне беш аз як милюн нафар дар рӯзи 30 августи 2013 дар тазоҳурот ширкат карданд. Дар он замон, мухолифат дар кишвар вуҷуд дошт ва ҳамчунин хабаргузориҳое, ки ахбори нодурустро нашр медоданд. Ин адами қатъият аз ояндаи Миср буд, ки бисёре аз мардуми ин кишварро тарсонд.

Раванди демукротик дар ин кишвар сабаби беҳбуди кайфияти зиндагии мардум нашуд. На фақат аз лиҳози эҷоди сиёсатҳои беҳтар дар хусуси масоиле чун беҳдошт ва омӯзиш, балки ин раванди демукротик бояд шомили мудирияти беҳтар ва сулҳталабонаи эътирозот мешуд. Аммо барои донистани ин масъала, ки чаро гоҳе демукросиҳо мутавассил ба зӯр ва хушунат мешаванд, бояд гуфт, ки равишҳои демукротик фақат ҳарбаи аввал ва охири дифоъ мебошанд.

Atlantic

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: