Ислом ва Эронзамин (62)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (25)

Фалсафа ва ҳикмат (4)

Табақаи чаҳорум (аз Яҳёи мантиқӣ то Ихвонуссафо ва Нотилӣ)

Аз ин табақа афроди зиёде намешиносем. Он чӣ аз нақлҳо бармеояд ин аст, ки Форобӣ ва Абӯбашари Матто ва Ибни Курниб шогирдҳо доштаанд, вале иттилои дурусте аз онҳо надорем. Аз шахсиятҳои ин табақа:

1) Яҳё ибни Адий (ё Удай)-и мантиқии насронӣ аст. Ин мард бо Ибни ан-Надим муосир будааст ва Ибни ан-Надим нисбат ба пуркории ӯ эъҷоб дорад. Ибни ан-Надим ва Ибни Қифтӣ ва Ибни Абиусайбиъа билиттифоқ навиштаанд, ки вай шогирди Абӯнасри Форобӣ ва Абӯбашари Матто будааст. Ҳама (махсусан Ибни Қифтӣ) китобҳои зиёде аз ӯ нақл кардаанд, ки бештар мантиқист, вале аҳёнан масоиле аз масоили фалсафаи уло — ки дар давраи қабл аз Форобӣ хусусан дар масеҳиён камтар дида мешавад — тарҳ кардааст. Ибни ан-Надим ва ба табаъи ӯ Ибни Қифтӣ ва Ибни Абиусайбиъа навиштаанд, ки риёсати мантиқийин дар замони ӯ ба ӯ мунтаҳӣ шуда буд. Вай дар соли 363 ва ё 364 даргузаштааст ва гуфтаанд, 81 сол умр кардааст.

2) Ғайр аз Яҳё ибни Адий, дар табақаи чаҳорум ҷамъияти “Ихвонуссафо ва хуллонулвафо”-ро бояд ном бурд. Гурӯҳе ҳастанд гумном ва худ хостаанд гумном бошанд, аммо нишон додаанд, ки гурӯҳе ҳастанд ҳам файласуф ва ҳам мутадайин ва мутаъаҳҳид. Ба манзури ислоҳи ҷомеа бар асоси идеяе, ки доштаанд (ба кор бурдани фалсафа ва дин тавъаман) даст ба кор шуда, анҷумане ташкил дода (ҳизбмонанд), аъзо мепазируфта ва шуруту одобе доштаанд ва маҷмӯи 52 рисола, ки дар ҳақиқат баёнкунандаи ҷаҳонбинӣ ва идеулужии онҳост — ва аз як назар як доиратулмаориф барои асри онҳо маҳсуб мешавад ва асарест ҷовидонӣ ва аз шоҳкорҳои ҷаҳони ислом — офаридаанд. Ихвонуссафо ҳам аз аслофи худ (махсусан Форобӣ) мутаассир будаанд ва ҳам дар ахлофи худ асар гузоштаанд. Ҳар ду қисмат ниёзманд ба баҳси тӯлонист ва аз ҳудуди баҳси мо хориҷ аст.

Он чи аз номи онҳо бар мо ошкор аст ҳамонҳост, ки Абӯҳайёни Тавҳидӣ — ки тақрибан муосири онҳо буда — фош кардааст: Абӯсулаймон Муҳаммад ибни Миъшари Бастӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Ҳоруни Занҷонӣ, Абӯаҳмад Меҳрҷонии Авфӣ, Зайд ибни Руфоъа. Баъзе дигар номи афроди дигаре аз қабили Ибни Мискавайҳи Розӣ (вафотёфта дар 421), Исо ибни Заръа (вафотёфта дар 398, мутарҷим ва файласуф) ва Абулвафои Бузҷонӣ (нобиғаи риёзидони маъруф, вафотёфта дар 387) ва баъзе дигарро мебаранд, вале баъзе аз инҳо ба аввалҳои қарни панҷум таъаллуқ доранд, дар сурате ки дар нимаи дуввуми қарни чаҳорум кори Ихвонуссафо то ҳудуде шинохта будааст. Абӯҳайёни Тавҳидӣ дар соли 373 марому ақида ва маслаку равиши Ихвонро барои вазир Самсомуддавла ибни Азудуддавла бозгӯ кардааст ва гуфта, ман ин “Расоил”-ро ба устодам Абӯсулаймони Мантиқии Сиҷистонӣ арза кардам ва ӯ дар бораи онҳо изҳори назар кард. Бинобар ин, мебоист ин “Расоил” дар ҳудуди нимаи қарни чаҳорум таълиф шуда бошад ва ба ҳамин ҷиҳат бо ин ки торихчаи Ихвон дар даст нест, бояд онҳоро аз табақаи чаҳорум яъне ҳамтабақа бо шогирдони Форобӣ ба шумор оварем.

Ихвонуссафо, ки миёни ақлу дин, фалсафаву шариат ҷамъ кардаанд ва он дуро мукаммили якдигар медонанд, дар равиши фалсафии худ тамоюли фисоғурисӣ доранд, бар аъдод зиёд такя мекунанд ва дар ҷанбаи исломӣ, тамоюли шадиди шиъӣ ва алавӣ доранд.

* * *

Табақаи панҷум

1) Абӯсулаймон Муҳаммад ибни Тоҳир ибни Баҳроми Сиҷистонӣ, маъруф ба Абӯсулаймони Мантиқӣ. Шогирди Яҳё ибни Адийи мантиқӣ будааст ва бино бар нақли Ибни Қифтӣ дар “Торихул-ҳукамо”, назди Абӯбашари Матто низ таҳсил кардааст. Зоҳиран оғози таҳсилаш дар назди Абӯбашар буда ва баъд дар назди Яҳё ибни Адий идома додааст.

Абӯсулаймон шогирде дорад ба номи Абӯҳайёни Тавҳидӣ, ки аз фузало ва удабо ва нависандагони баноми ҷаҳони ислом аст ва китобҳои нафисе дорад ба номҳо: “Ал-муқобасот”, “Ал-имтоъ вал-муъонаса”, “Ас-садиқ вас-садоқа”. Абӯҳайён дар китобҳои худ фаровон аз устодаш ёд карда ва ифозоти ӯро бозгӯ кардааст.

Ибни ан-Надим ва Ибни Қифтӣ ва Ибни Абиусайбиъа ҳама аз Абӯсулаймон ёд кардаанд, вале ба таври мухтасар, ва албатта Ибни Қифтӣ муфассалтар баҳс кардааст. Ҷомеътарин баҳс дар бораи Абӯсулаймон ҳамон аст, ки марҳум Муҳаммади Қазвинӣ дар ҷилди дуввуми “Бист мақола” (сафаҳоти 128-166) анҷом додааст.

Хонаи Абӯсулаймон миъодгоҳи ҳукамо ва фузалои аср буда ва худ раиси қавм ба шумор меомадааст. Дар маҳфили Абӯсулаймон — ки дар ҳақиқат як анҷумани фалсафӣ будааст — ҳамвора масоили илмӣ ва фалсафӣ матраҳ мешуда ва ҳукамо аз якдигар истифода мекардаанд ва ба таъбири Абӯҳайён, “муқобаса” менамудаанд. Абӯҳайён онҳоро дар 106 маҷлис ҷамъ карда ва номи онҳоро “Ал-муқобасот” гузоштааст.

Торихи вилодат ва вафоти Абӯсулаймон дақиқан маълум нест. Қадри мусаллам ин аст, ки дар нимаи дуввуми қарни чаҳорум шахсияти мумтозе доштааст. Марҳуми Қазвинӣ ҳадс мезанад, ки вилодати Абӯсулаймон дар ҳудуди соли 307 ва вафоташ дар ҳудуди соли 380 бошад ва эҳтимолан то ҳудуди 390 зинда будааст.

Ҳукамо ва фузалое, ки дар маҳфили Абӯсулаймон ширкат мекардаанд, ғолибан шогирди Яҳё ибни Адий ва ҳамшогирдони худи Абӯсулаймон будаанд аз қабили: Абӯмуҳаммади Арӯзӣ, Абӯбакри Қувмасӣ, Исо ибни Заръа.

2) Абулҳасани Омирии Нишопурӣ. Аз ин шахс низ иттилои зиёде дар даст нест. Ибни ан-Надим ва Ибни Қифтӣ ва Ибни Абиусайбиъа аз ӯ зикре ба миён наёвардаанд. Ёқут дар “Муъҷамул-удабо” аз ӯ ёд кардааст.

Дар “Се ҳакими мусалмон” менависад: Омирӣ ду китоб дорад: яке дар ахлоқ ба номи “Ассаъодату вал-исъод” ва дигаре дар фалсафа ба номи “Ал-амаду илал-абад”. Китобе ҳам дар дифоъ аз ислом ва тафаввуқи он бар соири адён навиштааст ба номи “Алэълом би маноқибил-ислом”.

Ва ҳам менависад, ки ҳамчунонки ба фалсафаи юнонӣ алоқаманд буд, ба фалсафаи сиёсии Соcониён низ алоқаманд буд ва худ шогирди Абӯзайди Балхӣ буд.

Баъзе муддаӣ шудаанд, ки миёни Омирӣ ва Ибни Сино номаҳо мубодала шуда, вале мӯҳтамал ба назар намерасад, зеро Ибни Сино дар вақти вафоти Омирӣ 11-сола будааст.

Гуфтаанд, Омирӣ шогирди Абӯзайди Балхӣ будааст, вале баъид аст, ки Омирӣ шогирди биловоситаи Балхӣ бошад, зеро Балхӣ дар соли 322 даргузаштааст ва Омирӣ дар соли 381 ва бинобар ин, миёни вафоти устоду шогирд 59 сол фосила аст.

3) Абулхайр Ҳасан ибни Савор, маъруф ба Ибни ал-Химор. Ҳам ҳаким аст ва ҳам табиб ва ҳам мутарҷим аз сурёнӣ ба арабӣ, вале бештар табиб аст, то файласуф ё мутарҷим. Шогирди Яҳё ибни Адийи мантиқии собиқуззикр буда ва шогирдони зиёде тарбият кардааст. Ибтидо мазҳаби насронӣ дошт ва дар охири умр (мутобиқи нақли “Номаи донишварон”) мусалмон шуд.

Ибни ан-Надим, ки муосири вай буда ва ба табаъи ӯ Ибни Қифтӣ, ӯро фавқулъода боҳуш ва фатин хондааст. “Номаи донишварон” муддаъист, ки умри тӯлонӣ карда, вале торихи вафоти ӯро наменависад. Марҳуми Муҳаммади Қазвинӣ дар “Бист мақола” мақолаи марбут ба “Татиммату савонил-ҳикма” (ҷилди 2, сафҳаи 141) муддаъист, ки вафоти Абулхайр дар соли 408 будааст.

Гӯянд, Бӯалӣ, ки маъмулан муосирони худро ба чизе намегирифт, аз Абулхайр ба некӣ ёд карда ва гуфта: “Абулхайрро дар радифи дигарон набояд шумурд. Худованд мулоқоти ӯро рӯзӣ кунад!”

4) Абӯабдуллоҳи Нотилӣ. Ин мард ҳамон аст, ки Ибни Сино дар оғози таҳсил, қисмате аз мантиқ ва қисмате аз риёзиётро назди ӯ омӯхт. Шахсияти мумтозе надорад, ҳамаи шӯҳраташро аз ноҳияи шогирди номдораш касб кардааст.

Нотилӣ табиб ҳам будааст. Ибни Абиусайбиъа дар зимни аҳволи Абулфараҷ ибни ат-Тайиб, ӯро дар радифи табибони муосири Абулфараҷ шумурдааст. Баъзе муддаӣ шудаанд, ки Нотилӣ шогирди Абулфараҷ ибни ат-Тайиб будааст ва ба гуфтаи Ибни Абиусайбиъа истинод кардаанд, вале иштибоҳ аст. Ибни Абиусайбиъа Нотилиро дар радифи муосирони Абулфараҷ овардааст, на шогирдони ӯ. Ибни Абиусайбиъа Абулфараҷро аз муосирони Бӯалӣ, ки шогирди Нотилӣ будааст мешуморад, то чӣ расад ба Нотилӣ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: