Фалсафа ва равиши реализм (111)

Зарурат ва имкон (13)

Матни мақола:

Ишкол

Ин сухан бо фарзияи физикии Нютон, ки мегӯяд: “Ҳар ҷисме ҳамеша бар ҳолати сукун ё ҳаракати якнавохти худ боқӣ мемонад магар ин ки қувваҳое, ки бар вай коргар меафтад маҷбураш созанд, ки ҳолати сукун ё ҳаракати худро тағйир диҳад”, ки аз рӯйи озмоишҳои ғайриқобили радд таҳия карда, мунофӣ аст; зеро бадеҳист, ки дар ҳаракати доимӣ муҳаррики аввалӣ аз миён рафта, бо ин ҳама ҳаракат боқӣ аст.

Посух

Бо чашмпӯшӣ аз ин ки ин фарзия танҳо ҳадс буда, ки донишманди мазбур аз таъаммул дар ихтилофи ҳаракот бо ихтилофи авоиқ (монеаҳо) задааст ва ғайриқобили озмоиш мебошад — зеро ҳаракати бе оиқ (монеа) ҳеч гоҳ пайдо намешавад барои ин ки фарзи як ҷисми танҳо дар ҷаҳони ҳастӣ бо фарзи ҳаракати маконӣ, ки табаддули тадриҷии нисбати ҷисм ба хориҷ аз худ мебошад ғайриқобили ҷамъ аст — худи фарзия, ки фоъили нахустини ҳаракатро фарз мекунад, аз фоъили бақои ҳаракат сокит аст ва танҳо мутаваҷҷеҳи бақои ҳаракат мебошад. Дар ин сурат, ба муқтазои баёни гузашта агар чунин ҳодисае иттифоқ биафтад, ночор фоъили дигаре барои бақои ҳаракат пайдо хоҳад шуд.

Аз маҷмӯи он чӣ то кунун баён шуд, натиҷа гирифта мешавад, ки:

1) Ҳар падидаи хориҷӣ то зарурат пайдо накунад, мавҷуд нахоҳад шуд;

2) Ҳар мавҷуди хориҷӣ дар ҳоли вуҷуд муттасиф ба зарурат мебошад;

3) Зарурати вуҷуди ҳар падидаи маълул аз роҳи зарурати иллати худаш пайдо шуда ва тарашшуҳи ӯст.

Ва аз ҳамин назария мешавад натиҷа гирифт, ки зарурати вуҷуди ҳар маълуле, ки “зарурати билғайр” мебошад, мунтаҳӣ ба зарурати иллат аст. Ва чун агар фарз кунем, ки ин заруратҳо боло бираванд ва дар ҷое таваққуф накунанд, зарурати нахустин, ки зарурати маълули нахустин аст пайдо нахоҳад шуд, ночор ҳамаи ин заруратҳои билғайр ба як зарурати биззот мунтаҳӣ шавад. Пас ин натиҷа ба даст меояд, ки:

Аввалан, ҳар зарурати билғайр мунтаҳӣ ба зарурати биззот аст, яъне вуҷуди мумкин мунтаҳӣ ба воҷибулвуҷуд аст.

Сониян, силсилаи иллатҳое, ки вуҷуди як маълул ба онҳо мавқуф аст, мунтаҳӣ ба иллатест, ки дигар маълул нест, пас ногузир силсилаи иллатҳо мутаноҳӣ аст.

Тавзеҳ ва тазаккур

Чунонки аз суханони гузашта равшан аст, мо бо паймудани ду роҳ ба як ормон расидем; ҳам аз роҳи гуфтугӯ дар хоссиятҳои вуҷуди хориҷӣ ва ҳам аз роҳи кунҷковӣ дар қонуни иллату маълул, ба ин натиҷа расидем, ки ҳар падидаи мавҷуд ва воқеиятдоре дорои зарурати вуҷуд мебошад, яъне вуҷудаш бо ҳифзи шароит ва қайдҳое, ки дар хориҷ дорад, қобили ин ки ғайр аз ин ки воқеъ шуда буда бошад нест. Ва ин нисбати заруратро иллати он ба он медиҳад. Ин назария қобили ташкик ва тардид нест, ҷуз ин ки ду нуктаро дар ин замина набояд аз назар дур дошт.

Нуктаи аввал

Мақсуд аз падида ва ҳодисае, ки ба истилоҳи фалсафа ба он “падида” ва “ҳодиса” мегӯем ва заруриаш медонем, воҳиди ҳақиқист, на воҳиди мусомиҳии урфӣ. Мо одат дорем, ки як силсила умури мутафарриқаро, ки воҳидҳои зиёде дорад, ба муносибати ин ки маҷмӯъан як воҳиди ғаразро таъмин мекунанд “яке” дида ва “воҳид” номида ва дорои як зарурат пиндошта як иллат барои вай қоил шавем, монанди таваттун дар як шаҳр, иқомат дар як хона, хӯрдани як ноҳор, нӯшидани як ҷуръа об ва монанди як ноҳор, як хона, як шаҳр, як кишвар ва… Дар ҳоле, ки ба назари фалсафӣ, ҳеч гоҳ ҳеч кадом аз инҳоро, ки ҳар як дорои воҳидҳои бисёре ҳастанд, намешавад як воҳид шумурд ва на дорои як зарурат донист ва на истинод ба як иллат дод.

Танҳо як ҷуръа обро, ки менӯшем, агарчи дар зоҳир як кор мешуморем, вале дар воқеъ ҳаракатҳои мухталиф ва зиёдеро анҷом медиҳем, ки ҳар воҳиди онҳо як вуҷуд ва як зарурат ва як иллат дорад.

Лозимаи баҳс дар иллат ва зарурати ҳар падида ҳамин аст, агарчи аз рӯи кунҷковии дигаре (чунонки дар мақолаи 10 тафсилан иншоаллоҳ меояд) ҷаҳони модда як воҳид беш нест ва аз ин рӯй бояд гуфт, як зарурат дошта ва мустанад ба як иллат мебошад. Ин нукта ба унвони тазаккур инҷо гуфта шуд ва тавзеҳи кофии вайро аз мақолаҳои оянда бояд ҷуст.

Нуктаи дуввум

Ду назарияи гузашта (ҳар падидаи маълулӣ то зарурат надошта бошад мавҷуд намешавад — ин заруратро иллат ба вай медиҳад) ин натиҷаро медиҳанд, ки: “ҳар маълул нисбат ба иллат зарурати билқиёс дорад”, яъне агар маълулеро бо иллати худаш бисанҷем, нисбати “зарурат”-ро хоҳад дошт ва албатта ин нисбат яъне “зарурати билқиёс” танҳо миёни маълул ва иллати томмаи он вуҷуд дорад, на миёни маълул ва аҷзоъи иллати он, ва на миёни маълул ва хориҷ аз иллат, балки назар ба ин ки танҳо иллати томма аст, ки заруратдиҳанда мебошад агар чизеро ба ғайри иллати томмааш нисбат диҳем, нисбати дигар, ки мухолиф бо нисбати “зарурат” аст пайдо хоҳад кард, ки нисбати “имкони билқиёс” номида мешавад.

Масалан агар нисбати обро ба таркиби оксижен ва ҳидружен бо бақияи шароити замонӣ ва маконӣ бидиҳем, хоҳем гуфт “пайдоиши об зарурӣ аст”, вале агар ҳамин обро ба оксижени танҳо нисбат диҳем, албатта зарурате пайдо нахоҳад шуд, зеро аз оксижени танҳо об ба вуҷуд намеояд, вале “имкон” дорад; ба ин маънӣ, ки агар бақияи аҷзоъи иллат бо шароит мунзам шаванд, об ба вуҷуд меояд вагарна, на. Пас оксижен мешавад об бишавад (бо инзимоми бақияи аҷзоъ ва шароит) ва мешавад нашавад (бе инзимоми бақияи аҷзоъ ва шароит). Ва ҳамчунин агар “хӯрдан”-ро, ки яке аз афъоли мост ба иллати томмааш (маҷмӯи инсон, илм, ирода, саломат, аъзои фаъола ва будани моддаи қобила ва шароити дигар) нисбат бидиҳем, таҳаққуқи вай зарурист, вале агар ба порае аз аҷзоъи иллат бо қатъи назар аз аҷзоъ ва шароити дигар — масалан ба инсони танҳо ё инсон ва илми танҳо — нисбат бидиҳем, дигар нисбати “зарурат”-ро нахоҳад дошт, балки “мумкин” хоҳад буд, яъне мешавад аз фоъил содир шавад ва мешавад содир нашавад.

Ва ин ҳамон ихтиёрест, ки инсон фитратан барои худ исбот мекунад ва худашро “мухтор” яъне озод дар феълу тарк, ва афъоли худро барои худ “ихтиёӣ” мешуморад. (1)

* * *

Таълиқот:

(1) Аз он ҷо, ки таълиқаи ин баҳс муфассал аст, чаҳор панҷ қисмати баъдӣ фақат барои он ихтисос дода мешавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: