Шарҳи Маснавӣ (207)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (33)

* * *

Руҷӯъ ба ҳикояти хоҷаи тоҷир

* * *

Бас дароз аст ин, ҳадиси Хоҷа гӯ,

То чӣ шуд аҳволи он марди накӯ?

Баёни ин асрор бас тӯлонист, ҳол ки чунин аст, пас ҳикояти Хоҷаро нақл кун, то бидонем, моҷарои ӯ ва он тӯтӣ ба куҷо расид?

Хоҷа андар оташу дарду ҳанин

Сад пароканда ҳамегуфт инчунин.

Хоҷаи мазкур аз ин ки тӯтиро аз даст дода буд, дар оташи фироқ месӯхт ва бо нолаву зорӣ суханони пароканда ва парешон мегуфт.

Гаҳ таноқуз, гоҳ нозу гаҳ ниёз,

Гоҳ савдои ҳақиқат, гаҳ маҷоз.

Хоҷа гоҳе суханони таноқузомез мегуфт ва гоҳе бо нозу ниёз ҳарф мезад. Гоҳ ба ҳақиқат мегаройид ва гоҳ ба олами маҷоз.

Нукта: Шиддати таъассур дар Хоҷа сабаб шуда буд, ки аҳволи мутаноқиз дар ӯ падид ояд. Зеро таъассуроти амиқ одамиро аз ҳадди эътидол хориҷ мекунад ва ӯро ба рафторҳое хориҷ аз ақлу мантиқ вомедорад, ва низ суханони ёва ва гусехта аз ӯ шунида мешавад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.571)

Марди ғарқагашта ҷоне меканад,

Дастро дар ҳар гиёҳе мезанад.

Масалан, касе ки дар ҳоли ғарқ шудан бошад, талоши мазбуҳона мекунад, ва ба ҳар чизе, ки дасташ бирасад, онро чанг мезанад, то худро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад.

То кадомаш даст гирад дар хатар,

Дасту пойе мезанад аз бими сар.

Дар он ҳангом ки хатар пеш омада, аз тарси ғарқ шудан ва ҳалок гаштан, дасту пойе мезанад ва ба ҳар чизе даст меовезад.

Дӯст дорад ёр ин ошуфтагӣ,

Кӯшиши беҳуда беҳ аз хуфтагӣ.

Ёри ҳақиқӣ, яъне ҳазрати Ҳақ, ин гуна ошуфтагиро дӯст медорад, зеро саъю кӯшиши беҳуда аз хуфтагӣ ва сустӣ беҳтар аст.

Нукта: Нақл аст, ки Расули Акрам (с) бар шахсе гузашт ва ба ӯ ҳеч илтифоте нафармуд. Чун бозгашт, нисбат ба ӯ илтифот фармуд. Саҳоба пурсиданд: дар ин амр чӣ ҳикмат буд, ки ибтидо илтифот нафармудед ва сипас ба ӯ илтифот кардед? Фармуд: ин шахс ибтидо, ки бар ӯ гузаштам, бекор буд ва шайтон қарини ӯ шуда буд, ва чун бозгаштам, хатте бар замин мекашид ва шайтонро бо ӯ надидам, пас ба ӯ илтифот кардам. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.133)

Он ки ӯ шоҳ аст, ӯ бекор нест,

Нола аз вай турфа, к-ӯ бемор нест.

Он кас, ки шоҳ аст, ӯ бекор нест, ва он ки бемор нест, аз ӯ баромадани нолаву фиғон аҷиб аст. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.2, с.735)

Баҳри ин фармуд Раҳмон, эй писар!

“Кулла явмин ҳува фи шаън”, эй писар!

Эй писари маънавӣ! Барои ҳамин аст, ки ҳазрати Раҳмон фармуд: “Ӯ дар ҳар рӯз ба коре аст.”

Нукта: Ишорат аст ба ояти 29 сураи Раҳмон:

كُلَّ يَوْمٍ هُوَ فِي شَأْنٍ

Андар ин раҳ метарошу мехарош,

То дами охир, даме фориғ мабош.

Дар ин тариқ, заҳмат бикаш ва кӯшо бош, ва то вопасин дами зиндагониат осуда ва бекор мабош!

То дами охир, даме охир бувад,

Ки иноят бо ту соҳибсир бувад.

То лаҳзаи охир лаҳзае мерасад, ки инояти Худо шомили ҳоли ту соҳибсир мешавад.

Нукта: Ишорат аст ба ояти 99 сураи Ҳиҷр:

وَاعْبُدْ رَبَّكَ حَتَّى يَأْتِيَكَ الْيَقِينُ

Ва Парвардигоратро ибодат кун, то он ки марг туро даррасад.” Вақте ки руҳ аз колбади унсурӣ хориҷ мешавад, одамӣ ба мартибаи яқин мерасад ва ба асрори пинҳон огоҳ мешавад.

Ҳар чӣ кӯшад ҷон, ки дар марду зан аст,

Гӯшу чашми шоҳи ҷон бар равзан аст.

Ҷони марду зан барои ҳар коре, ки бикӯшад, гӯшу чашми шоҳи ҷон бар равзанаи вуҷуди онон аст. Яъне Ҳақ Таъоло самеъ ва басир аст, гӯшу чашмаш бар вуҷуду қалби мардум мусаллат ва нозир ба онҳост. Ва коре нест, ки аз касе содир шавад ва Худо шоҳид бар он набошад ва дар онҷо ҳозир набошад. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.2, с. 735)

Нукта: Ишорат аст ба ояти 195 сураи Оли Имрон:

أَنِّي لاَ أُضِيعُ عَمَلَ عَامِلٍ مِّنكُم مِّن ذَكَرٍ أَوْ أُنثَى

Ҳамоно ман амали ҳеч амалкунандаеро чӣ мард ва чӣ зан табоҳ намесозам…”

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: