Ардуғон: “Машғули баррасии иқдоми муштарак бо Эрон алайҳи шибҳинизомиёни курд ҳастем”

Раисиҷумҳури Туркия аз музокирот бо Эрон барои иқдоми муштарак алайҳи шибҳинизомиёни курд хабар дод.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия имрӯз (душанбе) эълом кард, ки Онкоро ва Теҳрон машғули гуфтугӯ дар бораи иқдоми муштарак алайҳи шибҳинизомиёни курд ҳастанд.

Ардуғон тайи сӯҳбатҳое қабл аз азимат ба Ӯрдун, бо ишора ба музокирот бо раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: “Набарди муассиртаре алайҳи гурӯҳи теруристии ПКК ва “Пежок” аз тариқи амалиёти низомии муштарак бо Эрон, дар роҳ аст.”

Ба навиштаи хабаргузории Reuters вай ҳамчунин афзуд: “Амалиёти муштарак алайҳи гурӯҳҳои теруристӣ, ки таҳдиде (барои амнияти минтақа) ҳастанд, ҳамвора дар дастури кор аст. Ин масъала миёни ду раиси ситоди кулли артиши Эрон ва Туркия ба баҳс гузошта шуд ва ман низ ба таври густардатар дар бораи ин ки чӣ гуна бояд анҷом шавад, сӯҳбат кардам.”

Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин гуфт, ки қасд дорад тайи дидор бо Абдуллоҳи дуввум, подшоҳи Ӯрдун, илова бар мавзӯоти дуҷониба ва амнияти минтақа, дар бораи вазъияти Масҷидул-ақсо ва ҷилавгирӣ аз такрори хушунатҳои чанд ҳафта қабл дар ин макони муқаддас, гуфтугӯ кунад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: