Бонуи мусалмони корикотурист ба ҷанги исломҳаросӣ меравад (тасовир)

Суфёно Ҳомид, ҳунарманди мусалмони туниситабори олмонист, ки аз тариқи тасовири танзомез ва пурмаънояш, қасд дорад ба ҷанги исломҳаросӣ рафта, чолишҳои рӯзмарра пеши рӯи занони мусалмон дар ҷомеаи ғарбро ба тасвир дароварад.

Ба гузориши Stepfeed, як бонуи мусалмони корикотурист қасд дорад бо кӯмак гирифтан аз корикотурҳои ҳунармандонаи худ, ба ҷанги хушунат, таъассуби мазҳабӣ ва нобаробарии зидди динӣ бархезад.

Суфёно Ҳомид, ҳунарманди мусалмони туниситабори олмонӣ тасмим гирифтааст аз истеъдоди наққошии худ барои мубориза бо исломҳаросӣ ва суибардоштҳои зиддиҳиҷоб истифода кунад.

Ин бонуи ҳунарманд чолишҳои рӯзмарраи занони мусалмонро аз тариқи тасовири танзомез ва корикотурҳои ҷолиб ба тасвир мекашад ва саъй дорад нишон диҳад, ки мардум дар ҷавомеъ бар хилофи тафовутҳояшон, иштирокоти зиёде бо ҳам доранд.

Ин ҳунарманд, ки аз номи ҳунарии “Туффикс” бар рӯи тарҳҳояш истифода мекунад, қасд дорад ҳарҷу марҷ ва чолишҳои рӯзмарраеро, ки дар тайи солҳо ба хотири мусалмон будан бо онҳо мувоҷеҳ буда ба тасвир дароварад. Ҳамчунин бо ҳунараш масоили иҷтимоии мусалмононро ба забони содда тавсиф мекунад.

Суфёно Ҳомид дар веблоги худ менависад: “Ман дар синини кӯдакӣ донистам, ки дину мазҳабам бо дин ва эътиқодоти мардуми омма дар ҷомеаи Олмон мутафовит аст ва аз назари аксарияти онон пазируфта шуда набудам. Сипас донистам, ки ҳунари корикотур расонаи муносибе барои эҷоди гуфтумон ва ҳамдилӣ бо истифода аз садоқат, эҳсосот ва танз мебошад.”

Вай дар бораи масъалаи исломҳаросӣ дар ғарб мегӯяд: “Бахши бузурге аз мушкилоти кунунии мо чун исломҳаросӣ ва хориҷиҳаросӣ дар мардум ба далели фуқдони робита ё дониш дар бораи “дигаре” аст. Ва ман ҳақиқатан бар ин бовар ҳастам ва ба ҳамин ҷиҳат низ мавзӯоти тарҳҳои худро бисёр содда ва оддӣ мекашам, зеро мехоҳам ба ҳама аз одамҳои хосс гирифта то одамҳои маъмулӣ нишон диҳуам мушкилоти духтарони мусалмон чист.”



Рубрики:Пароканда, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: