Ислом ва Эронзамин (63)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (26)

Фалсафа ва ҳикмат (5)

Табақаи шашум (аз Ибни Мискавайҳ ва Берунӣ то Ибни Сино)

Ин табақаро табақаи нобиғаҳо бояд ном ниҳод. Ҳеч табақа аз табақоти фалосифа монанди ин табақа афроди барҷаста надоштааст:

1) Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Яъқуби Мискавайҳи Розӣ. Аслан аҳли Рай буда ва муддате ба иттифоқи Абӯрайҳони Берунӣ ва Ибни Сино ва Абулхайр ва Абӯсаҳли Масеҳӣ ва Абӯнасри Ироқӣ дар дарбори Хоразмшоҳ мезистааст. Вафоташ дар Исфаҳон дар соли 420 воқеъ шудааст.

Торихи таваллудаш маълум нест, вале мегӯянд, умри тавил ёфтааст. Аз Абӯҳайёни Тавҳидӣ нақл шуда, ки Ибни Мискавайҳ муддате назди Абулхайр шогирдӣ кардааст. Баъзе мегӯянд, назди Абулҳасани Омирӣ низ таҳсил кардааст, вале ин нақл бо он чи аз “Муъҷамул-удабо” нақл шуда — ки дар муддати панҷ соли иқомати Абулҳасани Омирӣ дар Рай ба назди Омирӣ нарафт ва гӯӣ миёни онҳо садде буд — мунофӣ аст. Достони ҳузури Ибни Сино ба маҷлиси Ибни Мискавайҳ ва афкандани гирдуе пеши ӯ, ки масоҳати ин гирдуро таъйин кун ва гузоштани Ибни Мискавайҳ китоби ахлоқии “Таҳорутул-аъроқ”-и худро назди Ибни Сино ва гуфтани ин ки ту ба ислоҳи ахлоқат аз ман ба таъйини масоҳати ин гирду мӯҳтоҷтарӣ, маъруф аст. Бӯалӣ ба ҳукми ин ки камтар касе аз муосирони хешро гиромӣ медошта ва вақъе мениҳода, дар бораи Ибни Мискавайҳ низ гуфта, масъалае бо ӯ дар миён гузоштам ва ҳар чӣ кӯшиш кардам, натавонист бифаҳмад.

Ибни Мискавайҳ худаш ё падараш зартуштӣ буда ва мусалмон шуда ва ба ақидаи баъзе шиъа будааст. Қадри мусаллам ин аст, ки тамоюли шиъӣ доштааст. Аз маъруфтарин китобҳои ӯ “Таҷорибул-умам” дар торих ва “Алфавзул-асғар” дар фалсафа ва “Таҳорутул-аъроқ” дар ахлоқ аст.

2) Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунии Хоразмӣ. Аз шахсиятҳои дараҷаи аввали фарҳанг ва тамаддуни исломӣ аст. Аз назари бархе мусташриқин, дар тамоми ҷаҳони ислом назир надорад. Риштаи тахассусиаш риёзиёт, нуҷум, торих, ҳайъат, дорушиносӣ, баррасии ақоид ва адёни ақвому милал ва амсоли онҳо буда. Чандин китоби таҳқиқии нафис офарида, ки ҷаҳон ҳанӯз ба эъҷоб дар онҳо менигарад аз қабили “Таҳқиқу мо лил-Ҳинд”, “Алосорул-боқия”, Қонуни Масъудӣ ва ғайра. Берунӣ дар соли 362 мутаваллид шуда ва дар 442 даргузаштааст. Ӯ забонҳои юнонӣ ва сурёнӣ, илова бар забони форсӣ ва забони арабӣ ва забони хоразмӣ — ки забони модарии ӯ буда — медонистааст. Забони арабиро беҳтарин забонҳо барои масоили илмӣ медонад ва алоқаи хоссе ба ин забон нишон медиҳад. Мегӯяд, агар маро ба арабӣ носазо гӯянд бештар дӯст дорам аз ин ки ба бархе забонҳои дигар маро биситоянд.

Устодони ӯ маълум нест ҷуз як нафар ба номи Абӯнаср ибни Алӣ ибни Ироқӣ, ки зоҳиран ҳамон Абӯнасри Ироқист, ки дар дарбори Хоразмшоҳ будааст ва маълум нест, ки Абӯрайҳон шогирдоне дошта ё надоштааст.

Абӯрайҳон аз касонест, ки умри нисбатан тавил (қариб 80 сол) ёфта ва тамоми вақташ вақфи илм будааст. Ӯ ҷуз ба илм ба кори дигар (вазорат ва ғайра) напардохтааст. Ӯ дар сол фақат ду рӯз таътил доштааст.

Абӯрайҳон ва Ибни Сино дар ҳудуди соли 400 дар Хоразм бо якдигар мулоқот доштаанд. Абӯрайҳон чанд соле аз Бӯалӣ бузургсолтар буда ва дар ҳудуди 18 суол дар масоили фалсафӣ ва ғайра — ки бархе аз онҳо эътироз ба Арастуст — аз Бӯалӣ кардааст. Бӯалӣ ба онҳо посух гуфта ва тадриҷан кор андаке ба хушунат кашидааст, вале аҳли таҳқиқ муддаӣ ҳастанд, ки ин суолот баъд аз рафтани Бӯалӣ аз Хоразм будааст.

Абӯрайҳон дар китоби “Алосорул-боқия” он ҷо, ки ишора ба бархе суолоти худ аз Бӯалӣ мекунад, аз ӯ ба унвони “улфатиял-фозил” (аниси фозили ман) ёд менамояд.

Абӯрайҳон ба мабонии исломӣ сахт мӯътақид ва пойбанд будааст. Дар навиштаҳои худ умуман монанди як мӯъмини воқеӣ, аз дини муқаддаси ислом ёд мекунад ва ба таносуб оятҳои каримаи Қуръонро меоварад. Ӯ махсусан эҳсосоти зидди шуъубигарӣ дошт ва дар бархе навиштаҳои худ сахт аз шуъубигарӣ изҳори танаффур менамояд.

3) Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино, уъҷубаи даҳр ва нодираи рӯзгор. Шинохтанаш як умр ва шиносонданаш китобе бисёр қатур мехоҳад. Худаш гузориши зиндагии худро то ҳудуди 35-солагӣ, ки ба Гургон омада, ба тақозои яке аз шогирдон имло кардааст ва шогирди маъруфаш Абӯубайди Ҷузҷонӣ баъд онро такмил ва то охирин рӯзи зиндагиаш гузориш кардааст. Аз ин гузоришҳо метавон то ҳадде зиндагии оддӣ ва илмӣ ва сиёсии ӯро ба даст овард. Зиндагии ноором ва пурмоҷарое дошта ва умре нисбатан кӯтоҳ. Бо ин умри кӯтоҳ ва ин зиндагии пурмоҷаро, ин ҳама маълумот ва халқи ин ҳама осор ҳақиқатан ҳайратангез аст.

Аҷиб ин аст, ки бо ин ки Ибни Абиусайбиъа ва Ибни Қифтӣ ҳар ду матни ин ду гузоришро бидуни ихтилоф забт кардаанд, ҷумлаи охирро, ки муддати умри Шайхурраис аст, ба ихтилоф забт кардаанд. Бино бар нақли Ибни Абиусайбиъа, умри Шайхурраис 54 сол ва бино бар нақли Ибни Қифтӣ, 58 сол будааст. Баъзе дигар (“Номаи донишварон”) аз рӯи баъзе қароин эҳтимол медиҳанд, ки умри Шайхурраис 63 сол будааст.

Нуктае, ки лозим аст гӯшзад шавад ин аст, ки шахсияти Бӯалӣ ҳамаи ҳукамои исломии пеш аз ӯро таҳтушшуъо қарор дод. Баъд аз Бӯалӣ, чӣ дар тибб ва чӣ дар фалсафа, китобҳои ӯ меҳвари баҳсу тадқиқ ва таҳшияву шарҳ буд.

Нуктаи дигар ин ки қабл аз Бӯалӣ, Бағдод маркази тиббу фалсафа буд. Бӯалӣ ба Бағдод нарафт — падараш балхӣ ва модараш бухороист, нимаи аввали умраш дар он ҳудуд гузаштааст — ба илале ба сӯи Хуросон ва Гургон раҳсипор шуд ва дар чанд шаҳр таваққуфҳои кӯтоҳе кард. Оқибат дар Исфаҳон ва Ҳамадон — ва бештар дар Ҳамадон — раҳли иқомат афканд.

Овозаи шӯҳраташ толибони илму ҳикматро аз ҳар сӯ ба сӯи вай мекашид. Шогирдони зиёде тарбият кард. Шахсияти Бӯалӣ дар замони ҳаёташ ва шӯҳрати китобҳояш баъд аз худаш — ки меҳвари баҳс миёни аҳли фазл буд ва мутахассисони он китобҳо бештар дар Эрон ёфт мешуданд — сабаб шуд, ки маркази сиқли фалсафа ва тибб аз Бағдод ба Эрон мунтақил гашт.

4) Абулфараҷ ибни ат-Тайиб. Ин мард ироқӣ (ва зоҳиран бағдодӣ) аст. Ҳам табиб буда ва ҳам файласуф, вале ҷанбаи табобаташ мечарбид. Бӯалӣ, ки муосири ӯст табобаташро меситояд, бар хилофи фалсафа ва ҳикмат, ки аз ин ҷиҳат ӯро ба чизе намегирад. Ба таври куллӣ, Бӯалӣ аҳаде аз муосиринро дар фалсафа дар назар надорад. Дар тарҷумаи “Татиммату савонил-ҳикма” менависад, Бӯалӣ дар бораи китобҳои фалсафии Абулфараҷ гуфта: “Сазовор ин аст тасонифи ӯро бар фурӯшанда рад кунанд ва саманаш низ бар вай бигузоранд.” Ва ҳам ӯ менависад: “Вақте ки кор миёни Бӯалӣ ва Абӯрайҳон ба хушунат кашид ва Абӯрайҳон суханони тунде дар номаи худ ба кор бурд ва хабар ба Абулфараҷ расид, гуфт: “Ҳар кас бо дигарон чунон кунад, бо ӯ низ чунин кунанд.”

Ибни Қифтӣ пас аз ишора ба сухани Бӯалӣ дар бораи Абулфараҷ, мегӯяд: “Аммо ман ва ҳар мунсифе намегӯем ҷуз ин ки Абулфараҷ улуми гузаштаро эҳё кард ва махфиёти онҳоро ошкор намуд.”

Абулфараҷ масеҳӣ ва шогирди Абулхайр будааст. Гурӯҳе аз маҳзари дарсаш истифода кардаанд. Ибни Қифтӣ мегӯяд, то баъд аз соли 420 зинда буда ва гуфта шуда, ки дар соли 435 даргузаштааст.

5) Абулфараҷ ибни Ҳинду. Дар тиббу ҳикмат шогирди Абулхайр буда ва аз бузургтарин ва фозилтарин шогирдони ӯ ба шумор рафтааст. Зимнан, марде адиб ва шоир ва суханвар будааст.

6) Абӯалӣ Ҳасан ибни Ҳасан (ё Ҳусайн) ибни Ҳайсами Басрӣ. Ҳам файласуф аст ва ҳам табиб ва ҳам физикдон ва риёзидон. Дар физик ва риёзиёт шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад ва аз авомили муассир дар пешрафти риёзиёти ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар соли 354 мутаваллид шуда ва дар ҳудуди соли 430 даргузаштааст. Дар “Татиммату савонил-ҳикма” менависад, ки тарҳе барои истифода аз оби Нил ҳангоми коҳиши об таҳия кард ва бо худ ба Қоҳира бурд, вале мавриди таваҷҷӯҳи Алҳоким биллоҳ (халифаи фотимӣ) воқеъ нашуд, балки мағзуби вай гашт ва аз он ҷо ба Димишқ фирор кард. Ва ҳам менависад, фавқулъода мутаъаббид ва муташарреъ буд ва ба шариат эҳтиром мегузошт. Ҳолати таваҷҷӯҳи ӯро дар ҳини марг низ ёдовар мешавад. Гӯянд, қисмате аз айёми ӯ дар Мағриб гузаштааст. Марҳум Сайидҳасани Тақизода дар “Торихи улум дар ислом” (с.164) мегӯяд:

Вай муаллафоти зиёде дорад; гӯӣ ҳамаи умр ба таълиф иштиғол доштааст. Ибни Ҳайсам ба қавли Сортун (George Sarton) бузургтарин олими мусалмон дар ҳикмати табиӣ (физик) ва яке аз бузургтарин арбоби ин фанн дар кулли торих будааст. Китоби маъруфи ӯ дар илми манозир таъсири азиме дар тараққии илм дар машриқу мағриб намуда ва Роҷер Бекон (Roger Bacon), файласуфи бузург ва Кеплер (Johannes Kepler), муассиси қавонини ҷадиди илми нуҷум, ҳар ду, аз таъсири китоби Ибни Ҳайсам баҳраманд шудаанд… Ибни Ҳайсам таҳқиқоти дақиқ ва бисёр олӣ дар боби нур ва қавонини он карда ва зоҳиран аввал касест, ки утоқи торик (имтиҳоноти нурӣ)-ро истеъмол кардааст… Ин донишманд муъодилоти чаҳордараҷаиро ҳал карда ва саъй карда умқи кураи ҳаворо таъйин кунад…

Ҳамзамон бо ин табақа, риёзиюни дараҷаи аввал зуҳур кардаанд аз қабили Абулвафои Бузҷонии Нишопурӣ, Абдурраҳмон Сӯфии Розӣ, Абӯсаҳли Кӯҳистонии Табаристонӣ ва ғайруҳум, ки дар фасли ҷудогонае бояд баҳс шавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: