Ёддошти писари Воҳидхон Қосиддинов ба муносибати зодрӯзи падараш

Имрӯз зодрӯзи Воҳидхон Қосиддинов, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ аст, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндон ба сар мебарад. Ӯро ба 20 сол маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардаанд.

Писари Воҳидхон Қосиддинов Ҳикмат Воҳидӣ ба муносибати зодрӯзи падараш, ёддоштеро дар сафҳаи худ дар Фейсбук навиштааст ба шарҳи зерин:

Ботамкинтарин, хушахлоқтарин, боҳимматтарин, ботақвотарин шахсе, ки ман мешиносам.

Падарам! Ифтихорам! Қуввати дилам! Гарчанде бо зӯрӣ, бо номардӣ, бо тӯҳмату бӯҳтон ва бо тақаллубу ҳилаҳо зиндониатон намуданд, Шуморо нашикастанд, баръакс қавитар ва бо Худованд наздиктар намуданд.

Дар аввалин рӯзҳои боздошт, дархости ҷойнамоз ва Қуръони Карим гувоҳи он аст, ки ин танҳоиро фурсати хилват бо Худои худ хондед.

Падарҷон! Гарчанде ҷисман дар маҳбасед, вале дар дилу дар дидаи моед. Панди Шумо ҳамеша дар гӯши ман садо медиҳад. Табассуми Шумо ҳамеша дар пеши чашмонам ва меҳри шумо ҳамеша дар дили ман ҷой гирифтааст.

Падарҷон! Маро бубахшед, ки дар пеши ин ноадлиҳо нисбати Шумо коре карда натавонистам.

Маро бубахшед, ки барои исботи бегуноҳии Шумо чизе аз дастам наомад…

Аммо мутмаин бошед, мутмаин бошед, ки рӯзе адолат бар болои зулму ситам ғалаба намуда қуфли ин зиндонҳо шикаста мешаванд ва ҳамаи нафароне, ки бегуноҳ дар зиндонҳо нишастаанд, ба озодӣ мебароянд.
Он рӯз ҳамаи нафароне, ки сабабгори зиндони шудани Шумо шуданд, ҷавоб медиҳанд, ҳатман ҷавоб хоҳанд дод!

Он рӯз дер нест падарҷон, дер нест!

Зодрӯз муборак падарҷони азиз!

* * *

Ба гузориши сойти ҲНИТ, Воҳидхон Қосиддинов, сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, раиси шӯъбаи интихоботи ҲНИТ, собиқ муовини раиси ҲНИТ, собиқ раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Исфара ва собиқ раиси дастгоҳи ҳизб аст.

Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад.

Воҳидхон соли 1956 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар оилаи косиб таваллуд ёфтааст. Ӯ шаби 16-уми сентябр аз сӯи кормандони КДАМ дар хонааш дар Исфара боздошт шуд.

Вай пас аз таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 1978 Донишгоҳи педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанберо дар риштаи забони англисӣ хатм кардааст.

Ӯ аз соли 1974 то 1994 ба унвони муаллими забони англисӣ дар яке аз мактабҳои миёнаи Исфара фаъолият кардааст. Вай дар баробари таҳсилоти олӣ, омӯзиши улуми диниро аз худ намудааст.

Ӯ соли 1989 ба ҲНИТ пайваст ва аз соли 1999 то 2001 ба ҳайси раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Исфара фаъолият кардааст.

Воҳидхон солҳои 2001-2003 муовини Дабири кулли ҲНИТ ва аз соли 2003 то 2006 муовини раиси ҳизб буда, аз соли 2008 то 2014 ба унвони раиси дастгоҳи ҳизб ифои вазифа намудааст.

Ӯ аз соли 2014 то кунун раиси шуъбаи интихоботии ҲНИТ аст.

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар Исфара боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Воҳидхон донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ мебошад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.



Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: