“Ҳикматёр бо доман задан ба ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ, дар пайи анҷоми маъмурияти бегонаҳост”

Раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон эълом кард: “Ҳикматёр аз ибтидои бозгашт ба Афғонистон, бо доман задан ба масоили қавмӣ, забонӣ ва мазҳабӣ, ба дунболи анҷоми маъмурияте аз ҷониби бегонаҳост.”

Ба гузориши хабаргузории Tasnimnews, Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон гуфт: “Ҳизби мо аз музокироти сулҳ бо Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби Исломӣ ҳимоят карда буд ва онро фурсате барои мухолифони давлат барои пайвастан ба раванди сулҳ медонист, умедвор будем, ки пас аз солҳо ҷангу хусумат ҳоло фурсате эҷод шуда, то як мухолифи давлат бо пазириши қонуни асосӣ, дар канори дигар шаҳрвандон зиндагии мусолиматомез дошта ва аз тахриб, вайронгарӣ ва интиҳор бипарҳезад, аммо Ҳикматёр аз ибтидои таслим шудан ба ҳукумат ҳамвора дар пайи доман задан ба масоили қавмӣ, забонӣ ва ихтилофоти салиқаӣ буда ва дида мешавад, ки вай дар пайи анҷоми маъмурияте аз ҷониби бегонаҳост.”

Ато Муҳаммад Нур изҳор кард: “Дар ибтидо тахриби фаровони Ҳикматёр ҷиддӣ гирифта нашуд, аммо вай рӯз ба рӯз тавҳинҳояш ба арзишҳои мардуми Афғонистон афзоиш ёфтааст.”

Волии Балх суханони ахири раҳбари Ҳизби Исломӣ дар бораи вилояти Панҷшер ва Аҳмадшоҳ Масъудро “ниҳояти зиллат ва дармондагии Ҳикматёр” донист ва афзуд: “Ин мавзӯъ як бори дигар ниқоб аз ин воқеият бардошт, ки вай манофеъ ва мухолифатҳояшро бар асоси ҷуғрофиё ва ранг таъйин мекунад.”

Вай афзуд: “Вақте Ҳикматёр барои густариши нуфуз ва ҳифзи пояҳои ҳизбаш домодҳои панҷшерӣ интихоб карда, ҳол набояд бо дурӯӣ дар мавриди ин вилоят бадгӯӣ кунад.”

Пеш аз ин низ Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати Афғонистон субҳи имрӯз дар вокуниш ба изҳороти Ҳикматёр гуфт: “Ибрози назари уқдаӣ дар бораи қаҳрамонони кишвар, ки ношӣ аз ҳақорат аст, роҳ ба ҷое намебарад.”

Амруллоҳи Солеҳ, раиси собиқи амнияти миллии Афғонистон низ дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт: “Имрӯз Ҳикматёр, ки мавриди афв қарор гирифта ва ба қассоби Кобул низ машҳур аст, ба ҷойи таҷлил аз рӯзи истиқлол, ҳаводорони худро ба ҷанги дохилӣ ташвиқ мекунад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: