Ҷойгоҳ ва аҳдофи Ӯзбекистони ҷадид дар Осиёи Марказӣ

Ёддошти Эсен Усубалиев, коршинос ва таҳлилгари қирғиз

Аз лаҳзаи таъйини Шавкат Мирзиёев ба унвони раисиҷумҳури муваққати Ӯзбекистон дар 8 сентябри соли 2016, билофосила Ӯзбекистон як силсила тарҳҳои сиёсии хориҷиро ба манзури оддисозии равобит бо кишварҳои ҳамсоя ба хусус Тоҷикистон ва Қирғизистон, ба тасвиб расонд. Ин иқдом дар табодули сафарҳои ҳайъатҳои намояндагон, фаъолони тиҷорӣ, раҳбарони идороти минтақаии Ӯзбекистон ва намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон мунъакис шуд.

Худи Мирзиёев ҳам зимни изҳори назар дар мавриди зарурати беҳбуди эътимод байни ду кишвар, азми худро барои оддисозии гуфтугӯ перомуни мушкилот ва масоил байни ду кишвар (ба вежа об, марзҳо, режими убур аз марз, трофики ҳавоӣ ва ҳамлу нақли релӣ бо Тоҷикистон) баён кард. Дар ин давра ҳамчунин баҳс дар мавриди зарурати шурӯъи дубораи кори кумисиюнҳо перомуни таъйини ҳудуди марзҳо бо кишварҳои ҳамсоя, аз сар гирифта шуд.

Алорағми “сигнолҳои” бисёр мусбате, ки давлати муваққати Ӯзбекистон фиристод, аксари коршиносони Осиёи Марказӣ ва ба вежа Қирғизистон, ба таври бисёр эҳтиёткорона дар мавриди чашмандозҳои воқеии оддисозии равобит бо Ӯзбекистон изҳори назар мекарданд ва ин иқдомоти Мирзиёевро бо зарурати убури бидуни дарди сар аз раванди интихоботи барномарезишуда барои 4 декабри сол 2016 (ки шомили омодасозии мустақими фароянди раъй додан ва ҳамчунин давраи пас аз интихобот мешуд) муртабит медонистанд.

Ин интизор баъид набуд, ки Шавкат Мирзиёев пас аз интихобаш ба унвони раисиҷумҳури ҷадиди Ӯзбекистон, ба идомаи сиёсати қаблии Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ — тақвияти мавозеъи минтақаии кишвараш бо тамоми абзори мавҷуд — бозмегардад. Ин абзор маъмулан аз дарки як асли калидӣ дар сиёсати хориҷии ҳар кишваре – яъне ҳаддиаксари таваҷҷӯҳ ба манофеъи миллӣ – нашъат мегиранд ва дар ин сурат, муҳим нест, ки чӣ касе дар Ӯзбекистон қудратро дар даст дорад, либерол ва демукрот ва ё як диктотур. Ҳар касе ҳам, ки дар раъси қудрат дар Ӯзбекистон қарор бигирад, ҳаргиз мухолифи мавқеияти аслии Ӯзбекистон дар ҳамаи масоили калидӣ дар минтақа нахоҳад шуд; масоиле мисли об, марзҳо, барқ ва ғайра.

Дарки мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва жеупулитики кишвар, то ҳадди зиёде метавонад усули сиёсати хориҷии Ӯзбекистон (Ӯзбекистон кишвари пурҷамъияте аст, ки дар маркази минтақа қарор дошта ва дорои як мавқеияти ҷуғрофиёии зиёновар аст, чаро ки барои дастрасӣ ба дарё (ё бозорҳои хориҷӣ) бояд аз марзи ҳаддиақал ду кишвар убур кунад)-ро тавзеҳ диҳад. Танҳо ду кишвар дар ҷаҳон дар чунин вазъияте қарор доранд — Лихтенштейн ва Ӯзбекистон. Ин вазъият қоъидатан бояд ба сиёсати бисёр бози тиҷорӣ-иқтисодии Ӯзбекистон дар минтақа мунҷар шавад; дар ҳоле ки Ӯзбекистон ҳамвора сарсахтонатарин мавзеъро дар мавриди равобити тиҷорӣ-иқтисодӣ бо наздиктарин ҳамсоягон доштааст. Тасаввуроти хосси Ӯзбекистон дар мавриди аҳаммияташ дар минтақа, ҳамеша нақши муҳимме дар рафтори Ӯзбекистон доштаанд.

Ин ки мавқеияти ҷуғрофиёии номатлуби кишвар дар натиҷаи таблиғоти давлатӣ дар тамоми солҳои истиқлол чӣ гуна ба “барги баранда”-и Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷӣ табдил шудааст – Ӯзбекистон ҳамеша кишваре будааст, ки дар маркази минтақа қарор дорад (қалби Осиёи Марказӣ ва кишвари калидии минтақа) – ҷолиб аст. Бидуни шак, бидуни мушорикати тамомаёри Ӯзбекистон дар масоили минтақаӣ, ҳаллу фасли ҳар гуна масоили калидӣ дар Осиёи Марказӣ ғайримумкин будааст.

Давлати Ӯзбекистон ҳамвора ба хубӣ ин вежагиҳои кишварро дарк кардааст. Дар ин росто, Ӯзбекистон ҳаргиз ба таври тӯлонимуддат дар ҳеч як аз ташкилоти иқтисодӣ ё низомӣ-сиёсӣ ширкат накарда ва саъй дошта аз узвият дар ҳар созмоне, ки дар он, тасмимот бо иттифоқи оро иттихоз мешаванд, ё мумкин аст тавассути аксарият таҳмил шаванд ва ё посухгӯи манофеъи давлати Ӯзбакистон набошанд, парҳез кунад. Ба унвони мисол, хуруҷ аз Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар соли 1999 (то соли 2005 ва сипас хуруҷи дубора дар соли 2012) ва илҳоқ ба Созмони Гуам (Гурҷистон, Украина, Озарбойҷон ва Мулдовӣ. Ӯзбекистон расман аз ин созмон дар соли 2005 хориҷ шуд) ва узвият аз соли 2006 дар Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё (то соли 2008).

Албатта, созмонҳое, ки тасмимоташон моҳияти мушовираӣ дошта ва тавозуни манофеъ (таъодул байни нуфузи Русия ва Чин) дар онҳо риоят мешавад ва ё он даста аз созмонҳое, ки дар онҳо тасмимот бо таваҷҷӯҳ ба манофеъи Ӯзбекистон иттихоз мешаванд — монанди Сандуқи байналмилалии “Наҷоти дарёчаи Орол” ва ҳамчунин мушорикат дар пружаи иқтисодии “Як камарбанд, як ҷодда”-и Чин (ин пружа ҳеч дастури кори сиёсӣ надорад ва бар асоси “ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷории мутақобилан судманд” эҷод шудааст) — истисно ҳастанд.

Бинобар ин, дифоъи сахту маҳкам аз манофеъи миллӣ бар асоси муаррифии воқеии нақш ва аҳаммияти худ дар минтақа (хусусан зарфияти сиёсӣ ва иқтисодӣ), аз вежагиҳои сиёсати хориҷӣ ва нуқтаи қуввати Ӯзбекистон аст. Дар ин росто, сиёсати хориҷии ин кишвар бо вуруду хуруҷи кӯтоҳмуддат аз иттиҳодияҳо ва эътилофҳо ва тағйири шадиди нигариш нисбат ба кишварҳои ҳамсоя тавсиф мешавад. Ҳамаи инҳо дар дарки сиёсати воқеъгароёна ё реализми сиёсӣ, ки дар чорчӯби он давлати миллӣ манофеъи худро аз назари қудрат баён мекунад ва барои расидан ба тасаллут ва ё ҳежмунӣ вориди эътилофҳо ва иттиҳодҳо мешавад, гунҷонда мешаванд.

Пас, бетардид, ҳадафи баландмуддати Ӯзбекистон, расидан ба ҳежмунии минтақаӣ бо ҳар василаи мумкин (яъне ташкили режими равобити минтақаӣ, ки бар асоси он, ҳар гуна тасмимгирии бузурги минтақаӣ бидуни ба расмият шинохтани беқайду шарти манофеъи хосси Ӯзбекистон ғайримумкин аст) будааст.

Бо ин ҳол, як силсила воқеиятҳои минтақа, имкони раҳбарии воқеӣ дар минтақаро барои Ӯзбекистон фароҳам намеоваранд. Чаро ки кишваре, ки пардаи оҳанин перомуни худ кашида ва фаъолиятҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ин кишвар таҳти контроли шадиди давлат қарор дорад, наметавонад ба як кишвари муваффақ ва маркази ҷозибаи минтақаӣ табдил шавад.

Ба илова, бар асоси ин сиёсат, ҳеч як аз кишварҳои ҳамсоя набояд имтиёзи истифода аз аҳруми фишор алайҳи Ӯзбекистонро дар ихтиёр дошта бошанд, чӣ дар чорчӯби ҳамгароии минтақаӣ ва чӣ қавонини дуҷониба. Ин амр ба мавқеияти сарсахти Ӯзбекистон дар робита бо сохту сози нерӯгоҳҳои барқиобӣ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон (Роғун ва Қамбарота) дида мешавад.

Дар ин росто, равиши дигаре мавриди истифода қарор мегирад — узвият дар созмонҳои минтақаии эҷодшуда бо мушорикати Ӯзбекистон (Сандуқи байналмилалии “Наҷоти дарёчаи Орол”) ва талош барои таҳмили формати чандҷонибаи таъаҳҳудот перомуни об барои кишварҳое, ки дар онҳо манобеъи аслии обии минтақа ташкил мешаванд — Қирғизистон ва Тоҷикистон.

Шароити дигаре вуҷуд доранд, ки зарурати иҷрои сиёсати хориҷӣ мубтанӣ бар дифоъ аз манофеъи миллиро бар Ӯзбекистон дикта мекунанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба арзёбиҳои коршиносон, манобеъи энержӣ то соли 2050 ба таври комил мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт ва дар сурати рушди болои ҷамъият дар Ӯзбекистон, амнияти ғизоӣ дар ин ҷумҳурӣ бештар аз ҷазби сармоягузориҳои бузург дар бахши нафту гоз, зерсохтҳо ва истихроҷи манобеъ дар авлавият хоҳад буд. Бинобар ин, алорағми пешрафти бисёр сареъи Ӯзбекистон дар пружаҳои ҳамлу нақли энержӣ аз тариқи хоки Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин мушорикат дар пружаҳои зербиноӣ ва ҳамлу нақли минтақаӣ ва талоши давлати ҷадид барои тағйири тасвири сиёсати хориҷии Ӯзбекистон бар асоси сигнолҳои мусбат ба кишварҳои ҳамсоя, масоили барқиобӣ мушкили умда ва ҳалнашудаи истротежии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон боқӣ мондаанд.

Дар тӯли сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба Туркманистон, Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов зимни дидор бо якдигар, ба масъалаи эҳёи экосистеми дарёчаи Орол ва ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ дар минтақаи фоҷеаи зистмуҳитӣ ишора карданд ва ба масоили марбут ба истифодаи мантиқӣ аз оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ ва сохту сози воҳидҳои барқиобӣ бар асоси риояти манофеъи кишварҳои воқеъ дар поиндасти рӯдхонаҳо, таваҷҷӯҳи хоссе доштанд, ки ҳамин мавзӯъ идомае барои сиёсати қаблии Ӯзбекистон аст.

Дар тӯли сафари Мирзиёев ба Қазоқистон, алорағми изҳороти Назарбоев дар мавриди дарки комили тамоюли ҳамсоягон ба истифода аз об ва омодагии Қазоқистон барои ширкат дар ин пружаҳо бидуни осеб расондан ба дигар кишварҳои воқеъ дар поиндасти ин рӯдхонаҳо ва ишораи вай ба масъалаи сохти нерӯгоҳҳои барқиобии бузург дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дар болодасти рӯдхонаҳои Сирдарё ва Омударё, ин изҳоротро ҳанӯз ҳам бояд ба унвони ҳимоят аз мавқеияти Ӯзбекистон дар ин масъала дар назар гирифт.

Мирзиёев ҳам ба навбаи худ ба тасмими иттихозшуда тавассути Назарбоев дар мавриди маъқул будани тасвиби кунвонсиюнҳои Созмони Милали Муттаҳид барои мудирияти ақлонӣ ва коромади манобеъи обии Осиёи Марказӣ ишора кард. Бар ин асос, бояд чунин фарз кард, ки тавсиъаи зарфияти барқиобӣ ва пружаҳои содироти барқ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) дар оянда мавриди ҳимояти лозими Тошканд ва Остона қарор нахоҳад гирифт.

Бинобар ин, агар талошҳои Ӯзбекистон ба масдуд кардани ҳар гуна тарҳи минтақаӣ перомуни масоили энержӣ (CASA-1000) маҳдуд шаванд ва ҳамчунин дар ҷиҳати дарёфти ҳимояти минтақаӣ аз ҷониби Туркманистон ва Қазоқистон перомуни сохту сози нерӯгоҳҳои барқиобӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бошанд (Роғун ва Қамбарота), бояд дар назар гирифт, ки ду ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон чӣ абзоре барои таъсир бар Ӯзбекистон дорад ва чӣ гуна метавонад аз онҳо бидуни ба хатар андохтани равобити ҳамсоягӣ ва дӯстона байни кишварҳо ва ҳамчунин бидуни осеб расондан ба суботи минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ истифода кунад.

Эсен Усубалиев, дуктурои торих ва раиси Маркази мутолеотии “Аналитика” дар Бишкеки Қирғизистон

Easterniran



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: