Ислом ва Эронзамин (64)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (27)

Фалсафа ва ҳикмат (6)

Табақаи ҳафтум ва ҳаштум (аз Маъсумӣ ва Баҳманёр то Хайём ва Имом Ғаззолӣ)

Табақаи ҳафтум

Ин табақа ду гурӯҳанд: гурӯҳи шогирдони Ибни Сино ва гурӯҳе, ки назди ӯ шогирдӣ накардаанд. Аммо гурӯҳи аввал:

1) Абӯабдуллоҳ Фақеҳи Маъсумӣ. Шайхурраис дар борааш гуфтааст: “Ӯ барои ман монанди Арастуст барои Афлотун.” Шайхурраис “Рисолаи ишқ”-ро ба хоҳиши ӯ ва ба номи ӯ навиштааст ва ҳам ӯст, ки воситаи пурсишу посухҳои Абӯрайҳон ва Бӯалӣ буд ва баъд аз он ки Абӯрайҳон калимоти тунде нисбат ба Шайхурраис ба кор бурд ва Шайхурраис ҳозир нашуд дигар чизе бинависад ва Фақеҳ Маъсумиро маъмури ин кор кард, Маъсумӣ Абӯрайҳонро мавриди маломат қарор дод ва ба ӯ навишт: “Агар дар мухотаба бо Ҳаким калимоте ҷуз ин калимот интихоб карда будӣ, аз назари ақлу илм шоистатар буд.” Байҳақӣ муддаъист, ки вай китобе дар бораи муфориқот ва аъдоди уқул ва афлок ва тартиби мубдеъот навишта, ки маъшуқи ҳукамо буда, вале аз даст рафтааст. Торихи вафоташ дақиқан маълум нест, эҳтимолан дар ҳудуди 450 будааст.

2) Абулҳасан Баҳманёр ибни Марзбони Озарбойҷонӣ. Маҷусӣ буд ва мусалмон шуд. Маъруфтарини шогирдони Бӯалист. Шӯҳрати Баҳманёр яке ба воситаи суолоти фаровонест, ки аз Бӯалӣ карда ва Бӯалӣ ҷавоб додааст (бештари китоби “Мубоҳисот”-и Шайхурраис посух ба суолоти Баҳманёр аст), дигар ба воситаи китоби маъруфи “Аттаҳсил” аст, ки мукаррар дар китобҳои фалсафа аз он ёд мешавад. Садрулмутаалиҳин дар “Асфор” чандин бор матолибе аз он китоб ва ду навбат аз китобе аз ӯ ба номи “Албаҳҷату вас-саъода” нақл кардааст. Китоби “Аттаҳсил” ахиран дар ҷузъи нашриёти “Донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исломӣ” бо тасҳеҳ ва таълиқи инҷониб чоп шуд. Баҳманёр дар соли 458 даргузаштааст.

3) Абӯубайд Абдулвоҳиди Ҷузҷонӣ. Шогирд ва мурид ва мулозими 20-сола ё 25-солаи Бӯалӣ. Ҳамон касест, ки гузориши зиндагии Бӯалиро такмил кард.

Бӯалӣ ба ҳифз ва нигаҳдории осори худ ҳиммат намегумошт. Дар пешомадҳои мухталиф рисолаҳои мухтасар ё тӯлонӣ менавишт ва ба касе медод бидуни он ки нусхае аз он нигаҳдорӣ кунад. Шояд маҳфуз мондани қисмате аз осори Шайхурраис марҳуни ҳиммати Абӯубайд аст. Бахши риёзии китоби “Наҷот” ва китоби “Донишномаи Алоӣ” ба василаи ӯ такмил гардидааст. Аз зиндагии Абӯубайд беш аз ин иттилое надорем.

4) Абӯмансур Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни Умар ибни Зайлаи Исфаҳонӣ. Бино бар нақли “Татиммату савонил-ҳикма”, “Шифо”-и Шайхурраисро мухтасар кард ва рисолаи “Ҳай ибни Яқзон”-и ӯро шарҳ кард ва китобе дар мусиқӣ таълиф намуд ва дар фанни мусиқӣ беназир буд ва баъд аз 22 сол, ки аз вафоти устодаш мегузашт (яъне дар соли 450), даргузашт. Ибни Зайла аз касонест, ки аҳёнан монанди Баҳманёр аз Шайхурраис суолоте карда ва Шайхурраис ҷавоб додааст. Гӯянд: “Китоби “Мубоҳисот” дар асл суолоте буда аз Баҳманёр ва каме аз Ибни Зайла ва камтаре аз дигарон.” Бӯалӣ шогирдони дигар низ доштааст, ки мо аз зикри онҳо худдорӣ мекунем.

* * *

Аммо афроди дигари ин табақа, ки шогирди Шайхурраис набудаанд:

1) Алӣ ибни Ризвони Мисрӣ. Ҳам табиб буда ва ҳам ҳаким. Аз касонест, ки бар назарияи Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ рад навиштааст. Марде карим аммо бадқиёфа ва кареҳулманзар будааст. Мутобиқи он чи дар “Номаи донишварон” омада китобе дар исботи нубуввати ҳазрати Хотамуланбиё аз рӯи Таврот ва Инҷил ва қоидаҳои фалсафӣ навишта ва дар соли 453 даргузаштааст. Аз асотид ва шогирдони ӯ иттилое надорем.

2) Абӯанис Мухтор ибни Ҳасан ибни Абдун ибни Саъдун ибни Бутлони Бағдодии Насронӣ, маъруф ба Ибни Бутлон. Шогирди Абулфараҷ ибни ат-Тайиби насронии собиқуззикр аст. Монанди устодаш ҳам табиб аст ва ҳам файласуф, вале бештар табиб аст, то файласуф. Бо Алӣ ибни Ризвони собиқуззикр таъоруз ва танофус дошта ва ӯро ба қабоҳати манзар сарзаниш мекарда ва “Тимсоҳул-ҷинн” мехондааст. Як навбат ҳам ба Миср рафта ва бо вай мулоқот карда ва оқибатуламр бо нороҳатӣ аз ӯ ҷудо шудааст. Ба Ҳалаб ва Қустантания низ мусофират карда ва то охири умр муҷаррад мезистааст. Вафоташ дар соли 444 воқеъ шудааст.

3) Абулҳасани Анборӣ. Феълан аз аҳволи ӯ иттилои зиёде надорем. Ҳамин қадр медонем, ки мутобиқи он чи дар “Татиммату савонил-ҳикма” омадааст, ҳам файласуф буда ва ҳам риёзидон, вале риёзиёт ғалаба доштааст ва Хайём риёзиётро аз маҳзари ӯ истифода мекардааст.

* * *

Табақаи ҳаштум

Ин табақа табақаи шогирдони шогирдони Бӯалист, аъамм аз он ки воқеан шогирди шогирдони Бӯалӣ будаанд ва ё бо онҳо ҳамзамон будаанд:

1) Абулаббос Фазл ибни Муҳаммади Лукарии Марвӣ. Ҳам файласуф аст ва ҳам адиб. Аҳёнан аз ӯ ба “Адиб Абулаббоси Лукарӣ” таъбир мешавад. Шогирди Баҳманёр будааст. Китоби маъруфе дорад ба номи “Баёнул-ҳақ би замонис-сидқ”, ки ҳанӯз чоп нашуда, вале нусхаҳояш мавҷуд аст ва мавриди эътинои фалосифаи баъд аз худаш аст. Дар илоҳиёти “Асфор” аз ӯ ном бурдааст. Ӯ ба доштани ҳавза ва тарбияти шогирдон маъруф аст. Байҳақӣ дар “Татиммату савонил-ҳикма” мегӯяд: “Фалсафа ба василаи Лукарӣ дар Хуросон интишор ёфт.”

Маҳмуд Муҳаммад Хузайрӣ устоди Ҷомеъатулазҳар дар мақолае, ки ба муносибати ҳазораи Ибни Сино дар Бағдод дар китобе ба номи “Алкитобуз-заҳабӣ лил-меҳраҷонил-алфи ли Ибни Сино” (с.55) мегӯяд: “Абулаббос умри тавил ёфт ва ман торихи вафоти ӯро ба даст наёвардам, аммо гумон мекунам дар охирҳои қарни панҷуми ҳиҷрӣ воқеъ шуда бошад.”

Абдурраҳмони Бадвӣ дар муқаддимаи “Таълиқот”-и Ибни Сино (с.8) аз Брукелмон (Carl Brockelmann) нақл мекунад, ки вафоти Лукарӣ дар соли 517 (аввалҳои қарни шашум) будааст ва худи Бадвӣ мегӯяд: “Ман намедонам Брукелмон аз чӣ маъхазе нақл кардааст.”

2) Абулҳасан Саъид ибни Ҳибатуллоҳ ибни Ҳусайн. Ибни Абиусайбиъа мегӯяд: дар тибб мумтоз буд ва дар улуми ҳикамия бофазл. Вай шогирди Абулфазли Катифот ва Абдуни Котиб буда ва онҳо шогирди Абулфараҷ ибни ат-Тайиби собиқуззикр. Ин шахс ҳамон касест, ки иҷоза намедодааст аз маҳзараш яҳудӣ ё насронӣ истифода кунад ва Абулбаракоти Бағдодӣ соҳиби китоби маъруфи “Алмӯътабар”, ки дар ибтидо яҳудӣ буд, бо найранг дар кирёси дар менишаст ва истифода мекард ва то як сол ба ҳамин вазъ идома дод. Баъд аз як сол, ки устод аз вуҷуди чунин шогирде огоҳ шуд, бар ӯ раҳмат овард ва иҷоза дод расман ширкат намояд.

Ибни Абиусайбиъа менависад: Абулбаракот китоби “Аталхисун-низомӣ”-и таълифи худи Саъид ибни Ҳибатуллоҳро назди ӯ хонд. Ман намедонам он китоб дар тибб буда ё фалсафа. Саъид ибни Ҳибатуллоҳ дар 495 даргузаштааст.

3) Ҳуҷҷатулҳақ Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ, маъруф ба Хайём. Файласуф ва риёзидон ва эҳтимолан шоир будааст ва шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад, аммо мутаассифона шӯҳрати Хайём ба ашъори мансуб ба ӯст, на ба фалсафа ва риёзиёт, махсусан риёзиёт, ки арзиши фаромӯшношуданӣ дар ин фунун доштааст. Ашъори мансуб ба Хайём, ки аксарияти қариб ба иттифоқи онҳо аз худи ӯ нест, ба ӯ чеҳрае дода комилан муғойир бо чеҳраи воқеии ӯ, яъне чеҳраи як инсони шаккоки пучигарои дамғаниматшумори ғайримасъул. Шоири ангилисӣ ба номи Фитзҷеролд (Edward FitzGerald), ки рубоиёти ӯро — ва бино бар гуфтаи оқои Тақизода, гоҳе бо таҳриф ва тағйири маъно — ба забоне фасеҳ ба шеър тарҷума карда, беш аз ҳар каси дигар мӯҷиби ин шӯҳрати козиб шудааст.

Аз Хайём бархе рисолоти фалсафӣ боқӣ монда, ки тарзи тафаккури ӯро равшан месозад. Яке, рисолаест ба номи “Кавн ва таклиф”, ки дар посухи суоли Абӯнаср Муҳаммад ибни Абдурраҳими Насавӣ, қозии ноҳияҳои Форс аст. Вай аз Хайём дар бораи ҳикмати хилқат ва ғарази офариниш ва ҳам дар бораи фалсафаи ибодот суол кардааст ва зимнан абёте дар мадҳи Хайём сурудааст, ки ин чанд байт аз онҳо боқӣ мондааст:

 ان كنت ترعين يا ريح الصبا ذميي

فأقرئ السلام على العلامة الخيمي 

بوسي لديه تراب الأرض خاضعة

خضوع من يجتدى جدوى من الحكم

فهو الحكيم الذى تسقى سحائبه

ماء الحيوة رفات الأعظم الرمم

عن حكمة الكون والتكليف يأت بما

تغنى براهينه عن أن يقال لم

Хайём ҳакимона мутобиқи мабонии устодаш Бӯалӣ (ё устоди устодаш) посух гуфтааст. Ҳар кас бар мабонии Бӯалӣ дар ин масоил ворид бошад, медонад, ки Хайём то чӣ андоза ворид будааст. Хайём дар он рисола аз Бӯалӣ ба унвони “Муаллим” ёд мекунад ва дар масоили мавриди суол, ки зимнан сирри “тазодд дар олам” ва масъалаи шурур ҳам матраҳ шуда, монанди файласуфе ҷазмӣ изҳори назар мекунад ва мегӯяд: ман ва омӯзгорам Бӯалӣ дар ин бора таҳқиқ карда ва комилан иқноъ шудаем; мумкин аст дигарон онро ҳамл бар заъфи нафси мо намоянд, аммо аз назари худи мо комилан қонеъкунанда аст.

Ин рисоларо бо чанд рисолаи дигар дар Иттиҳоди Ҷамоҳир Шӯравӣ чоп ва мунташир кардаанд ва қаблан ҳам дар Миср дар зимни маҷмӯае ба номи “Ҷомеъул-бадойеъ” чоп шуда будааст. Ношири русӣ муддаъист, ки ноширони мисрӣ иштибоҳ карда, пиндоштаанд рисолаи “Тазодд” рисолаи мустақиллест, дар сурате ки мутаммими рисолаи “Кавн ва таклиф” ва ҷузъе аз он аст.

Иттифоқан он чи Хайём дар ин рисола қотеъона изҳор кардааст, ҳамонҳост, ки дар ашъори мансуб ба ӯ дар бораи онҳо изҳори таҳайюр шудааст. Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки бархе аз муҳаққиқони урупоӣ ва эронӣ интисоби ин ашъорро ба Хайём нафй мекунанд ва бархе бар асоси як силсила қароини торихӣ мӯътақиданд, ки ду нафар ба ин ном будаанд: яке шоир ва дигаре ҳаким ва файласуф. Шоир ба номи Хайём будааст ва ҳаким ва риёзидон ба номи Хайёмӣ, ва ба ақидаи баъзе, шоир Алӣ Хайём будааст ва ҳаким ва риёзидон Умари Хайёмӣ.

Ин ки баъзе муддаӣ шудаанд, ки “Хайёмӣ” талаффузи арабии Хайём аст мардуд аст, зеро ӯ худ дар муқаддимаи рисолаи форсӣ, ки дар “вуҷуд” навиштааст, мегӯяд: “Чунин гӯяд Абулфатҳ Умар Иброҳим ал-Хайёмӣ”. Шояд ин андозаро битавон мусаллам донист, ки вай монанди аксари ин гуна донишмандон дар айни камоли имон ва эътиқод ба мабонии динӣ — ки аз ҳамаи китобҳои ӯ зоҳир ва лоеҳ аст, ҳатто “Наврӯзнома”-и мансуб ба ӯ — бо мутаъаббидони қишрӣ сар ба сар мегузошта ва ҳамин барои ӯ заҳмат ва дардисар фароҳам мекардааст. Байҳақӣ менависад:

Ӯ толии Бӯалӣ буд, аммо дар халқ зиқе дошт ва дар таълиму тасниф зиннате… Рӯзе ба ҳазрати Шаҳобулислом ал-вазир Абдурраззоқ ибни ал-Фақеҳ даромад ва имомул-қурроъ Абулҳусайни Ғаззолӣ ҳозир буд. Дар ихтилофи қурроъ дар бораи ояте баҳс рафт. Чун Имом (Хайём) ҳозир шуд, Шаҳобулислом гуфт: алал-хабири сақатно… Ӯ вуҷуҳи ихтилофи қурроъ баён кард ва ҳар ваҷҳе (-ро) иллате бигуфт. Пас Имом Абулфахр гуфт: кассараллоҳу мислака фил-уламо.” (Тарҷумаи Татиммату савонил-ҳикма, сс.71-72)

Торихи таваллудаш маълум нест. Торихи вафоташро 517 ва 526 гуфтаанд. Қадри мусаллам ин аст, ки умри тавил карда (дар ҳудуди 90 сол), аммо ин ки маҳзари дарси Бӯалиро дарк карда бошад, бисёр баъид аст. Агар ӯ Бӯалиро “Муаллим”-и худ мехонд, аз он ҷиҳат аст, ки шогирди мактаби Бӯалӣ аст, на шогирди шахси ӯ, ва зоҳиран назди шогирдони Бӯалӣ таҳсил кардааст.

4) Абӯҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Ғаззолии Тӯcӣ, агарчӣ ӯро дар радифи фалосифа — ба маънии мусталаҳ — шумурдан саҳеҳ нест. Ӯ худро файласуф намешуморад, балки мухолифи фалсафа ва фалосифа (махсусан Ибни Сино) аст ва фалсафаро назди устод нахонда, балки се сол ба мутолеаи фалсафа пардохта, сипас китоби “Мақосидул-фалосифа”-ро навишта ва баъд “Таҳофутул-фалосифа”-ро, ки аз китобҳои муҳимми давраи исломӣ аст.

Зидди фалсафа дар ҷаҳони ислом зиёд будаанд, аммо ҳеч кас ба қудрати Ғаззолӣ набудааст. Агар ба фосилаи каме афроде назири Сӯҳравардӣ ва Хоҷа Насируддин зуҳур накарда буданд, Ғаззолӣ басоти фалсафаро барчида буд. Дар айни ҳол назар ба ин ки назариёти манфии Ғаззолӣ — ва ба нудрат назариёти мусбати ӯ — нақше дар таҳаввули фалсафа доштааст, мо ӯро дар радифи фалосифа овардем.

Маъруфтарин китоби Ғаззолӣ “Эҳёу улумид-дин” аст. Камтар китобе дар миёни мусалмонон ба андозаи ин китоб асар гузоштааст. Ғаззолӣ саргузашти маъруф ва ҷолибе дорад. Ӯ дар соли 450 мутаваллид ва дар 505 даргузаштааст.

Дар ин табақа, аз Муҳаммади Шаҳристонӣ ва Абӯҳотам Музаффари Исфарозӣ ва Маймун ибни Наҷиби Воситӣ бояд ном бурд, вале аввалӣ бештар мутакаллим аст, то файласуф ва ду нафари дигар бештар риёзидонанд, то файласуф.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: