“Пешво” ва “пасво”

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Дастае аз мафоҳим ҳастанд, ки ба танҳоӣ қобили тасаввур нестанд, балки ҳамеша бо тарафи муқобили худ тасаввур мешаванд; мисли мафҳуми “падар”, мафҳуми “дароз”, мафҳуми “баланд” ва монанди он.

Мафҳуми “падар” танҳо он гоҳ қобили тасаввур аст, ки дар канораш мафҳуми “фарзанд” ҳам тасаввур бишавад, ҳамин тавр мафҳуми “дароз” дар канори мафҳуми “кӯтоҳ” ва мафҳуми “баланд” дар канори мафҳуми “паст”. Дар фанни мантиқ истилоҳан ба ин гуна мафоҳим мафоҳими “мутазойиф” (дар канори ҳам) мегӯянд.

Яке аз ин мафоҳим мафҳуми “пешво” мебошад. Пешво дар сурате қобили тасаввур аст, ки ба ҳамроҳи худ “пасво” ҳам дошта бошад, мисли мафҳуми “пешванд” ва “пасванд”.

Пешво ба маънои “имом, пешрав ва раҳнамои ҷамоъат” аст, ва пасво ба маънои пайрав ва тобеъ. Пас вақте дар ҷомеа касе ба унвони “пешво” шинохта мешавад, ба он маъност, ки дигарон ҳама “пасво“ ҳастанд. Яъне як нафар тасмим мегирад, ки чӣ чиз хуб асту чӣ чиз бад аст, чӣ кор бояд кард, куҷо бояд рафт, бо кӣ бояд дӯст шуд ва бо чӣ касе бояд душманӣ варзид, ва хулоса чӣ гуна бояд зиндагӣ кард. Ва ҳамаи мардум бояд гӯш ба фармону по ба рикоби он пешво бошанд ва бо чашмони баста ба дунболи ӯ роҳ раванд.

Ва ин ба он маъност, ки танҳо як нафар фаҳму шуъур дорад, танҳо ӯ мебинаду мешунавад ва дигарон чун фаҳму шуъур надоранд ва истеъдоди дидану шунидани ҳақоиқро надоранд, бинобар ин бояд аз он нафари донову бинову шунаво пайравӣ кунанд; дақиқан монанди чӯпон ва рамаи гӯсфанд.

Бо ин ҳисоб, оё метавон боз ҳам иддао кард, ки он ҷомеа як ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демукротик аст?

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: