Фалсафа ва равиши реализм (112)

Зарурат ва имкон (14)

Ҷабру ихтиёр (1)

Гуфтугӯ аз “вуҷуб ва зарурати низоми мавҷудот” хоҳ нохоҳ мунҷар ба баҳс аз масъалаи хоссе мешавад, ки ҳамвора аз ҷанбаҳои мухталифе мавриди таваҷҷӯҳи уламо ва фалосифа буда ва дар тамоми давраҳо ва асрҳо бо аҳаммияти хоссе талаққӣ шудааст, ва он масъалаи “ҷабру ихтиёр” аст.

Ин масъаларо илова бар фалосифа равоншиносон, уламои ахлоқ, мутакаллимин, фуқаҳо ва уламои ҳуқуқ низ аз ҷанбаҳои мухталиф мавриди таваҷҷӯҳ ва таҳқиқ қарор додаанд. Зеро ин мабҳас аз он ҷиҳат, ки марбут ба кайфияти судури афъоли инсон аз инсон ва тарзи анҷом ёфтани муқаддимоти зеҳнӣ ва нафсонии афъол ва ҳаракоти инсон аст, марбут ба равоншиносист. Ва аз он ҷиҳат, ки ҳар як аз “ҷабр” ва “ихтиёр” бино бар баъзе таваҳҳумот, иборат аст аз зарурат ва лозарурати афъоли инсон дар низоми куллии вуҷуд, бо илми аъло ва фалсафаи куллӣ иртибот пайдо мекунад. Ва аз он ҷиҳат, ки бо наҳваи таъаллуқи илми зоти Борӣ ва иродаи зоти Борӣ ба афъоли инсон робита дорад, бо илми калом ва қисмати “илоҳиёт”-и фалсафа пайвастагӣ дорад. Ва аз он ҷиҳат, ки бино бар ҷабр, мавзӯи ташреъу тақнин ва таклифу масъулият ва подошу кайфар (илоҳӣ ё башарӣ) мунтафӣ мешавад, бо фиқҳ ва ҳуқуқ сару кор пайдо мекунад. Ва аз он ҷиҳат, ки ин мавзӯъ бо мавзӯи сиришт ва тинат ва ахлоқи ғайриқобили тағйир бастагӣ дорад, бо илми ахлоқ вобастагӣ дорад.

Баҳсҳои мухталифе, ки аз ҷанбаҳои мухталиф рӯи мавзӯи “ҷабру ихтиёр” ба амал омада мӯҷиби як ибҳоми махсусе дар мафҳуми “ҷабр” ва “ихтиёр” шуда. Яъне мӯҷиб шуда, ки ин ду калима дар назари ҳама як таърифи муайян ва мафҳуми мушаххасе надорад ва ҳар дастае ба ҳасби фаҳм ва салиқаи худ аз ҳар як аз “ҷабр” ва “ихтиёр” як таъриф ва тафсири хоссе кардаанд ва дар атрофи он ба нафю исбот пардохтаанд. Вале як моддаи муштарак дар ҳамаи ин гуфтугӯҳо мавҷуд аст, ва он ин аст, ки ҳама хостаанд “ҳудуди озодии инсон дар амал”-ро баён намоянд. Ва ба иборати дигар, хостаанд таъйин кунанд, ки оё инсон дар аъмоли хеш озод аст ё озод нест? Ва агар озод аст, ин озодӣ чӣ гуна аст?

Албатта, мо дар инҷо дар дараҷаи аввал ин масъаларо аз ҷанбаи фалсафӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳем, яъне робитаи ин масъаларо бо масъалаи “зарурат ва вуҷуби низоми ҳастӣ” баён мекунем ва зимнан ба соири ҷанбаҳои ин масъала низ таваҷҷӯҳ хоҳем кард.

Мутобиқи асли “зарурат ва вуҷуби низоми ҳастӣ”, ҳеч ҳодисае дар ин ҷаҳон бидуни вуҷуб ва зарурат мавҷуд намешавад. Маънои ин ҷумла — тибқи баёноти гузашта — ин буд, ки: ҳар ҳодисае аз ҳаводис агар иллати томмаи вай муҳаққақ шуд, ҷабран ва заруратан таҳаққуқ хоҳад ёфт ва маҳол аст, ки таҳаққуқ пайдо накунад. Ва агар иллати томмаи вай муҳаққақ нагашт, хоҳ аз он ҷиҳат, ки дар яке аз шароити вуҷуди вай нуқсоне бошад, ва хоҳ аз он ҷиҳат, ки монеъе пайдо шавад ва иқтизои иллатро хунсо кунад, ҷабран ва заруратан он ҳодиса таҳаққуқ нахоҳад ёфт, яъне маҳол аст, ки дар ин фарз он ҳодиса таҳаққуқ пайдо кунад. Ҳодисае, ки дар ин ҷаҳон таҳаққуқ пайдо мекунад, аз вуҷуди иллати томмаи вай ва натиҷатан аз зарурати вай ҳикоят мекунад, ва ҳар ҳодисаи мумкине, ки таҳаққуқ пайдо намекунад, аз адами иллати томмаи вай ва натиҷатан аз адами зарурати вай, балки аз зарурати адами вай ҳикоят мекунад. Мутобиқи он чи қаблан гузашт, инкори ҷараёни “қонуни иллият” дар пайдоиши ҳаводиси ҷаҳон мусовӣ бо судфа ва иттифоқ ва инкори ҳар қоида ва назм ва қонун ва ҳақиқате дар кори ҷаҳон аст, ҳамчунонки инкори қонуни “зарурати низоми ҳастӣ” низ мусовӣ бо судфа ва иттифоқ ва инкори ҳар гуна назму қоидае аст. Ин қонун истисно надорад, яъне ин тавр нест, ки дар бархе маворид ҳаводиси ҷаҳон тибқи қонуни иллияти умумӣ ва зарурати умумӣ падид меоянд ва аз байн мераванд, ва дар бархе маворид падид омадан ва аз байн рафтани ҳаводис бо газоф ва судфа ва иттифоқ сурат мегирад.

Инҷост, ки ишколи “ҷабр” ҷон мегирад; зеро агар низоми ҳастӣ зарурӣ ва вуҷубист ва ҳар чи шуданист мешавад ва маҳол аст, ки нашавад, ва ҳар чи нашуданист намешавад ва маҳол аст, ки бишавад, афъол ва ҳаракоти содира аз инсон низ, ки ҷузъе аз ҳаводиси ин ҷаҳон аст, ҳамин тавр аст. Яъне он чӣ бояд аз инсон содир шавад, хоҳ нохоҳ содир мешавад, ва он чӣ бояд содир нашавад, хоҳ нохоҳ содир намешавад ва ҳеч феъле аз афъоли инсон нест, ки битавон гуфт “мумкин” аст содир бишавад ва “мумкин” аст содир нашавад. Пас ҳеч гуна ихтиёр ва озодӣ барои инсон дар аъмол ва афъолаш нест, зеро ихтиёр имкон аст ва ҷабр зарурат. Ва чунонки дидем, ҷаҳон ҷаҳони зарурат аст, на ҷаҳони имкон. Ба иборати дигар, ҳамон тавре, ки ҳаракоти аҷроми бузургу кучаки ин ҷаҳон — аз атом гирифта то кавокиб ва сайёроти азим — ҳама ба ҳукми навомис ва қонунҳои зарурии хилофнопазир сурат мегирад ва ҳамон тавре, ки ҳаводисе монанди хусуфу кусуфу зилзилаву омаду шуди рӯзу шабу нузули барфу борону ғайра таҳти таъсири иллатҳои муайян қатъӣ ва қобили пешбинист, ҳаракоте, ки аз инсон содир мешавад ва ҳаводисе, ки ба василаи инсон рух медиҳад низ ҳамин тавр аст. Яъне ин ҳаракот ва ин ҳаводис низ ба ҳукми қонунҳо ва навомиси муайян сурат мегирад ва таҳти таъсири иллатҳои муайян қатъӣ мешавад. Аз ин рӯ, ҳеч гуна имкон ва ихтиёр ва озодӣ дар байн нест ва ҳар чӣ ҳаст зарурат ва ҷабр ва маҳдудият аст. Пас, мо наметавонем ҳеч гуна таклиф ва қонун ва масъулият (илоҳӣ ё башарӣ) ба ӯҳда бигирем ва наметавонем муставҷиби ҳеч гуна подош ё кайфаре буда бошем, зеро таклифу масъулият ва подошу кайфар фаръи озодист, ва чун ҳар чӣ ҳаст ҷабру маҳдудият аст, ҳеч як аз ин умур маъно надорад.

Бидуни тардид, яке аз муъзалоти бузурге, ки то кунун фикри донишмандонро ба худ мутаваҷҷеҳ сохта ин масъала аст ва бисёр кам дида мешавад, ки касе дар ин масъала ворид шуда бошад ва ҷамиъи ҷавониб ва атрофи масъаларо дар назар гирифта бошад ва ба дурустӣ аз ӯҳдаи ҳалли он баромада бошад. Ғолибан, касоне аз муддаиёни фалсафа ё равоншиносон ё уламои ахлоқ ё усулийин, ки вориди ин матлаб шудаанд ё аз аввал роҳи хато паймудаанд ё он ки ба қисмате аз матлаб таваҷҷӯҳ карда ва ҷамиъи атроф ва ҷавониби матлабро дар назар нагирифта ё натавонистаанд дар назар бигиранд.

Ва чун ин масъала илова бар ҷанбаи назарӣ дорои ҷанбаи амалӣ низ ҳаст — зеро чунонки медонем, лозимаи ҷабр хориҷ шудан аз зери бори таклиф ва масъулият ва беасар донистани тарбият ва ахлоқ ва дар натиҷа лоқайдӣ ва танбалӣ ва инҳитот ва бечорагӣ аст ва камтар фикрест, ки ба андозаи фикри ҷабр зиёнҳои амалӣ ва ахлоқӣ дарбар дошта бошад ва басо ашхосе пайдо мешаванд, ки барои он ки фалсафае барои аъмоли зишти хеш пайдо кунанд, ба назарияи ҷабр мутамассик мешаванд — аз ин рӯ мо тафсилан вориди ин мабҳас мешавем ва саъй мекунем бо тарзи бадеъ ва бесобиқае ин матлабро ба хонандаи мӯҳтарам таҳвил диҳем.

Маҷмӯи роҳҳоеро, ки башар дар масъалаи “ҷабру ихтиёр” пеш гирифта, метавон ин тавр хулоса кард:

1) Ҷабриюни мутлақ, касоне, ки дар ҳар даврае каму беш пайдо мешаванд ва мактаби мушаххасе надоранд:

Судури афъоли инсон аз инсон зарурӣ ва ҷабрист ва ҳеч гуна ихтиёр ва озодӣ барои инсон дар кор нест ва ҳеч гуна таклиф ва масъулияте ҳам барои инсон саҳеҳ нест.

2) Моддигароёни ҷадид:

Судури афъоли инсон аз инсон ҷабрӣ аст ва ҳеч гуна ихтиёр ва озодӣ дар кор нест, вале дар айни ҳол таклиф ва масъулият саҳеҳ аст.

3) Мункирони зарурати иллӣ ва маълулӣ монанди бархе аз мутакаллимин ва бархе аз уламои физики ҷадид:

Ҳеч гуна зарурат ва вуҷубе дар кори ҷаҳон ҳукмфармо нест ва дар натиҷа бар афъоли инсон низ зарурате ҳукмфармо нест.

4) Бархе аз мутакаллимин ва бархе аз усулийин:

Иллият ва маълулият ва ҳамчунин зарурати иллӣ ва маълулӣ мунҳасир ба модда ва моддиёт аст ва ғайримодда мисли нафси инсон ва зоти Борӣ нисбат ба осори худ фоъил аст, на иллат, ва нисбати маълул ба иллат “зарурат” аст, вале нисбати феъл ба фоъил “зарурат” нест.

5) Баъзе аз равоншиносон:

Ҳеч гуна зарурат ва вуҷуб ва ҷабре бар аъмоли инсон ҳукумат намекунад, зеро афъоли инсон бо ирода анҷом меёбад ва ирода аз қонуни иллияти умумӣ озод аст.

6) Назарияи муҳаққиқини ҳукамои исломӣ, ки мавриди эътимоди ин мақола аст:

Низоми ҳастӣ низоми зарурист ва истиснопазир ҳам нест ва дар айни ҳол инсон дар афъол ва осори худ мухтор ва озод аст ва ҳадди аълои озодӣ барои инсон мавҷуд аст. Ва ин ихтиёр ва озодӣ бо зарурати низоми ҳастӣ мунофот надорад.

* * *

Чунонки аз ҷадвалбандӣ маълум аст, мухолифини назарияи мо маҷмӯан ду саффи умдаро ташкил медиҳанд: яке, саффи касоне, ки ба зарурати иллӣ ва маълулӣ изъон доранд ва қоил ба адами ихтиёри инсон ҳастанд, ва дигаре саффи касоне, ки ба навъе мункири зарурати иллӣ ва маълулӣ дар мавриди афъоли инсон ҳастанд ва қоил ба ихтиёр мебошанд. Дар ҳақиқат ҳар ду сафф як ақидаи муштарак доранд, ва он ин аст, ки: ҳар ду даста як навъ мулозимае байни қонуни зарурати иллӣ ва маълулӣ ва маҷбур будани инсон аз як тараф, ва байни адами зарурати иллӣ ва маълулӣ ва ихтиёр ва озодии инсон аз тарафи дигар қоил ҳастанд. Мунтаҳо, як даста зарурати иллӣ ва маълулиро пазируфта ва ихтиёрро нафй кардаанд, ва дастаи дигар ихтиёрро пазируфта ва зарурати иллӣ ва маълулиро дар мавриди афъоли инсон нафй кардаанд.

Назарияи мо дуруст нуқтаи муқобили назарияи муштараки ин ду дастааст. Яъне мо ҳеч мулозимае байни қонуни зарурати иллӣ ва маълулӣ ва маҷбур будани инсон қоил нестем, ва ҳеч навъ мулозимае ҳам байни адами зарурати иллӣ ва маълулӣ ва ихтиёри инсон мӯътақид нестем. Балки муддаӣ ҳастем, ки зарурати иллӣ ва маълулӣ дар мавриди инсон, бо дар назар гирифтани иллатҳо ва муқаддимоти махсуси афъол ва ҳаракоти инсон таъйидкунандаи ихтиёр ва озодии инсон аст ва инкори зарурати иллӣ ва маълулӣ нисбат ба афъоли инсон мӯҷиби маҳдудият ва салби ихтиёр ва озодӣ аз инсон аст.

Инҷост, ки матлаб як қиёфаи тоза ва бадеъ ва ҳайратоваре ба худ мегирад ва мо бояд дар инҷо ба ду қисмат бипардозем: яке ин ки нафйи зарурати иллӣ ва маълулӣ мулозим бо озодӣ ва ихтиёр нест, балки мунофӣ бо он аст. Ва дигар ин ки зарурати иллӣ ва маълулии афъоли инсон мунофӣ бо ихтиёр нест, балки таъйидкунанда ва таъкидкунандаи он аст.

Инак, қисмати аввал:

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: