Шарҳи Маснавӣ (208)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (34)

* * *

Бурун андохтани марди тоҷир тӯтиро аз қафас ва паридани тӯтии мурда (1)

* * *

Баъд аз онаш, аз қафас берун фиканд,

Тӯтияк паррид то шохи баланд.

Пас аз ин нолаву фиғон, он бозаргон тӯтиро аз қафас берун андохт ва тӯтӣ аз онҷо то шохаи баланд парвоз кард.

Тӯтии мурда чунон парвоз кард,

К-офтоби Шарқ туркитоз кард.

Он тӯтии ба зоҳир мурда ончунон парвоз намуд, ки гӯӣ офтоби Шарқ турктозӣ кард, яъне шитобону пурнишот парвоз кард.

Туркитозӣ: тохту тоз, чунонки сифати туркони қадим буд.

Хоҷа ҳайрон гашт андар кори мурғ,

Бехабар, ногаҳ бидид асрори мурғ.

Хоҷа дар кори тӯтӣ ҳайрону саргашта монд, дар ҳоли бехабарӣ буд, ки асрори кори он тӯтиро дарк кунад.

Рӯй боло карду гуфт: эй андалиб!

Аз баёни ҳоли худмон деҳ насиб.

Хоҷа рӯй ба боло кард ва хитоб ба тӯтӣ чунин гуфт: эй андалеб! Аз баёни ҳоли худ баҳрае бар мо бирасон!

Андалеб: булбул, ҳазордастон.

Ӯ чӣ кард онҷо, ки ту омӯхтӣ?

Сохтӣ макреву моро сӯхтӣ.

Эй тӯтӣ! Он тӯтӣ дар Ҳиндустон чӣ коре кард, ки ту омӯхтӣ ва макре сохтӣ ва дили моро сӯзондӣ?

Гуфт тӯтӣ, к-ӯ ба феълам панд дод,

Ки: раҳо кун лутфи овозу видод.

Тӯтӣ ба Хоҷа ҷавоб дод: он тӯтӣ, ки дар Ҳиндустон буд, бо коре, ки кард, андарзе ба ман дод, ки мафҳуми он ин буд: эй маҳбуб! Латофати нағмаву дӯстиро раҳо кун!

Видод: дӯстӣ ва муҳаббат.

Нукта: Дар инҷо Мавлоно тасреҳ мекунад, ки панд додан ба амал, қавитар аст аз насиҳат карданҳое, ки фақат ба забон аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.573-574)

З-он ки овозат туро дар банд кард,

Хештан мурда пайи ин панд кард.

Зеро ки нағмасаройиат туро ба банду ҳабс кашидааст, он тӯтӣ дар Ҳиндустон барои хотири ҳамин панд хешро мурда сохта буд.

Яъне, эй мутриб шуда бо ому хос,

Мурда шав чун ман, ки то ёбӣ халос.

Яъне чунин гуфт: эй тӯтӣ, ки барои хоссу омм тарабангезӣ мекунӣ! Монанди ман мурда шав, то аз он қафас бираҳӣ.

Дона бошӣ, мурғаконат барчинанд,

Ғунча бошӣ, кӯдаконат баркананд.

Ба унвони мисол: агар дона бошӣ, мурғон туро аз рӯи замин бармечинанд, ва агар ғунча бошӣ, кӯдакон туро мекананд.

Дона пинҳон кун, ба куллӣ дом шав,

Ғунча пинҳон кун, гиёҳи бом шав.

Донаро пинҳон куну комилан дом шав, ғунчаро низ пинҳон куну гиёҳи бом шав.

Гиёҳи бом: алафе, ки аз донаҳои каҳгил бар пушти бом бирӯяд. Киноятан касе ё чизе, ки мавриди таваҷҷӯҳ набошад ва касе парвои он надорад ба муносибати он, ки гиёҳи бомро об намедиҳанд ва андешаи болидану хушкидан намекунанд. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.743)

Нукта: Ғарази ин байт он аст, ки солик бояд камолоти фақрро аз диди халоиқ бипӯшонад, зеро мардуми ҳавопараст ба ӯ рӯй меоваранд ва аз фарти ҳавопарастӣ сармояи сафову хулуси ӯро аз байн мебаранд ва иҷоза намедиҳанд, ки ниҳоли вуҷудаш тановар шавад, дар ҳоле ки мепиндорад ба ӯ хидмат мекунанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.574)

Ҳар кӣ дод ӯ ҳусни худро дар мазод,

Сад қазои бад суйи ӯ рӯ ниҳод.

Ҳар кас, ки зебоиҳои худро ошкор кунад ва дар маърази нигоҳи ину он биниҳад, рухдодҳои ногувор аз ҳар тараф барояш пег меояд.

Мазод: ба маънии музояда ва ба маърази фурӯш ниҳодан аст.

Нукта: Шӯҳрат офат аст ва шахси машҳур ҳамвора маҳсуду мағбути ину он мегардад, чунонки мегӯяд:

Душмани товус омад фарри ӯ,

Эй басо шаҳро бикушта фарри ӯ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: