Ӯзбекистон як занро ба ҷурми ҷосусӣ барои Тоҷикистон зиндонӣ кард

Додгоҳи низомии вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон Алёна Кими 36-сола, модари ду фарзанд ва сокини шаҳраки Ширини ин вилоятро ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон даҳуним сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Вакили мудофеи Алёна Ким дар ин бора рӯзи 21-уми август ба хабар додааст. Ин ҳукм рӯзи 12-уми июли соли ҷорӣ содир шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, вакили мудофеъ Надежда Пак ба ин радио гуфт, нафари таҳти ҳимояти ӯ бар асоси моддаи 157-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон, яъне “хиёнат ба давлат” гунаҳкор шудааст. Ҳарчанд ҳукми додгоҳ моҳи июл мавриди иҷро қарор гирифтааст, то ҳол ба вакили мудофеъ ва наздикони Алёна Ким нусхаи ҳукмро надодаанд.

Ба гуфтаи наздикони Ким, ки дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур доштанд, Алёна ба ҷосусӣ, ифшои сирри давлатӣ ба кишвари хориҷӣ ва фаъолияти душманӣ нисбат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон айбдор шудааст.

Виктория Султонмуродова, хоҳари бузурги Алёна, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарашро барои фаъолияти корӣ дар Тоҷикистон ба “ҷосусӣ” айбдор кардаанд.

Ӯ гуфт: “Хоҳарам дар бемористони Ширин ба ҳайси санитар кор мекард. Ӯ рӯзи 7-уми декабри соли гузашта ба хона барнагашт. Рӯзи дигар ӯро бо айби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Янгиер ба муддати 10 рӯз ҳабс Баъдан барои саркашӣ аз шустани фарш муддати боздошт то 10 рӯзи дигар дароз шуд. Он замон як корманди Хадамоти амнияти миллӣ бо номи Сироҷ нисбат ба хоҳарам парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.”

Боздошти Алёна Ким баъди дастгир ва зиндонӣ шудани дугонааш Зуля Ҳалимова сурат гирифтааст. Мақомоти Ӯзбекистон иддао кардаанд, ки Алёна ва Зуля Ҳалимова (нафари бе шаҳрвандӣ) соли 2004 барои кор ба Тоҷикистон омада ва тайи як сол дар тарабхонаи «Очил»-и шаҳри Хуҷанд ба ҳайси пешхидмат фаъолият намудаанд. Вакили дифои Алёна Ким мегӯяд, зоҳиран ҳамин сафари нафари таҳти ҳимояташ ба Тоҷикистон ва будубошаш дар Хуҷанд, шубҳаи ҷониби Ӯзбекистонро бештар кардааст.

Соли гузашта ҳангоми боздошти Зуля Ҳалимова дар албомаш акси Алёна Ким ҳам пайдо шуда ва худи ӯ алайҳи Алёна шаҳодат додааст. Зуля бо айби “ҷосусӣ ва убури ғайриқонунӣ аз марз” 12 сол зиндонӣ шудааст.

Корманди дафтари матбуоти Додгоҳи низомии Ӯзбекистон гуфт, ба далели сирри давлатӣ доштани ҷараёни додгоҳ шарҳи ҷузъиёти он эълон намешавад. Надежда Пак, вакили мудофеи Алёна Ким ҳам аз суҳбати муфассал бо Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Ба гуфтаи наздикони Алёна, вакили мудофеи қаблӣ Сӯҳроб Воҳидов аз муҷаввизи адвокатӣ маҳрум шудааст.

Н.Г. — як сокини русизабони вилояти Сирдарё дар додгоҳ ба унвони шоҳид гуфтааст, ӯро ба шӯъбаи додани шиноснома даъват карда, ба имзои баёноти зидди Алёна Ким ба забони узбекӣ маҷбур кардаанд. Ин зан дар ҷаласаи додгоҳ гуфтааст, ки баёноти ба забони барояш бегона иншошуда ба ӯ тааллуқ надорад.

Виктория Султонмуродова гуфт, ки хоҳараш бар пайи шиканҷа ба гуноҳҳояш иқрор кардааст: “Модарам рӯзи 9-уми август аз дидор бо хоҳарам дар зиндони Зангиота баргашт. Хоҳарам ба модарам аъзои шиканҷашудаашро нишон додааст.”

Тибқи гузориши Радиои Озодӣ, дар солҳои ахир чандин нафар аз сокинони Ӯзбекистон барои ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон муттаҳам шудаанд. Дар моҳи марти соли 2013 ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Сурхондарё се занро бо айбномаи ҷосусӣ алайҳи Ӯзбекистон боздошт карданд. Бино ба гузориши барномаи “Ҷиноят ва ҷазо”-и шабакаи телевизиони “Ёшлар” (“Ҷавонон”) ин се зан талош доштанд, дар бораи иншооти муҳим, ба мисли постгоҳҳои марзӣ ва низомӣ, вазъи амниятӣ ва кормандони онҳо маълумот ҷамъоварӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон низ чанд нафар ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Ӯзбекистон зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла, масъулони ширкати “Востокредмет” дар шимоли Тоҷикистон бо чунин айбнома дар додгоҳ муҳокима шуда буданд.

Акс аз Радиои Озодӣ

Реклама


Рубрики:Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: