Дурнамои опозисиюни тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Нависандаи ин сатрҳо саъй мекунад дар ин мақола бо қатъи назар аз гароиши худ аз назари сиёсӣ ба ҷабҳаи опозисиюн, як таҳлили нисбатан воқеъгароёна дар бораи вазъи феълии опозисиюни тоҷик ва дурнамои он барои хонандаи тоҷик (ва ҳатто ғайритоҷик) ироа бидиҳад.

Пеш аз ҳама, лозим аст тасвире куллӣ аз опозисиюни тоҷик дар ҳоли ҳозир, ки чӣ гурӯҳҳо ва аҳзоб ва шахсиятҳое онро намояндагӣ мекунанд (ва ё лоақал ба унвони опозисиюн матраҳ ҳастанд) ироа бишавад.

Таркиби феълии опозисиюни тоҷик

1) Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ): Ин ҳизб яке аз бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ дар ҷабҳаи опозисиюн ба шумор меояд, ва ба лиҳози аъзо ва тарафдорон низ, аз бештарин тарафдор дар ҷомеаи Тоҷикистон (чӣ дохил ва чӣ хориҷ) бархӯрдор аст. Албатта, пас аз он ки фаъолияташ дар дохил аз тарафи ҳукумат мамнӯъ ва ғайрирасмӣ ва ба унвони як ҳизби “теруристӣ” эълон шуда ва аксари раҳбарони аршади он боздошт ва зиндонӣ шуданд ва раҳбари он яъне Муҳиддин Кабирӣ ба иттифоқи боқии аъзои фаъолаш ба хориҷ аз Тоҷикистон муҳоҷират карданд, хатари азҳампошӣ онро таҳдид мекард, аммо хушбахтона дар як муддати замонии кӯтоҳе ба ҳам омаданд ва тавонистанд инсиҷоми худро ҳифз ва ҷилави азҳампоширо бигиранд. Дар мақтаъи кунунӣ ин ҳизб фаъолияти муназзаме дорад ва тибқи як барномаи кории ҳисобшуда, фаъолият мекунад.

2) Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ): Ин ҳизб, бо ин ки дар яке ду соли ахир фаъолияти қобили таваҷҷӯҳе надошта, вале ҳанӯз ба унвони як ҳизби сиёсии бонуфуз дар ҷомеаи Тоҷикистон шинохта мешавад, ба хусус аз ин ҷиҳат, ки аз кодри раҳбарии нисбатан қудратманде (амсоли Раҳматулло Зоиров, Шокирҷон Ҳакимов, Алим Шерзамонов) бархӯрдор аст, ки дар сурати фароҳам омадани шароити муносиб дар дохили кишвар, метавонад ба унвони як ҳизби мухолифи ҷиддӣ дар дохил фаъолият намояд. Ахиран, Алим Шерзамонов, аз раҳбарони аршади ин ҳизб, ки ба хориҷ аз кишвар муҳоҷират кардааст, ба ҳамҳизбиёни худ пешниҳод карда, ки дар ҳоли ҳозир фаъолияти ҲСДТ-ро қатъ намоянд, ки албатта баъид ба назар мерасад, ки ин пешниҳод мавриди қабули раҳбарони он воқеъ шавад.

3) “Гурӯҳи 24”: Ин гурӯҳ дар асл тавассути марҳум Умаралӣ Қувватов таъсис гардид ва шодравон бо суханрониҳои оташини худ дар радиои “Зелло” ва фаъолиятҳои густарда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар як муддати замонии бисёр кӯтоҳ тавонист ҷавонони зиёдеро пиромуни худ гирд оварад ва дар онҳо умед ва бовар эҷод намояд. Ва нуқтаи қуввати ин гурӯҳ, шахсияти коризмотики марҳум Умаралӣ Қувватов буд. Ва аммо нуқтаи заъфи он (ҳатто дар замони ҳаёти марҳум Умаралӣ Қувватов), “бе барномагӣ” ва “бе гудор ба об задан” буд, ки ин ду вижагӣ дар даъват аз мардум барои таҷаммӯъ дар майдони аслии пойтахт, ба вузуҳ дида шуд.

Баъд аз терури марҳум дар Туркия ва шаҳодаташ, ин гурӯҳ як замони кӯтоҳе таҳти раҳбарӣ ва ҳидояти Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҷунбиши “Ватандор”, ба фаъолияти худ идома дод, аммо дере напойид ва дар дохили ин гурӯҳ иншиъоб ва дудастагӣ эҷод шуд: ҷамъе, ба раҳбарии Шарофиддин Гадоев, Собир Валиев ва Сулаймон Давлатов эълон карданд, ки “Гурӯҳи 24” дар воқеъ онҳо ҳастанд, ва аммо ҷамъе дигар ба раҳбарии Сӯҳроб Зафар, Нуриддин Ризоӣ ва бақия эълон карданд, ки намояндаи “Гурӯҳи 24” онҳоянд. Гурӯҳи аввал сипас дар зимни Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ба фаъолияти худ идома дод. (Ба сурати ҷудогона дар бораи Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон баҳс хоҳем кард.)

Ва аммо гурӯҳи дуввум, дар ҳоли ҳозир фаъолияти нисбатан мунсаҷиме дорад ва барномае ҳам ба номи “Садои мардум” ба сурати муназзам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ироа мекунад.

4) Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон (АНСТ): Ин гурӯҳ дар воқеъ ташаккулест, ки таҳти ҳидоят ва раҳбарии Додоҷон Атовуллоев фаъолият мекунад. То ҳамин авохир “Гурӯҳи 24” (шохаи Шарофиддин Гадоев, Собир Валиев ва Сулаймон Давлатов) ҷузъи ин ташаккул маҳсуб мешуданд, вале дирӯз (23.08.2017) эълон карданд, ки дигар дар он нестанд ва гурӯҳи дигаре таъсис хоҳанд дод. Аз ин рӯ, ҳастаи аслии ин ташаккулро дар ҳоли ҳозир Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҷунбиши “Ватандор” ва Муҳамад Расул (муовини сиёсии ин ташаккул) ва шуморе дигар ташкил медиҳанд.

Ҳанӯз зуд аст гуфта шавад, ки ин ташаккул ба ҳам рехта, ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба ин ки худи Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ин ташаккул, ҳанӯз чизе дар ин замина эълон накардааст.

* * *

Чаҳор ташаккули номбурда, дар воқеъ имрӯза аҳзоб ва гурӯҳҳои аслии опозисиюни Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Албатта лозим ба ёдоварист, ки дар ин миён, чанд ҷунбиш ва гурӯҳе ҳам ҳастанд (мисли “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ва “Озодӣ ва адолат”), ки фаъолияти онҳо зери чатри яке аз ҳамин гурӯҳҳои чаҳоргона аст, на ба сурати мустақил.

Ва аммо чанд ҳизби сиёсии расмӣ (мисли Ҳизби Демукрот ва ё Ҳизби сусиёлист (ҳар ду шохаи он)), ки қаблан опозисиюни ҳукумат маҳсуб мешуданд, имрӯза дигар наметавон онҳоро ҷузъи опозисиюн ба шумор овард, ки тафсилаш ҷудост.

Нуктае, ки дар инҷо лозим аст ёдоварӣ бишавад ин аст, ки ҳамаи опозисиюни тоҷикро наметавон фақат дар ҳамин чаҳор ҳизб ва гурӯҳ хулоса кард. Зеро дар ин миён, шахсиятҳои мустақилли зиёде ҳастанд, ки ба наҳве, аз опозисиюн маҳсуб мешаванд; афроде чун: Абдумалик Абдуллоҷонов, Темур Варқӣ ва шумори зиёди дигар (ки лозим нест аз ҳамаи онҳо дар инҷо ном бурда шавад).

Ва ҳамчунин як саре шахсиятҳои дигар низ ҳастанд, ки бо вуҷуди он ки бо сиёсатҳои кунунии режим мухолифанд ва мехоҳанд ҷузъи опозисиюн бошанд, вале ба назар мерасад феълан дар кори худ аҷала намекунанд. Баъзе аз онҳо, бо опозисиюни феълӣ (ба хусус ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24”) худро ҳамоҳанг намебинанд ва мӯътақиданд, ки ҳадафи ин гурӯҳҳо саранҷом барпоии як ҳукумати динӣ аст. (Феълан коре ба ин надорам, ки оё ин бардошти эшон саҳеҳ аст ё на, балки дар мақоми таҳлилам.) Ва баъзе дигар мӯътақиданд, ки аҳзоб ва гурӯҳҳои номбурда зарфият ва тавоноии ҷойгузин (алтернатива) шудан барои режими кунуниро надоранд, ва аз ин рӯ онҳоро чандон ҷиддӣ намегиранд. Аз ин даст афрод ва шахсиятҳо кам нестанд ва бисёре аз онҳоро мешиносам ва гаҳ-гоҳе бо онҳо сӯҳбат мекунам.

Ин аст як тасвири нимакомил (албатта, ба иддаои нависандаи ин сатрҳо) аз вазъи опозисиюни феълии Тоҷикистон.

Ҳол, пеш аз пардохтан ба баҳси баъдӣ (дурнамои опозисиюн), лозим медонам ба як нуктаи дигар ишора бикунам, ки ба назарам зарурат дорад.

Ва он ин аст: ин ки баъзе аз шахсиятҳо, ки гуфтам опозисиюнро бо ҳамин таркиби феълияш чандон ҷиддӣ намегиранд, ин мавзеъгирӣ аз онҳо ба назарам иштибоҳ аст. Зеро, дар ҳама ҷои дунё (ва дар тӯли торих) опозисиюн ҳамин гуна ва ба ҳамин сурат зоида шуда ва мешавад. Яъне шуморе аз ҷавонони боҳамоса ва боирода ҷамъ мешаванд ва тасмим мегиранд, ки коре бикунанд (ҲНИТ ҳам 45 соли пеш ба ҳамин сурат зоида шудааст), на ин ки аз ибтидо пухта мутаваллид шаванд. Пухтагӣ ва таҷриба ба тадриҷ ва дар тӯли фаъолият ба даст меояд. Бинобар ин, интизори таваллуди як ҳизб ё гурӯҳи пухта ва қудратманд – ва аз ҳамон аввали кор – воқеан як интизори беҷост. Тоза, аҳзоб ва гурӯҳҳои муваффақи сиёсӣ, ғолибан муташаккил аз ҷавонон аст, на афроди куҳансол.

Бинобар ин, опозисиюни кунунии Тоҷикистон, чӣ бихоҳем ё нахоҳем, ҳамин аҳзоб ва гурӯҳҳои номбурда ҳастанд, ки фаъолият мекунанд, яъне: ҲНИТ, “Гурӯҳи 24”, Анҷумани нерӯҳои созанда, ҲСДТ ва шахсиятҳои мустақил, ки баъзе ном бурда шуданд. Ҳол, агар қарор аст гурӯҳи дигаре ибрози андом кунад, ӯ ҳам ночор мароҳилеро, ки ин гурӯҳҳо паймудаанд ва дар ҳоли паймудан ҳастанд, бояд бипаймояд. Хуб, ин худаш як баҳси ҷудост, ки бояд сари фурсат дар бораи он сӯҳбат кард.

* * *

Дурнамои опозисиюни тоҷик

Дар ин бахш, дар воқеъ мехоҳам ба посухи ин пурсиши аслӣ бипардозам, ки оё опозисиюн (бо ҳамин таркиби феълӣ) метавонад ба аҳдофи худ ноил шавад? Ва барои расидан ба ҳадафи худ, чӣ кор метавонад бикунад?

Пас, аввал лозим аст, ҳадафи ӯро мушаххас кунем, ки чист? Инҷо ду эҳтимол матраҳ аст:

1) Эҳтимоли аввал, инқилоб. Инқилоб ба тамоми маънои калима, яъне сарнагунии режими феълӣ ва барпоии як низоми дигар бо қонуни дигар. Агар ҳадафи опозисиюн ин бошад, ин ҳадаф — бо таваҷҷӯҳ ба воқеиятҳои сиёсии ҳоким дар минтақа ва ҷаҳон – аввалан, имконпазир нест, ва сониян агар имконпазир ҳам бошад, ба зарару зиёни ҳама тамом хоҳад шуд. Тоҷикистон аз назари сиёсӣ, тақрибан вазъе дорад шабеҳи кишварҳои арабӣ, ки дар онҳо шоҳиди вуқӯи инқилобҳо ва ба истилоҳ “баҳори арабӣ” будем ва дидем ба куҷо кашида шуд. Яъне, дар сурати вуқӯи инқилоб дар Тоҷикистон (бар фарзи вуқӯъ), аввалан ҳарҷу марҷ пеш хоҳад омад, ва сониян дасти абарқудратҳо ва кишварҳои таъсиргузори минтақа барои дахолат боз хоҳад шуд, ки дар натиҷа эҳтимол дорад боз як ҷанги дохилии бемаънӣ даргирад, ки ба маслиҳате аҳаде нест.

Пас, инқилоб дар шароити феълӣ дар Тоҷикистон маъқул ва мантиқӣ нест. Аз ин назар, роқими сутур фикр намекунад, ҳадафи опозисиюн инқилоб бошад. Агар ҳам бошад, ғайримантиқӣ аст.

2) Эҳтимоли дуввум, водор кардани ҳукумати феълӣ ба ин, ки: даст аз сиёсатҳои саркӯбгароёнаи худ бардорад ва дар Тоҷикистон фазои сиёсии озод эҷод намояд ва дар қонуни асосӣ ислоҳоте ворид гардад; ислоҳоте, ки бар мабнои онҳо, интихоботҳо дар кишвари мо ба сурати шаффоф ва озод баргузор гарданд; ки қатъан, муқаддимаи ислоҳоти иқтисодӣ низ маҳз ҳамин аст.

Агар ҳадафи аслии опозисиюн ҳамин бошад, пас лозимаи он, аввалан ин аст, ки опозисиюн қонуни асосии кунуниро мепазирад (ба истиснои бандҳои марбут ба ихтиёроти “Пешво” ва интихобот ва як силсила бандҳои дигар, ки ҳамагӣ қобили ислоҳанд.) Ва аз қазо, қонуни асосии феълии Тоҷикистон (ба истиснои чанд банде, ки арз шуд) қонуни маъқуле аст. Асосан, мушкил дар Тоҷикистон дар қонуни асосӣ нест, балки дар иҷрои онҳо ва дар пойбанд набудани муҷриёни қонун ба қонун аст.

Ҳол, суоле, ки инҷо ба сурати худкор пайдо мешавад ва ниёз ба посух дорад ин аст, ки: агар ҳадафи опозисиюн ҳамин бошад, пас, бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълӣ, оё асосан тасаввур дорад опозисиюн ба ин ҳадаф ноил ояд, дар ҳоле ки ҳукумат ва ҳокими феълӣ тоза эҳсос мекунад, ҳамаи монеъаҳо аз сари роҳаш бардошта шуда ва хотираш дигар ҷамъ аст?

Посухи ин пурсиш, дар воқеъ посухи пурсиши дуввум аст, ки дар боло оварда шуд. (Яъне, барои расидан ба ҳадафи худ, опозисиюн чӣ кор метавонад бикунад?)

Посух мусбат аст. Бале, опозисиюни тоҷик дар сурати доштани як барномаи мунсаҷим ва ҳисобшуда, метавонад ба ин ҳадаф ноил ояд, ва мо дар ҷаҳони муосир барои он намунаҳое низ дорем.

Таҳаққуқи ин ҳадаф (яъне амалӣ гардидани он) ба назари нигоранда, се замина дорад ва се шарт.

Ва аммо се замина:

1) Заминаи аввал ин, ки ҳадафи мазкур маъқул аст, ва аҳаде дар Тоҷикистон (ҳатто худи ҳукумат ҳарчанд ба забон) мухолифи он нест. Оё касе дар Тоҷикистон мухолифи ин аст, ки фазои озод дар ҷомеаи мо ҳоким гардад? Оё касе дар Тоҷикистон мухолифи ин аст, ки интихоботҳо дар Тоҷикистон озод ва шаффоф баргузор гарданд? Оё аҳаде дар Тоҷикистон мухолифи ин аст, ки ҳукуматҳо мутадовил (даст ба даст) гарданд? Оё касе дар Тоҷикистон мухолифи ин аст, ки ба қонуни асосӣ мӯ ба мӯ амал шавад ва ҳама дар баробари он баробар бошад? Инҳо масоиле ҳастанд, ки касе дар кишвар мухолифи онҳо нест.

2) Заминаи дуввум ин, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мухолифи ин нест, ки Тоҷикистон кишваре бошад воқеан демукротик (на дар забон, балки дар амал). Оё ҷомеаи ҷаҳонӣ намедонад, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар ҳоли табдил шудан ба як диктотурии тамомаёр аст? Оё ҷомеаи ҷаҳонӣ намедонад, ки ҳуқуқи шаҳрвандон дар Тоҷикистон поймол мешавад? Оё ҷомеаи ҷаҳонӣ намедонад, ки фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон озод нест?

Аз ин рӯ, агар эҳсос бишавад, ки нерӯе дар Тоҷикистон будааст, ки мехоҳад қонунмадорӣ ва эҳтиром ба қонун дар ин кишвар ҳоким гардад ва намехоҳад кишвараш ба як кишвари диктотурӣ табдил гардад, ба назарам касе монеъи ӯ нахоҳад шуд.

3) Заминаи севвуми имкони таҳаққуқи ин ҳадаф он аст, ки опозисиюни Тоҷикистон ба лиҳози нерӯ ва зарфият, қобили қиёс бо опозисиюнҳои кишварҳои ҳамсоя мисли Ӯзбекистон ё Туркманистон ва ҳатто Қазоқистон нест. (Ин нуктаро пештар низ дар як мақола баён дошта будам.) Опозисиюни Тоҷикистон тақрибан ниме аз ҷамъияти кишварро ба ҳамроҳ дорад, агар нагӯем бештари онро. Ба илова, ин воқеиятро низ набояд дур аз зеҳн гузошт, ки аксар ба иттифоқи шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯза аз сиёсатҳои феълии ҳукумат розӣ нестанд.

Ва аммо се шарти таҳаққуқи ин ҳадаф:

1) Шарти аввал ин, ки опозисиюн дар расондани паём ва аҳдофаш барои ҷомеа (ки ҳадафаш ҷуз ислоҳи вазъи мавҷуд нест) бояд аз ҳамаи имконот ва зарфиятҳо истифода намояд. Оре, опозисиюни тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти нисбатан малмусе доранд ва дар ин арса гӯи сибқатро рабудаанд, ба ҳадде ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳаводорони режим хабаре нест, магар ба номҳои мустаъор, ки ин худ нишон медиҳад фазо дар ин шабакаҳо дар ихтиёри опозисиюн аст. Аммо инҳо кофӣ нест. Дар канори ин фаъолиятҳо, опозисиюни тоҷик бояд ба навъе ба хунсосозии дурӯғҳое бипардозад, ки нисбат ба онҳо бофта мешавад, аз қабили ин, ки инҳо ҳамон доъишиҳо ҳастанд ва қасди харобкорӣ доранд ва барои “хоҷагони хориҷӣ” кор мекунанд ва ин қабил ароҷиф…

Ба назарам, дар ин замина опозисиюнро лозим аст, ки ҳарчи зудтар шабакаи воҳиди телевизиюнии опозисиюнро фаъол намояд.

2) Шарти дуввум он, ки опозисиюни тоҷик равобиташ бо созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои таъсиргузор (ба хусус Русия), кишварҳои ҳамсоя (ба хусус Ӯзбекистон ва Қазоқистон)-ро тақвият кунад ва ба наҳве ба онҳо бирасонад, ки ҳадафе ҷуз ислоҳи вазъи мавҷуд дар кишварро надорад. Ин як воқеияти ғайриқобили инкор аст, ки бидуни доштани равобити ҳасана бо ин ҳамсояҳо ва рафъи нигарониҳои эҳтимолии онҳо, расидани опозисиюн ба ҳадафаш агар нагӯем маҳол аст, лоақал метавон гуфт, бисёр душвор аст. (Албатта, тибқи маълумоте, ки дорам, ҲНИТ ахиран дар ин росто иқдомҳое бардошта, вале ба назарам кофӣ нестанд.)

3) Шарти севвум он аст, ки аҳзоб ва гурӯҳҳои чаҳоргонаи мазкур ба изофаи шахсиятҳои мустақил ҳарчи зудтар як эътилофи воҳидеро ташкил кунанд ва бо як барномаи воҳид ва мунсаҷим фаъолият намоянд.

* * *

Як нуктаи дигаре дар ин миён ҳаст, ки бояд дар мақолае ҷудо роҷеъ ба он баҳс кард. Ва он ин ки: дар сурати раисиҷумҳур шудани яке аз фарзандони Эмомалӣ Раҳмон (Рустам ё Озода), ки ин эҳтимол дур нест, оё имкони ин ҳаст, ки ӯро ба ваҷҳе қонеъ намуд, ки дар сиёсатҳои куллии падараш таҷдиди назар намояд ва даст ба ислоҳоти решаӣ дар кишвар бизанад ё на? Албатта, ин баҳсаш ҷудост ва ниёз ба мақолае ҷудо дорад.



Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: