“Умедҳои ояндаи мардум”
Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов
Гӯши як муҳоҷири тоҷикро ба хотири “киш” гуфтани як саги рус дар Русия буриданд.
Чанд пулиси Русия аз як тоҷики дигар ба унвони “жывой мишень” дар тамрини тирпарронӣ истифода намуда, ӯро маҷрӯҳ намуданд.
Мағозаи ҳамсари Бузургмеҳр Ёровро ҳукумат мусодира кард.
Келини Нуриддин Махкамов дар асари фишорҳои зиндагӣ даст ба худкушӣ зад…
Ин чаҳор ҳодисаи дилхарош, фақат “муште аз харвор”-и ҳодисаҳои дилхарошу ҷонкоҳест, ки ҳамарӯза бар сари мардуми мазлуму бепаноҳи Тоҷикистон дар дохил ва дар хорич аз ватан, фуруд меояд.
Ин мардум дигар на ба ҳимояти ҳукумати кишвари худ умеде доранд, чун бештари зулму ситамро худи ҳукумат дар ҳаққашон раво медорад, ва на ба ҳимояти созмонҳои байналмилалӣ, чун зоҳиран ин созмонхо ҳанӯз барои “ҳимоят аз ҳуқуқи башар” дар Тоҷикистон, манфиъати сиёсие намебинанд.
Танҳо умеде, ки барои наҷоти ояндаи мардуми Тоҷикистон имрӯз метавон тасаввур кард, ҳамин аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии ба истилоҳ мухолиф аст.
Вале во мусибато!
Чун дар ҳамин зарфи се чаҳор рӯзе, ки ин чаҳор ҳодисаи дилхароши мазкур бар сари ҳамватанони мазлуми мо омад, аммо азизони “умедҳои ояндаи мардум” андармони дардҳои бедармони худ буданд!
Изҳори назарҳо