Ислом ва Эронзамин (65)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (28)

Фалсафа ва ҳикмат (7)

Табақаи нӯҳум ва даҳум (аз Абулбаракот то Ибни Салоҳ)

Табақаи нӯҳум

1) Шарафуддин Муҳаммади Илоқӣ. Шогирди Абулаббоси Лукарӣ ва Умари Хайём будааст. Ҳам файласуф буда ва ҳам пизишк. Гӯянд, дар ҷанги Қатвон дар соли 536 кушта шуд. Баъзе ӯро шогирди Баҳманёр донистаанд, вале бо таваҷҷӯҳ ба торихи фавти он ду, нодурустии ин назария равшан аст.

Вай устоди Қозӣ Зайнуддин Умар ибни Саҳлони Соваҷӣ, соҳиби китоби “Албасоирун-насирия” аст. Илоқӣ дар соли 536 даргузаштааст.

2) Абулбаракот Ҳибатуллоҳ ибни Алӣ (ё Яъло) ибни Маликои Бағдодӣ. Яҳудӣ буд ва мусалмон шуд. Дар иллати исломаш ихтилоф аст. Мо қаблан шогирдии ӯро назди Саъид ибни Ҳибатуллоҳ зикр кардем. Китоби маъруфи ӯ китоби “Алмӯътабар” аст ва воқеан аз китобҳои мӯътабари фалсафа аст. Абулбаракот файласуфе соҳибназар аст. Фалосифае монанди Садрулмутаалиҳин ба китоби ӯ назар доранд. Вай мухолифи Ибни Сино будааст. Силсилаи асотидаш мустақиман ба Форобӣ мерасад, зеро вай шогирди Саъид ибни Ҳибатуллоҳ ва ӯ шогирди Абулфазли Катифот ва Абдони Котиб ва онҳо шогирдони Абулфараҷ ибни ат-Тайиб ва ӯ шогирди Абулхайр Ҳасан ибни Савор ва ӯ шогирди Яҳё ибни Адийи мантиқӣ ва ӯ шогирди Абӯнасри Форобӣ будааст. Ғолибан оҳоди силсилаи асотидаш ғайримусалмонанд. Гӯянд, ҳангоме ки ба Ҳаким Умари Хайём гуфта шуд, ки Абулбаракоти Бағдодӣ Ибни Синоро рад мекунад, гуфт: “Ӯ суханони Ибни Синоро намефаҳмад, то чӣ расад ба ин ки рад кунад.”

Ӯ устоди падари Абдуллатифи Бағдодӣ (шойеъасози маъруфи сӯхтани китобхонаи Искандария ба василаи мусалмонон) ва Ибни ал-Фазлон ва Ибни ад-Даҳҳони мунаҷҷим ва Муҳаззибуддини Наққош будааст ва дар охири умр кӯр шуда буд ва ба ин шогирдон имло мекард.

3) Муҳаммад ибни Абитоҳири Табасии Марвазӣ. Шогирди Лукарӣ буда. Модараш аҳли Хоразм ва падараш аз ҳукмронони бахшҳои Марв маҳсуб мешудааст. Дар соли 539 пас аз бемории фалаҷ дар Сарахс даргузаштааст

4) Афзалуддини Ғайлонӣ Умар ибни Ғайлон. Аз шогирдони Лукарӣ аст. Торихи саҳеҳе аз ӯ дар даст нест. Ин қадр маълум аст, ки шогирди Лукарӣ ва устоди Садруддини Сарахсӣ аст. Бино бар нақли Маҳмуд Муҳаммад Хузайрӣ, Имом Фахруддини Розӣ (вафотёфтаи 606) дар “Алмуҳассал” аз ӯ ёд карда ва бар ӯ раҳмат фиристодааст. Мегӯянд, афкораш мухолифи Ибни Сино будааст. Рисолае дар ҳудуси олам навишта ва дар соли 523 дар низомияи Марв ба таҳсил иштиғол доштааст.

5) Абӯбакр Муҳаммад ибни Яҳё ибни ас-Соиғи Андалусӣ маъруф ба Ибни Боҷа. Аз бузургони фалосифа ба шумор рафтааст. Китобҳои зиёд таълиф кардааст. Ахиран рисолаи “Нафс”-и ӯ ба кӯшиши дуктур Муҳаммад Сафир Ҳасани Маъсумӣ, устоди Донишгоҳи Доко (Покистони шарқӣ) чоп шудааст. Дар соли 533 даргузаштааст. Вай устоди Ибни Рушд, файласуфи маъруфи андалусӣ будааст.

6) Абулҳаками Мағрибии Андалусӣ. Ҳам шоир аст ва ҳам ҳаким ва ҳам табиб, вале руҳи шеър бештар бар ӯ ҳоким буд. Ба ҳазл бештар таваҷҷӯҳ дошта то ба ҷидд. Аслан араби боҳилӣ аст ва аз Мағриб ба билоди Машриқ омад ва дар ҳудуди Миср ва Шом бизист ва дар соли 549 даргузашт. Вай устоди Ибни ас-Салоҳ аст, ки устоди устоди Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ аст.

* * *

Табақаи даҳум

1) Садруддин Абӯалӣ Муҳаммад ибни Алӣ ибни ал-Ҳорисон ас-Сарахсӣ. Вай шогирди Афзалуддини Ғайлонӣ ва устоди Фаридуддини Домод ва устоди устоди Хоҷа Насируддини Тӯcӣ будааст. Иттилои саҳеҳе аз ӯ дар даст нест. Дар тарҷумаи “Татиммату савонил-ҳикма” мухтасар аз ӯ ёд шудааст. Маҳмуд Муҳаммад Хузайрӣ аз соҳиби “Харидатул-қаср” нақл мекунад, ки вай китобҳои зиёде дар фалсафа ва масоҳат ва ҳисоб таълиф карда ва муддате дар Бағдод муқим буда ва бо Абӯмансури Ҷаволиқӣ (вафотёфта дар 539) мулоқот дошта ва ба Сарахс бозгашта ва дар соли 545 (шояд дар ҷавонӣ) фавт кардааст.

2) Абӯбакр Муҳаммад ибни Абдулмалик ибни Туфайли Андалусӣ. Аз ҳукамои маъруфи Андалус аст. Эҳтимолан шогирди Ибни ас-Соиғ будааст. Шӯҳрати бештари ӯ шояд ба воситаи китоби маъруфи “Ҳай ибни Яқзон” аст, ки аз рисолаи “Ҳай ибни Яқзон”-и Ибни Сино тақлид шуда, вале аз он ҷомеътар ва комилтар аст. Ин китоб дар Эрон ба василаи марҳум Бадеъуззамони Фурӯзонфар тарҷума шуд ва бунгоҳи “Тарҷума ва нашри китоб” чопу мунташир кард. Вай умри тавил карда ва дар соли 581 даргузаштааст.

3) Қозӣ Абулвалид Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Рушди Андалусӣ. Ҳам файласуф аст ва ҳам пизишк ва ҳам фақеҳ. Дар ҳамаи ин риштаҳо китобҳои мутаъаддид дорад. Китоби маъруфи ӯ шарҳест, ки бар “Мобаъдуттабиа”-и Арасту навишта ва чоп шудааст. Китоби фиқҳии маъруфаш “Бидоятул-муҷтаҳид” аст, ки чоп шуда. Маҷмӯаи расоили фалсафии вайро дар Бомбаӣ чоп кардаанд. Урупоиён барои ӯ дар фалсафа мақоме дар ҳадди Ибни Сино қоиланд, вале орои ӯ дар миёни фалосифаи исломӣ арзиш надорад.

Яке аз китобҳои маъруфи ӯ “Таҳофутут-таҳофут” аст, ки “Таҳофутул-фалосифа”-и Ғаззолиро рад кардааст. Китоби беарзишест. Вай фавқулъода нисбат ба Арасту мутаъассиб аст ва ба ҳамин ҷиҳат бо Ибни Сино, ки чунин таъаббуде дар баробари Арасту надорад ва орои шахси худро дахолат додааст мухолиф аст. Эрнест Ренон, файласуфи маъруфи фаронсавӣ, ки муъоризоташ бо марҳум Сайидҷамолуддини Асадободӣ маъруф аст, корҳои зиёде дар заминаи шинохти Ибни Рушд анҷом додааст. Вай дар соли 595 даргузаштааст.

4) Маҷдуддини Ҷилӣ. Дар бораи ин мард иттилои зиёде надорем. Ҳамин қадр медонем, ки дар Мароға тадрис мекарда ва Имом Фахри Розӣ назди ӯ таҳсил кардааст ва ҳамчунин Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ низ дар оғози таҳсилаш аз маҳзари ӯ дар Мароға истифода кардааст. Зоҳиран ҳам ҳаким буда ва ҳам мутакаллим ва ҳам фақеҳ ва усулӣ. Ёқут дар “Муъҷамул-удабо” зимни шарҳи Сӯҳравардӣ, ӯро бо ановини фақеҳ, усулӣ, мутакаллим меситояд.

5) Қозӣ Зайнуддин Умар ибни Саҳлони Соваҷӣ, маъруф ба Ибни Саҳлон. Дар Сова ба дунё омада ва дар Нишопур мезиста ва аз касби дасти худ аз роҳи истинсохи китобҳо зиндагӣ мекардааст. Ба таъбири тарҷумаи “Савонил-ҳикма”: “Шариат ва ҳикматро дар ақде воҳид низом дод.” Вай шогирди Шарафуддини Илоқии собиқуззикр аст ва гӯянд, шарҳе бар “Рисолатут-тайр”-и Бӯалӣ ба форсӣ навиштааст. Китоби маъруфи ӯ “Албасоирун-насирия” аст, ки қисмати мантиқи он дар Миср чоп шуда ва аз беҳтарини китобҳои мантиқ аст. Мутобиқи он чӣ дар “Татиммату савонил-ҳикма” омадааст, ҳамаи китобҳои ӯ ҷуз китоби “Албасоирун-насирия” дар як ҳариқ аз байн рафт. Ибни Саҳлон аз касонест, ки номи зиндае дар фалсафа дорад. Аҳёнан бархе ороаш нақл мешавад. Торихи вафоташро намедонем.

6) Абулфатуҳ Наҷмуддин Аҳмад ибни Муҳаммад ас-Сиррӣ, маъруф ба Ибни ас-Салоҳ. Баъзе гуфтаанд, ҳамадониюласл аст ва баъзе гуфтаанд, ироқӣ ва аҳли Сумайсот (наздики Фурот дар ҳудуди Ҳалвон) будааст. Ба Бағдод муҳоҷират карда ва назди Абулҳаками Мағрибии собиқуззикр таҳсил карда ва дар соли 548 (яъне як сол пеш аз устоди худ) даргузаштааст. Торихи вилодати ӯро намедонем. Шояд ҳам битавон ӯро аз табақаи нӯҳум ба шумор овард. Абулҳаками Мағрибӣ, ки собиқаи устодии ӯро дошт, ба афзалияти ӯ бар худ эътироф дошт. Гӯянд, “Шифо”-и Бӯалӣ ва “Алфавзул-асғар”-и Ибни Мискавайҳро шарҳ кардааст.

7) Муҳаммад ибни Абдуссаломи Ансории Моридӣ (Моридинӣ). Дар замони хеш дар улуми ҳикамӣ ягона ва алломаи вақт ба шумор меомадааст. Зодгоҳаш минтақаи Қудс ва Фаластин аст ва падаронаш низ дар онҷо мезистаанд. Зоҳиран ҷадди аълояш аз ансори Мадина будааст. Устоди фалсафаи ӯ Ибни ас-Салоҳи собиқуззикр аст ва қасидаи “Айния”-и маъруфи Бӯалиро шарҳ кардааст, ва бино бар гуфтаи Ибни Қифтӣ, Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ миқдоре фалсафа назди ӯ омӯхтааст. Моридинӣ марде фавқулъода муташарреъ ва мутаъаббид будааст. Дар соли 594 бо оромиш ва итминони руҳонӣ ва мазҳабии хоссе дар синни 82-солагӣ ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: