Ифрот ва тафрит: ду вежагии боризи нодон

Ҳазрати Алӣ (алайҳис салом) фармояд:

لَا تَرَى الْجَاهِلَ إِلَّا مُفْرِطاً أَوْ مُفَرِّطاً

Шахси нодон ҳамвора яке аз ин ду ҳолатро дорад: ё ифрот (тундравӣ) мекунад ва ё тафрит (кундравӣ).”

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати 70)

* * *

Шарҳи ин ҳикмат:

Инсони оқил ҳамеша бояд мӯътадил бошад, на ифрот кунад ва на тафрит. “Ифрот” дар форсӣ ба маънои “зиёдаравӣ” аст ва “тафрит” ба маънои “кӯтоҳӣ” ва “саҳлангорӣ”. Ифроту тафрит дар ҳар ҳавзае аз ҳавзаҳои ҳаёт, ҳам аз дидгоҳи ақл мазмум ва нописанд аст ва ҳам аз назари шаръ. Уламои ахлоқ мегӯянд:

Авсофи ҳамида ҳукми васатро доранд ва инҳироф аз онҳо ба тарафи ифрот ё тафрит мазмум аст ва аз ахлоқи разила. Пас дар муқобили ҳар ҷинсе аз сифоти фозила, ду ҷинс аз авсофи разила мутаҳаққақ хоҳад буд. Чун донистӣ, ки аҷнос ва сарфазоил чаҳоранд (ҳикмат, шуҷоат, иффат ва адолат), пас аҷноси разоил ҳашт то хоҳанд буд…

(Ду то дар муқобили “ҳикмат” ҳастанд:) яке “ҷарбуза”, ки кор фармудани фикр аст дар зоид аз он чи сазовор аст, ва ин дар тарафи ифрот аст. Дигаре “балоҳат” ва он муъаттал будани қувваи фикрия ва кор нафармудани он дар қадри зарурат ё камтар аз он аст, ва ин дар тарафи тафрит…

Ду то дар муқобили “шуҷоат” ҳастанд: яке “таҳаввур”, ки он, рӯ овардан ба умурест, ки ақл ҳукм ба дурӣ аз онҳо менамояд, ва ин дар тарафи ифрот аст. Дигаре “ҷубн”, ва он, рӯ гардондан аз чизҳоест, ки набояд аз онҳо рӯ гардонид, ва он дар ҷониби тафрит.

Ду то дар баробари “иффат” ҳастанд: яке “шараҳ”, ки иборат аз ғарқ шудан дар лаззатҳои ҷисмия аст бидуни мулоҳизаи ҳусни он дар шариати муқаддаса ё ба ҳукми ақл, ва ин ифрот аст. Дигаре “хумуд” ва он, мирондани қувваи шаҳавия аст ба қадре, ки тарк кунад он чиро, ки аз барои ҳифзи бадан ё бақои насл зарурист, ва ин тафрит аст.

Ду то дар изои “адолат” ҳастанд: яке “зулм”, ки тасарруф кардан дар ҳуқуқи мардум ва амволи онҳост бидуни ҳаққе, ва ин ифрот аст. Дигаре “тамкини золимро аз зулм барои худи он шахс бар сабили хорӣ ва мазаллат бо вуҷуди қудрат бар дафъи он”. (Меъроҷ‒ус‒саода, саҳ.19 ва 20)

Дар ҳар ҳавзае чунин аст ва аз ҷумла дар маҷоли дин ва диндорӣ. Ояте ҳаст дар Қуръони Карим, ки дар он Худованди Мутаол уммати исломиро, “уммати васат” мехонад ва мефармояд:

وَكَذَلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِّتَكُونُواْ شُهَدَاء عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا

Ин чунин шуморо “уммати васат” қарор додем то бар мардумон гувоҳ бошед ва Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад…” (Сураи Бақара, ояти 143)

Реклама


Рубрики:Ахлоқи зишт, Наҳҷул-балоға

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: