Мубориза бо фарҳанги бегона ё фарҳанги худӣ?

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

«Мубориза бо фарҳанги бегона».

Муддатест ҳукумати Тоҷикистон ин шиорро дастури кори худ қарор додааст.

Албатта ин шиор дар ҳадди худ бисёр шиори хубест агар огоҳона ва содиқона бошад.

Фарҳанг шомили забон, ҳунар, ахлоқу одоб, расму русум, урфу одатҳо, дину ойину боварҳо ва хулоса шомили ҳар чизе, ки як фард дар ҷомеа бо он зиндагӣ мекунад мешавад. Ба иборати дигар, фарҳанг ҳамон чизест, ки ҳувияти фардӣ ва иҷтимоии як ҷомеаро шакл медиҳад.

Бо ин ҳисоб, мубориза бо фарҳанги бегона ва посдорӣ аз фарҳанги худӣ, беҳтарин хидмат ба миллат мебошад, зеро фарҳанги бегона дар воқеъ ҳувияти миллии як ҷомеаро таҳдид мекунад.

Ҳоло бояд дид, ки ҳукумати Тоҷикистон таҳти шиори “мубориза бо фарҳанги бегона“ бо чӣ чиз дорад мубориза мекунад?

Оё воқеан ҳукумат дар ин масир огоҳона ва содиқона қадам бармедорад?

Вақте ба татбиқи ин шиор тавассути ҳукумат нигоҳ мекунед, воқеан ҳам ба огоҳона будан ва ҳам ба содиқона будани он шак мекунед. Зеро ҳар он чӣ то имрӯз таҳти ин шиор бо он мубориза сурат гирифтааст, ҳамагӣ аз боризтарин намунаҳои фарҳанги худӣ ва ҳувияти миллӣ будааст.

Таҳти ин шиор, бо ному насаби мардум, бо пӯшиши бонувон, бо урфу одатҳо ва расму ойини гуногуни мардум дар ҷашну сур ва сӯгу азои онҳо мубориза анҷом гирифта истодааст.

Хуб агар ному насаб, тарзи пӯшиш, урфу одат ва расму ойини мардумӣ фарҳанги бегона бошад, пас фарҳанги худӣ чист? Агар номи мардум, пӯшиши мардум, урфу одат ва расму ойини мардум бахше аз ҳувияти миллӣ набошад, бо чӣ чиз ҳувияти миллиро бишносем?

Бинобар ин, имрӯз ҳукумат, на бо фарҳанги бегона, балки баръакс бо фарҳанги худӣ ва ҳувияти миллӣ дорад мубориза мебарад.



Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: