Фалсафа ва равиши реализм (113)

Зарурат ва имкон (15)

Ҷабру ихтиёр (2)

Мо бояд дар инҷо ба ду қисмат бипардозем: яке ин ки нафйи зарурати иллӣ ва маълулӣ мулозим бо озодӣ ва ихтиёр нест, балки мунофӣ бо он аст. Ва дигар ин ки зарурати иллӣ ва маълулии афъоли инсон мунофӣ бо ихтиёр нест, балки таъйидкунанда ва таъкидкунандаи он аст.

Инак, қисмати аввал:

Фаразан афъоли инсон ё мабодии афъоли инсон (масалан ирода)-ро дорои зарурати иллӣ ва маълулӣ надонем, яъне барои ин умур иллати томмае, ки нисбати он иллати томма ва ин умур “зарурат” бошад қоил нашавем, ночор бояд пайдоиши ин умур ва адами пайдоиши онҳоро бо “судфа” тавҷеҳ кунем (хоҳ он, ки аслан ин умурро маълули иллат ва феъли фоъиле надонем ва хоҳ он, ки барои ин умур маншаи истиноде қоил бишавем, вале тараттуби вуҷуд ва адами ин умурро бар вуҷуд ва адами он маншаи истинод ғайризарурӣ бидонем, зеро чунонки дар муқаддимаи ин мақола дидем, нафйи зарурати иллӣ ва маълулӣ мулозим бо фарзи судфа ва газоф ва иттифоқ аст.) Ва дар ин сурат инсон дар ҳар ҳолате ва ҳар оне ва таҳти ҳар шароите, интизори ҳар гуна ҳаракат ва амале аз худ метавонад дошта бошад ва дар ҳар ҳолате ва ҳар оне ва таҳти ҳар шароите аз вуқӯи ҳеч гуна амале аз худ наметавонад мутмаин бошад. Зеро агар бино бишавад мо барои афъоли инсон иллатҳои томмае, ки нисбати он афъол бо он иллатҳои томма “зарурат” бошад ва вуҷуд ва адами он афъол сирфан вобаста ба вуҷуд ва адами он иллатҳои томма бошад қоил нашавем, бояд зимоми он феълро сирфан ба дасти тасодуф бисупорем ва мӯътақид шавем худи инсон ба ҳеч наҳв дахолате дар он феъл наметавонад дошта бошад. Ҷойи тардид нест, ки ин фарз мулозим бо маҳдудият ва салби қудрат ва ихтиёр ва озодии инсон аст. Ва асосан бо ин фарз, озодӣ маъно надорад, балки дар ин фарз асосан наметавон ин феълро феъли инсони ба хусус, балки феъли ҳеч фоъиле донист.

Пас, касоне, ки хостаанд аз роҳи инкори куллии қонуни иллияти умумӣ ё инкори куллии қонуни зарурати иллӣ ва маълулӣ ё аз роҳи истиснои яке аз ин ду қонун дар мавриди афъоли инсон ё ирода ва ихтиёри инсон, аз ҷабр фирор кунанд ва ба ихтиёр бирасанд, роҳи беҳудае рафтаанд. Оре, паймудани ин роҳҳо (ба фарзи сиҳҳат) мӯҷиб мешавад, ки инсонро иҷборшуда аз тарафи як иллати хориҷӣ надонем, вале аз тарафи дигар ба сурати дигаре — яъне ба сурати судфа ва газоф ва иттифоқ — озодӣ ва ихтиёрро аз инсон салб кардаем ва маҳдудияти аҷибе барояш қоил шудаем. Иштибоҳи ин сафф донишмандон ҳам ҳамин ҷост. Яъне ин донишмандон ҳамин қадр дидаанд, ки бо фарзи инкори зарурати иллӣ ва маълулӣ аз чанги эътиқод ба иҷбори инсон дар муқобили иллатҳои табиӣ ё мофавқуттабиӣ раҳоӣ меёбанд, аммо таваҷҷӯҳ накардаанд, ки фарзияи онҳо мӯҷиб мешавад, ки аз роҳи дигар аз инсон салби озодӣ ва ихтиёр бишавад ва зимоми умур ба дасти тасодуфи кӯру кар ва беҳисоб биафтад.

Аммо қисмат дуввум:

Зарурати афъол ва ҳаракоти инсон дар низоми ҳастӣ, мунофӣ бо ихтиёр ва озодии инсон нест, зеро ҳар маълуле, ки зарурат пайдо мекунад, ба воситаи иллати томмааш зарурат пайдо мекунад; афъоли инсон низ бо пайдоиши иллатҳои томмаи онҳо зарурат пайдо мекунанд. Иллати томмаи феъли инсон мураккаб аст аз маҷмӯи ғароиз ва тамоюлот ва авотиф ва савобиқи зеҳнӣ ва қувваи ақл ва санҷиш ва мувозина ва маоландешӣ ва қудрати азму ирода. Яъне, ҳар феъле, ки аз инсон содир мешавад, бояд матлуберо барои инсон дарбар дошта бошад, яъне бояд бо яке (лоақал) аз тамоюлот ва ғароизи инсон вифқ бидиҳад. Аз ин рӯ, анҷоми ҳар феълеро, ки инсон тасаввур мекунад, агар ҳеч матлуберо дарбар надошта бошад ва ҳеч як аз ғароиз ва тамоюлотро ирзо накунад ва ба истилоҳи ҳукамо, нафс фоидаашро тасдиқ ва имзо накунад, имкон надорад, ки қувваҳои фаъолаи инсон ба сӯи он амал равона шавад. Пас аз он ки тавофуқи он бо баъзе аз тамоюлот мӯҳраз шуд ва фоидааш имзо шуд, ҷамиъи савобиқ ва иттилооти зеҳнии инсон мудохила мекунад ва сипас қувваи санҷиш ва муқоиса ва мувозина ва билохира қувваи оқилаи инсон ҷамиъи ҷавонибро то ҳадди имкон дар назар мегирад ва маоландешӣ мекунад, агар аҳёнан он кор дар айни мувофиқат ва ирзои бархе аз тамоюлот, аз ҷанбаҳои дигаре зарарҳоеро дарбар дошт — мисли он ки дар айни лаззат ва хушии ҳозир, алам ва нохуширо билмаол ҳамроҳ дошта бошад ё он ки дар айни мувофиқат бо баъзе аз ғароизи донӣ ғароизи олитарро норозӣ созад — дар ин сурат ирода дар муқобили тамоюли таҳрикшуда муқовимат мекунад ва онро ба ақиб меронад. Ва агар аз ин лиҳозҳо ба мавонеъе барнахӯрад ва ё он ки он мавонеъ дар муқобили фавоиде, ки аз феъл ҳосил мешавад кучактар бошад, ҳолати азму ирода пайдо мешавад ва феъл сурати вуқӯъ пайдо мекунад. Яъне дар яке аз ин ду сурат, инсон пас аз муқоиса ва санҷиш ва мувозинаи фавоид ва мазорр, ҷониби таркро тарҷеҳ медиҳад, ва дар сурати дигар ҷониби феълро, ва дар ҳар ду сурат он чизе, ки ба феъл вуҷуд медиҳад ва зарурат мебахшад, ҳамоно тарҷеҳ ва интихоб ва иродаи худи инсон аст. Пас, дуруст аст, ки ҳар феъле аз афъоли инсон агар муҳаққақ шуд, тибқи зарурат таҳаққуқ пайдо мекунад, ва агар тарк шуд, тибқи зарурат тарк мешавад, вале он иллате, ки ба таҳаққуқи он феъл ё тарки он феъл зарурат дода ҳамоно ирода ва ихтиёр ва интихоби худи инсон аст, на чизи дигар. Ва маънои ин зарурат дар инҷо ин аст, ки афъоли инсон ба ихтиёр зарурат пайдо мекунад, ва ин зарурат мунофӣ бо ихтиёр нест, балки таъйидкунанда ва таъкидкунандаи он аст.

Ин ки мегӯем “бархе афъоли инсон заруриюлвуҷуд аст ва бархе заруриюладам”, набояд мӯҷиби иштибоҳ бишавад ва ин тасаввурро пеш оварад, ки афъоли инсон ба ҳеч наҳв муттасиф ба “имкон” намешавад, яъне дар бораи ҳеч феъле аз афъол намешавад гуфт, ки “мумкин аст бишавад ва мумкин аст нашавад”. Зеро ин ки мегӯем “бархе шуданӣ аст” яъне бо фарзи таҳаққуқи ҷамиъи шароит ва аҷзои иллатҳо шуданист, ва онро, ки мегӯем “нашуданӣ аст” яъне бо фарзи адами иҷтимоъи шароит ва муқаддимот нашуданист, вагарна ҳар феъле дар зоти худ мумкин аст бишавад ва мумкин аст нашавад, ва ҳамчунин ҳар феъле бо дар назар гирифтани баъзе аз шароит ва муқаддимоти вуҷудиаш (на ҳамаи онҳо) боз мумкин аст бишавад ва мумкин аст нашавад. Масалан, агар феълро сирфан бо зоти инсон дар назар бигирем ва ирода ва илм ва ихтиёри инсонро дар назар нагирем, он феъл мумкин аст аз инсон содир бишавад ва мумкин аст содир нашавад, вале агар феълро бо инсоне дар назар бигирем, ки илм ва ирода ва ихтиёри вай низ ба феъл таъаллуқ гирифта, албатта дар ин сурат нисбати феъл ба инсон, зарурат аст на имкон.

Барои ин ки маънои ихтиёрӣ будани афъоли инсон беҳтар фаҳм шавад, беҳтар ин аст, ки муқоисае байни тарзи фаъолиятҳои инсонӣ ва тарзи фаъолиятҳои ҷамодӣ ва наботӣ ва ҳайвонӣ воқеъ шавад.

Аз мушаххасоти фаъолиятҳои ҷамодӣ ин аст, ки ҳамвора бар “наҳҷи воҳид” аст ва маҳдуд ва якнавохт аст. Ҳар ҷисми ҷомиде — аз кучактарин зарра гирифта то бузургтарин манзумаҳо — ҳар хоссияте, ки дорад онро ба наҳҷи воҳид ва ба таври якнавохт анҷом медиҳад.

Ҷисми ҷомид ба худии худ қудрати инҳироф аз масире, ки пеш гирифтааст надорад, магар он ки авомили хориҷӣ дахолат кунад ва масири онро тағйир диҳад ё он ки он авомили хориҷӣ дар вазъи дохилии он ҷисми ҷомид тағйироте эҷод намояд, ки мӯҷиби ихтилофе дар асар ва хоссият ва тарзи фаъолияти он ҷисми ҷомид гардад.

Аммо ҳангоме, ки фаъолиятҳои наботиро мутолеа мекунем, ихтилофот байни навъи фаъолиятҳои наботӣ ва фаъолиятҳои ҷамодӣ мулоҳиза мекунем ва аз он ҷумла ин ки он маҳдудият ва якнавохтӣ ва бар наҳҷи воҳид будан ба он сурат, ки дар ҷамодот машҳуд аст, дар наботот нест, зеро хоссияте дар набот ҳаст, ки дар бархе маворид метавонад маҷрои амали худро ба манзури ҳифзи бақои худ тағйир диҳад ва ҳатто агар авомили муҳити хориҷ номусоид бошад, то ҳадде метавонад дар вазъи таҷҳизоти сохтмони дохилии худ тағйироти мутаносиб бо идомаи бақо дар он муҳит эҷод намояд. Гиёҳҳо дорои хоссияти “интибоқ бо муҳит” ҳастанд ва ин хоссият мусталзими қудрати тағйири масир ва маҷрои амал аст. Решаи гиёҳ, ки дар зери замин медавад, агар ба наздики санге бирасад, ба худии худ, яъне таҳти таъсири авомили дохилии худ, масири худро тағйир медиҳад. Бӯтаи кадуе, ки ба тадриҷ бузург мешавад ва бар рӯи замин ҳаракат мекунад, ҳамин ки ба наздики деворе бирасад, ҷиҳати сайри худро иваз мекунад ва мутаваҷҷеҳи боло мешавад, ва ҳамин тавр… Пас, маълум мешавад он якнавохтӣ ва маҳдудияти амал, ки дар ҷамод ҳаст, дар набот нест ва филҷумла майдони амале барои набот ҳаст, ки барои ҷамод нест. Албатта возеҳ аст, ки набот ба воситаи партави заъифе аз ҳаёт, ки ба вай расида қудрати татбиқ бо муҳит пайдо карда ва метавонад бар моддаи беҷон султа ба харҷ диҳад ва онро тобеъи худ кунад ва ба манзури ҳифзи ҳаёт ва идомаи ҳаёт тасарруфоти мутаносибе дар модда намояд.

Ҳамин ки фаъолиятҳои ҳайвониро мавриди мутолеа қарор медиҳем, мебинем фаъолиятҳои махсуси ҳайвонӣ яъне фаъолиятҳои иродии ҳайвон ба ҳеч наҳв он маҳдудият ва якнавохтӣ ва бар наҳҷи воҳид буданро надорад. Ҳайвон дар ҳаракоти иродии хеш аз қабили об ошомидан ва ғизо хӯрдан ва роҳ рафтан ва ғайра, ҳеч гуна маҳдудияте надорад, зеро аз тарафе ин ҳаракот ва фаъолиятҳо вобаста аст ба иродаи ҳайвон на чизи дигар, ва аз тарафи дигар якнавохт ва бар наҳҷи воҳид нест. Ҳайвон қодир аст дар ҳоле, ки рӯ ба нуқтае ҳаракат мекунад ҳамон лаҳза ирода кунад ва дуруст ба ҷиҳати мухолифи ҳаракати аввалии худ ҳаракат кунад; қодир аст ҳаракати даваронӣ кунад, яъне лаҳза ба лаҳза тағйири масир ва ҷиҳат бидиҳад. Аз маҳдудият ва якнавохтии фаъолияти ҷамодот ба ҳеч наҳв дар ҳайвон мушоҳида намешавад. Агар як ҷисми ҷомид бихоҳад ҳаракоти мухталифе бикунад (монанди як дастгоҳи мошин) ҳатман лозим аст нерӯҳои хориҷӣ ӯро идора кунад, вале ҳайвон сирфан бо истифода аз нерӯи дохилӣ, яъне нерӯи эҳсос ва ирода, ҳазор ҷур ҳаракат ва асари мухталиф метавонад аз худ нишон бидиҳад.

Як кабӯтар метавонад ба майли худ пушти сар якдигар чандин муъаллақ бизанад. Бинобар ин, ҳайвон беш аз набот қодир аст маҷрои амали худро тағйир диҳад ва майдони амали васеътаре барои ҳайвон боз аст. Ва бадеҳист, ки ба ҳар андоза маҳдудияти амал аз байн биравад ва майдони васеътаре пайдо шавад, озодии бештаре пайдо мешавад. Нисбати ҳайвон бо ҳаракат ба ин сӯ ва ҳаракат ба он сӯ мутасовист ва ҳар ду тараф барояш имкон дорад ва ин ихтиёри ҳайвон яъне майлу иродаи ҳайвон аст, ки аз озодии масир истифода мекунад ва як сӯро интихоб мекунад.

Як қадам болотар, олами фаъолияти инсонро мавриди мутолеа қарор медиҳем. Дар инҷо озодиро ба ҳадди аъло, ки мумкин аст фарз шавад, мушоҳида мекунем. Ҳайвон ҳарчанд дар ҳаракоти махсуси ҳайвонии хеш озод аст ва табиат масири муайян ва хатти сайри муайян барои ҳайвон муайян накардааст ва майдони амали васеъе ба ҳайвон додааст: ҳайвон бо анвоъи мухталифи ҳаракот нисбати мутасовӣ дорад ва фақат ирода ва ихтиёри худи ҳайвон аст, ки масирро таъйин ва мушаххас мекунад. Вале як чиз ҳаст ва он ин ки ирода ва ихтиёри ҳайвон маҳдуд аст ба итоат аз тамоюлот ва ғароизи ҳайвон, ва ҳар чӣ мавриди тасвиб ва мувофиқати ғароиз ва тамоюлоти ҳайвон воқеъ шавад, иродаи ҳайвон бедиранг амалӣ мекунад. Ирода дар вуҷуди ҳайвон ва инсон бештар шабеҳ аст ба қувваи муҷрия, ва ин қувваи муҷрия дар вуҷуди ҳайвон тобеъи фармони билошарт ва мустабиддонаи ғароиз ва тамоюлот аст ва дар ҳақиқат, кишвари вуҷуди ҳайвон дар айни истиқлол ва озодӣ ва худмухторӣ, зимоми ихтиёри ин кишвар дар дасти як силсила тамоюлот ва ғароиз аст ва таҳти ҳидоят ва раҳбарии он тамоюлот ва нерӯи иҷрои қувваи муҷрия аст, ки муносибот ва равобити ин кишвар бо хориҷ риоят мешавад ва мубодилоте сурат мегирад ва дастгоҳи вуҷуди ҳайвон идора мешавад. Дар дастгоҳи вуҷуди ҳайвон ба сирфи ин ки тасаввури матлубе, ки мувофиқ бо яке аз тамоюлот аст падид омад ва мувофиқати вай бо яке аз ғароиз ва тамоюлот равшан шуд, бедиранг ба ҳукми он тамоюл, нерӯи ирода дар садади иҷро бармеояд ва иҷро мекунад, магар он ки як монеи хориҷӣ пайдо шавад ва монеи иҷро гардад. Пас ҳайвон дар айни ин ки дар ҳаракоти хеш озод ва мухтор аст ва табиат ба вай майдон дода ва масири муайянеро барои вай таъйин накардааст ва таъйини масирро ба иродаи худи ҳайвон вогузор кардааст, ин таъйини иродӣ ва ихтиёрӣ ва интихобии ҳайвон ҳамвора бо ишораи ғариза сурат мегирад ва беш аз ин ҳайвон озодӣ надорад.

Вале дар инсон ин маҳдудият низ аз байн рафтааст. Инсон, илова бар он ки аз лиҳози танаввӯъ ва такомули ғароиз ва тамоюлот ғанитар аст аз ҳайвон — яъне тамоюлоти дарунии инсон мунҳасир ба тамоюли ҷалби ғизо ва об ва тамоюли ҷинсӣ ва чанд тамоюли маҳдуди дигар нест, балке чандин тамоюли олии билихтисос дар инсон вуҷуд дорад, ки дар ҳайвон нест аз қабили тамоюлоти зебоӣ ва тамоюлоти ахлоқӣ ва тамоюли ҳақиқатҷӯӣ — ҳукумати мустабиддона ва билошарти ғароиз низ дар инсон вуҷуд надорад, зеро як ихтилофи фоҳиш байни тарзи фаъолияти инсон ва фаъолияти ҳайвон мавҷуд аст, ки мӯҷиб шуда ҳукумати мустабиддона ва билошарти тамоюлот ва ғароиз аз байн биравад ва ҳукумати машрут ва мақрун ба озодӣ рӯи кор биёяд. Ин ихтилофи фоҳиш рӯи ин ҷиҳат аст, ки навъи фаъолияти ҳайвон “илтизозӣ” аст ва навъи фаъолияти инсон “тадбирӣ”.

Дар поварақиҳои ҷилди дуввуми ин китоб фарқ байни фаъолияти илтизозӣ ва тадбириро баён кардем ва бар сабили эҳтимол гуфтем, ки ҳарчанд ҳанӯз кунҳи фаъолиятҳои ғаризии ҳайвон кашф нашуда, вале бо қурби эҳтимол ҳатто аҷибтарин аъмоли дақиқи ғаризии ҳайвонот — аз қабили аъмоли мӯрчагон ва занбӯри асал — аз навъи фаъолияти илтизозист, на фаъолияти тадбирӣ.

Фаъолияти тадбирии инсон ба ин наҳв аст, ки сирфи мавриди мувофиқат қарор гирифтани як амале бо баъзе тамоюлот, кофӣ нест барои ин ки қувваи ирода дар садади иҷро барояд ва инсонро водор ба амал кунад, балки баъд аз ин ки тасаввури матлубе, ки мувофиқат бо яке аз тамоюлот дорад пеш омад, инсон рӯи истеъдоди махсуси худ ба санҷиш ва муқоиса ва маоландешӣ мепардозад ва савобиқи зеҳнии худро дахолат медиҳад ва қувваи пешбинии худро ба кор меандозад ва дар натиҷа ҷамиъи лавозим ва натоиҷи мантиқӣ, ки мумкин аст ин амал дарбар дошта бошад то ҳадди имкон дар назар мегирад ва анвоъ ва ақсоми фавоид ва мазорри мутасаввараи он шайъро месанҷад. Агар фавоиди он амал бар мазорраш чарбид, онро интихоб ва ихтиёр мекунад, ва агар мазорри он корро бештар ёфт — мисли он ки дар айни лаззат ва хушии ҳозир, алам ва нохушии бештареро билмаол ҳамроҳ дошт ё он ки дар айни мувофиқат бо ғароизи донӣ, бархе аз ғароизи олиро нороҳат ва мутаассир созад — дар ин сурат ирода дар муқобили тамоюли таҳрикшуда муқовимат мекунад ва онро ба ақиб меронад. Албатта ин нукта мавриди тасдиқ аст, ки миқёси муфид будан ва музир будан ҳамоно мувофиқат ва мухолифат бо ғароиз ва тамоюлоти мухталифи инсон аст, вале ҳидояти ғариза дар инсон оҷиз аст, ки хатти машйи инсонро дар ҳаёт муайян кунад, зеро таҳрики ғариза ва ҳидояти ғариза ҳамеша онист яъне ғариза ҳамвора инсон ё ҳайвонро ба сӯи лаззати ҳозир ва рафъи алами ҳозир раҳбарӣ мекунад. Хатти машйи инсон дар ҳаёт бояд ба василаи ҳидояти ақл ва илм ва қонун ва таклиф муайян шавад. Бо ҳидоят ва роҳнамоии ақл, инсон бар хилофи майли ғариза давои талх менӯшад, аз лаззат ва хушиҳои онӣ сарфи назар мекунад, ба хотири насияи зиёд ва бодавом аз нақди кам ва бедавом сарфи назар мекунад, аз манофеъи зиёд бо камоли майлу рағбате, ки дорад, ба хотири фазилати ахлоқӣ сарфи назар мекунад, ранҷи худ ва роҳати ёрон металабад, аҳёнан худро аз қайди итоати ғароизи донӣ ба куллӣ халос мекунад ва дар зери ин чархи кабуд аз ҳар чӣ ранги таъаллуқ пазирад, худро озод месозад.

Дар ҳукумати ғариза, муҳаррикоти ғаризӣ ҳайвонро ба тарафи амал бармеангезад ва бидуни он ки фурсате ба ҳайвон бидиҳад, иродаи ӯро мунбаъис ва ба амал сурати вуқӯъ мебахшад. Яъне ҳукумати ғариза ҳукумати мустабиддона ва билошарт барои ҷалби лаззот ва дафъи олом аст.

Аммо дар ҳукумати ақл ҳарчанд муҳаррикоти ғаризӣ инсонро ба тарафи амал бармеангезад, вале ин фурсат ва озодӣ барои инсон боқист, ки ба таъаммул ва тафаккур ва санҷиш ва муҳосиба бипардозад ва ҳосили ҷамъи масолеҳ ва мафосидеро, ки ин амал аз ҳар лиҳоз дарбар дорад, дар назар бигирад ва сипас ба тарҷеҳи ҷониби феъл ё тарк бипардозад. Яъне дар ҳукумати ақл истибдоди муҳаррикоти ғаризӣ аз байн рафта ва ҷойи онро ҳукумати аксарияти масолеҳ, ки мақрун ба санҷиш ва мувозина ва муҳосиба аст гирифта. Инсон ин озодии комилро дар партави мавҳибати нерӯи таъаққул ёфтааст ва ҳамин мавҳибат аст, ки вайро мустаъидди пазируфтан ва баҳраманд шудан аз ташреъ ва таклиф ва қонун ва ахлоқ намуда ва ба ӯ тавоноӣ додааст, ки бори амонатеро, ки осмонҳо натавонистанд кашид, ба дӯш бигирад.

Ҳукумати истибдодии ғароиз дар ҳайвон ҳамеша як роҳи муайян барои ҳайвон таъйин мекунад ва иродаи ҳайвон ҳайвонро дар он роҳ ба амал вомедорад. Вале ҳукумати ақл дар инсон ӯро дар сари дуроҳиҳо нигоҳ медорад ва ибтидо дар вай эҷоди тардид мекунад ва то тарҷеҳи як роҳ ба тасвиб нарасад, иҷозаи ҳаракат намедиҳад.

Шакку тардид пайдо кардан дар анҷоми коре, аз мухтассоти инсон аст ва инсон ин ихтисосро аз ноҳияи тарзи ҳукумати машрутаи ақл бозёфтааст.

Инсон метавонад дорои “шахсияти ахлоқӣ” бишавад. Инсон шахсияти ахлоқии худро мадюни ин ҷиҳат аст, ки тавоноӣ дорад дар баробари муҳаррикоти ғаризии ҳайвонӣ муқовимат нишон бидиҳад ва онҳоро ба ақиб биронад. Ин тавоноӣ аз онҷо пайдо мешавад, ки аз як тараф дар партави ғароизи олия метавонад ҳадафҳои олии маънавӣ аз қабили хайри ахлоқӣ ва камоли илмӣ ва қурб ба зоти Ҳақро дар назар бигирад ва аз тарафи дигар дар партави қувваи таъаққул метавонад аҳаммияти як ҳадаф ва мӯҷибот ва мавонеи расидани онро ба таври мантиқӣ таҳти муҳосиба дароварад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: