Шонздаҳ сифати мӯъмин

Имом Алӣ (алайҳис салом) дар сифати мӯъмин гӯяд:

الْمُؤْمِنُ بِشْرُهُ فِی وَجْهِهِ وَحُزْنُهُ فِی قَلْبِهِ أَوْسَعُ شَیْ‏ءٍ صَدْراً وَأَذَلُّ شَیْ‏ءٍ نَفْساً یَکْرَهُ الرِّفْعَهَ وَیَشْنَأُ السُّمْعَهَ طَوِیلٌ غَمُّهُ بَعِیدٌ هَمُّهُ کَثِیرٌ صَمْتُهُ مَشْغُولٌ وَقْتُهُ شَکُورٌ صَبُورٌ مَغْمُورٌ بِفِکْرَتِهِ ضَنِینٌ بِخَلَّتِهِ سَهْلُ الْخَلِیقَهِ لَیِّنُ الْعَرِیکَهِ نَفْسُهُ أَصْلَبُ مِنَ الصَّلْدِ وَهُوَ أَذَلُّ مِنَ الْعَبْدِ

Мӯъминро шодмонӣ дар чеҳра аст ва андӯҳ дар дил. Ҳавсалааш аз ҳама беш аст ва нафсаш (пеши худаш) аз ҳама хортар. Бартариҷӯиро хуш надорад ва аз худнамоӣ безор аст. Андӯҳаш бисёр ва ҳимматаш баланд ва хомӯшияш дароз ва вақташ машғул аст. Мӯъмин сабур ва шукргузор аст. Ҳамвора дар андеша аст ва дар изҳори ниёз худдорӣ кунад. Нармхӯй ва нармрафтор аст. Нафсаш аз сахра сахттар аст, дар айни ҳол, худро аз бардагон камтар мегирад.”

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати шумораи 333)

* * *

Шарҳи ин ҳикмат:

Имом Алӣ (а) дар ин ҳикмат, барои мӯъмин 16 сифатро ёд кардааст:

1) Шодияш дар чеҳра аст. (Ҳеч вақт табассум аз лабонаш канда намешавад, ҳарчанд дар сахттарин ҳолатҳо гирифтор омада бошад);

2) Ғамаш дар дил аст. (Яъне агар нороҳат аст, саъй мекунад дар дарунаш нигаҳ дорад ва бо изҳори он дигаронро нохурсанд насозад.)

3) Аз ҳар чиз бештар сиъаи садр дорад;

4) Нафсаш аз ҳар чиз хортар аст (ба хотири тавозӯъаш дар баробари Худо);

5) Аз бартариҷӯӣ ва гарданфарозӣ безор аст. (Чун ин сифат монанди худбинӣ ва худписандӣ решаи тамоми пастиҳост.)

6) Ғами тӯлони‏аш ба хотири нигариши мудовим бар марг ва пас аз марг аст, ки дар пеши рӯйи ӯст;

7) Волоҳиммати‏аш аз он рӯст, ки волоҳимматӣ ва дурӣ аз пастиҳои дунё ва таваҷҷӯҳ ба ҳадафи ниҳоӣ яъне саодати ҷовидонаи ухравӣ, аз вежагиҳои мӯъмин аст;

8) Хомӯшии бисёри ӯ ба хотири камоли ақлаш мебошад ва ҷуз ба миқдори ниёз ва барои гуфтани сухане, ки ҳикмат ва маслиҳат дорад, дам барнамеёварад;

9) Вақтҳои зиндагиашро ба ибодати Парвардигораш машғул аст;

10) Сипосгузор аст, яъне Худоро фаровон сипос мегӯяд;

11) Бурдбор аст, яъне дар баробари озмуни илоҳӣ сабур аст;

12) Дар андешаи малакути осмонҳо ва замин ва дарёфти оёти Худо ва бинише, ки аз онҳо касб мекунад, фурӯ рафтааст;

13) Вақте ки барои ӯ ҳоҷате пеш ояд, аз ин ки ҳоҷати хешро аз касе дархост кунад, худдорӣ ме‏варзад;

14) Нармхӯст, яъне дар табъи ӯ сахтгирӣ ва хушунат вуҷуд надорад;

15) Табъаш ром аст. (Киноя аз ин ки дар бархӯрд бо дигарон, нарм ва ҳамвор аст.)

16) Ирода‏аш устувор ва аз санг сахттар аст, ба далели шуҷоат ва пойдорӣ дар роҳи Худо, дар ҳоле ки ба хотир тавозӯъ ва маърифате, ки нисбат ба қудрати Офаридгор дорад, аз бардае хортар аст.

Реклама


Рубрики:Ахлоқи писандида, Инсони муваффақ, Ислом, Наҳҷул-балоға, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: