Ислом ва Эронзамин (66)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (29)

Фалсафа ва ҳикмат (8)

Табақаи ёздаҳум ва дувоздаҳум (аз Имом Фахри Розӣ то Қутбуддини Мисрӣ)

Табақаи ёздаҳум

1) Фахруддин Муҳаммад ибни Умар ибни Ҳасан ибни Ҳусайн ибни Алии Розӣ, маъруф ба Имом Фахри Розӣ. Ҳам фақеҳ буд ва ҳам мутакаллим ва ҳам муфассир ва ҳам файласуф ва ҳам пизишк ва ҳам хатиб. Зеҳни фавқулъода ҷаввол дошт ва дар табаҳҳур дар улуми мухталиф камназир аст. Дар айни ин ки дар афкори фалосифа ворид аст ва таълифоте гаронбаҳо дар фалсафа дорад, тарзи тафаккураш тафаккури каломӣ аст, на фалсафӣ, ва сахт бар фалосифа метозад ва дар мусалламоти фалсафа ташкик менамояд. Дар танзим ва табвиб ва тақрири масоил ҳусни салиқа дорад. Садрулмутааллиҳин аз ин назар аз ӯ бисёр истифода кардааст. Муҳимтарин китоби фалсафии ӯ “Алмабоҳисул-машриқия” аст. Шӯҳрати бештараш ба воситаи тафсири “Мафотеҳул-ғайб” аст бар Қуръони Маҷид, ки ҷои шоистае дар миёни тафосир барои худ боз кардааст. Барои вай дар фалсафа устоде ҷуз Маҷдуддини Ҷилии собиқуззикр суроғ надорем ва шояд бештар бо мутолеа, бар масоили фалсафӣ даст ёфтааст, вале шогирдони зиёде доштааст, ки баъзе аз онҳо бориз будаанд аз қабили Шамсуддини Хусравшоҳӣ, Қутбуддини Мисрӣ, Зайнуддини Кешшӣ, Шамсуддини Хуӣ, Шаҳобуддини Нишопурӣ.

Фахри Розӣ дар соли 534 мутаваллид шуда ва дар соли 606 даргузаштааст.

2) Шайх Шаҳобуддин Яҳё ибни Ҳабаш ибни Мираки Сӯҳравардии Занҷонӣ, маъруф ба Шайхи Ишроқ. Бидуни шак аз уъҷубаҳои рӯзгор аст. Зеҳни фавқулъода ваққод ва ҷаввол ва навҷӯ ва мубтакир доштааст. Тамоюли ишроқӣ дар фалсафа пеш аз ӯ ҳатто дар Форобӣ ва Бӯалӣ вуҷуд доштааст, аммо касе, ки мактабе ба номи “Мактаби Ишроқ” таъсис кард ва дар бисёре аз масоил роҳи он мактабро аз роҳи Мактаби Машшоъ ҷудо кард, ин марди бузург буд. Тақрибан ҳамаи масоиле, ки акнун ба унвони назариёти ишроқиюн дар муқобили машшоъин шинохта мешавад ва бархе мепиндоранд онҳо масоили мавриди ихтилофи Афлотун ва Арастуст, натиҷаи фикри шахси Сӯҳравардист, ки дар муқобили афкори машшоъин ва ба хусус машшоъиюни исломӣ овардааст. Вай назди Маҷдуддини Ҷилӣ (дар Мароға) ва Заҳируддини Қорӣ (зоҳиран дар Исфаҳон) ва Фахруддини Моридинӣ (дар Ироқ) таҳсил карда ва муддате мулозими Моридинӣ будааст. Моридинӣ мегуфта, дар ҳушу зако ва ҳиддати зеҳн монандашро надидаам ва аз ин рӯ бар ҷонаш метарсам. Гӯянд, “Албасоирун-насирия”-и Ибни Саҳлонро назди Заҳируддини Қорӣ хондааст.

Сӯҳравардӣ дар соири улум ва аз он ҷумла фиқҳ низ саромад будааст. Ба Шом ва Ҳалаб рафт ва дар ҷаласаи дарси фиқҳи устоди мадрасаи Ҳаловияи Ҳалаб ба номи Шайх Ифтихоруддин ширкат кард; бартариаш равшан гашт ва муқарраби устод шуд. Овозаи шӯҳраташ ӯро мавриди алоқаи Ал-малик Аз-зоҳир писари Салоҳуддини Айюбӣ кард ва дар ҳузури ӯ бемуҳобо бо фуқаҳо ва мутакаллимин мунозира мекард ва онҳоро мағлуб месохт. Ҳамин кор сабаби ҳасодати дигарон шуд ва коре карданд, ки Салоҳуддини Айюбӣ фарзандашро водор кард, ки ӯро ба қатл бирасонад. Дар соли 586 дар синни 36-солагӣ ва ё дар соли 587 дар синни 38-солагӣ кушта шуд.

Гӯянд, вай бо Фахруддини Розӣ ҳамдарс будааст. Солҳо пас аз маргаш, ки нусхае аз китоби “Талвеҳот”-и ӯро ба Фахруддин доданд, онро бӯсид ва ба ёди айёми ҳамшогирдӣ ашк аз дида фурӯ рехт.

Сӯҳравардӣ на танҳо дар мунозира бо фуқаҳо ва мутакаллимин бепарво буд ва душманӣ меангехт, дар изҳори асрори ҳикмат — бар хилофи тавсияи Бӯалӣ дар охири “Ишорот” — шояд ба иллати ҷавонӣ, бепарвоӣ мекард ва аз ҳамин рӯ афроди пухта аз аввал ҳадс мезаданд, ки ҷони солиме нахоҳад бурд. Вақте ки хабари маргаш ба дӯст ва устодаш Фахруддини Моридинӣ расид, гуфт, ҳамон шуд, ки ман ҳадс мезадам. Ва низ аз ҳамин рӯ дар борааш гуфта мешуд, ки Шаҳобуддин илмаш бар ақлаш фузунӣ дорад.

3) Афзалуддини Марақии Кошонӣ, маъруф ба Бобо Афзал. Ин мард алорағми ин ки шахсияти барҷастае дорад, торихи равшане аз ӯ дар даст нест. Китобҳои бисёре ба форсӣ ва арабӣ таълиф кардааст ва ахиран феҳристе аз онҳо таҳия ва чоп шудааст.

Баъзе гуфтаанд, доии Хоҷа Насируддини Тӯcӣ будааст, вале таъйид нашуда ва бисёр баъид аст. Дар китоби “Доиратулмаорифи форсӣ” аз интишороти Фронклин менависад: “Бобо Афзал шӯҳрати Афзалуддин Муҳаммад ибни Ҳусайни Кошонӣ, шоир ва орифи эронӣ, ба қавле дар ҳудуди 582 ё 592 дар қаряи Марақи Кошон мутаваллид шуда ва пас аз 654 ё 664 ва ба қавле дар аввалҳои қарни ҳафтум вафот ёфт… Аз асҳоби наздики Хоҷа Насируддини Тӯcӣ буд.” Луғатномаи Деҳхудо ва ҳамчунин “Ғаззолинома” вафоти ӯро дар 707 донистаанд. Баъзе вафоти ӯро дар 666 ва баъзе дар 667 донистаанд.

Маҳмуд Хузайрӣ дар мақолае, ки дар китоби “Даъватут-тақриб” таҳти унвони “Афзалуддин ал-Кошонӣ; файласуфун мағмур” навиштааст, аз нусхаи хаттии китобе ба номи “Мухтасар фи зикрил-ҳукамоил-юнонийин вал-миллийин”, ки дар китобхонаи Ускурёли Испониёст нақл карда, ки вафоти Бобо Афзал дар соли 610 будааст. Дар китоби “Фалосифаи эронӣ” бо истифода аз муқаддимаи марҳум Нафисӣ ва мақолаи Хузайрӣ ва хусусан бо истинод ба он чӣ Хоҷа дар “Шарҳи Ишорот” дар боби қиёси хулф аз Бобо Афзал ҳикоят карда — ки бо ҷумлаи “раҳималлоҳ” бар ӯ дуруд фиристодааст — истидлол карда, ки чун таълифи “Шарҳи Ишорот” мобайни солҳои 624-644 буда ва Бобо дар он вақт даргузашта будааст ва орои ӯ дар он вақт мунташир будааст, пас соли вафоти Бобо аз 667 ҳам ҷилавтар будааст.

Дар китоби “Саргузашт ва ақоиди фалсафии Хоҷа Насируддини Тӯcӣ” нигориши Муҳаммади Мударрисии Занҷонӣ, аз худи Хоҷа дар китоби “Сайру сулук” нақл карда, ки:

Падари банда бандаи камтаринро ба таҳсили фунуни илм ва истимоъи сухани арбоби мазоҳиб ва мақолот тарғиб кардӣ, то иттифоқро шахсе аз шогирдони Афзалуддини Кошӣ раҳимаҳуллоҳу Таъоло, ки ӯро Камолуддин Муҳаммади Ҳосиб гуфтандӣ ва дар анвоъи ҳикмат хусусан фанни риёзӣ тақаддуме ҳосил карда буд ва бо падари бандаи камтарин собиқаи дӯстӣ ва маърифатӣ дошт, бад-он диёр афтод. Падар бандаро ба истифодат аз ӯ ва тараддуд ба хидмати ӯ ишорат кард ва банда дар пеши ӯ ба таъаллуми фанни риёзӣ машғул шудам.”

Аз ин гуфтор равшан мешавад, ки Хоҷа Насируддин шогирди шогирди Бобо Афзал будааст ва Бобо аз асҳоби Хоҷа набудааст (ончунонки дар “Доиратулмаорифи форсӣ” омадааст), балки дар табақаи устодони устодони Хоҷа будааст. Бинобар ин, ин ки вафоти Боборо дар 606 ё 610 ва ё қариб ба ин санавот бидонем (бар хилофи он чӣ дар Луғатнома ва “Ғаззолинома” омадааст) ақраби эҳтимолот аст ва бар хилофи иддаои Саъиди Нафисӣ дар муқаддимаи рубоиёти Бобо Афзал ва дуктур Забеҳуллоҳи Сафо дар “Торихи адабиёти Эрон”, таваллуди Бобо дар охирҳои қарни шашум набуда, балки дар авосити он қарн будааст.

Ин рубоӣ дар мадҳи Бобо мансуб ба Хоҷа аст:

Гар арз диҳад сипеҳри аъло

Фазли фузалову фазли Афзал

Аз ҳар малаке ба ҷои тасбеҳ

Овоз ояд, ки: Афзал, Афзал

* * *

Табақаи дувоздаҳум

1) Фаридуддини Домоди Нишопурӣ. Аз торихи зиндагии ин мард низ иттилои дурусте надорем. Ҳамин қадр медонем, ки устоди Хоҷа Насируддини Тӯcӣ буда ва Хоҷа “Ишорот”-ро назди ӯ таҳсил кардааст ва худи ӯ шогирди Садруддини Сарахсии собиқуззикр будааст. Силсилаи асотиди Хоҷа аз тариқи Фаридуддини Домод ба Бӯалӣ мерасад; ба ин тартиб, ки: Хоҷа шогирди Фаридуддини Домод ва ӯ шогирди Садруддини Сарахсӣ ва ӯ шогирди Афзалуддини Ғайлонӣ ва ӯ шогирди Абулаббоси Лукарӣ ва ӯ шогирди Баҳманёр ва ӯ шогирди Бӯалӣ будааст. Соли вафоташ бар мо маълум нест.

2) Шамсуддин Абдулҳамид ибни Исои Хусравшоҳӣ, маъруф ба Шамсуддини Хусравшоҳӣ. Ибни Абиусайбиъа аз ӯ ба унвони имомул-уламо, сайидул-ҳукамо, қудватул-аном, шарафул-ислом ёд мекунад. Дар тибб ва фалсафа ва улуми шаръия бориз ва аз шогирдони боризи Фахруддини Розӣ буда. Китоби “Шифо”-ро талхис карда, вале шӯҳраташ дар муҳити фалсафа ба воситаи бархе суолоти фалсафист, ки Хоҷа Насируддини Тӯcӣ аз ӯ — ки дар табақаи асотиди Хоҷа будааст — карда ва ӯ ҷавоб дода ва дар китобҳои фалсафӣ матраҳ аст.

3) Қутбуддин Иброҳим ибни Алӣ ибни Муҳаммади Салмо, маъруф ба Қутбуддини Мисрӣ. Ин мард низ аз шогирдони боризи Фахруддини Розӣ будааст. Ибни Абиусайбиъа мегӯяд вай аслан аз билоди Мағриб буда ва баъд ба Миср мунтақил шуда ва муддате дар онҷо иқомат карда, сипас ба билоди Эрон мусофират карда, назди Фахруддини Розӣ таҳсил кардааст. Устоди хеш Фахруддинро дар фалсафа бар Бӯалӣ тарҷеҳ медода, ҳамчунонки Абӯсаҳли Масеҳиро дар тибб бар Бӯалӣ тарҷеҳ медодааст. Қутбуддини Мисрӣ дар фитнаи муғул дар Нишопур кушта шуд. Ӯ низ аз асотиди Хоҷа Насируддини Тӯcӣ будааст. Бинобар ин, Хоҷа шогирди шогирди Фахри Розӣ будааст.

4) Камолуддин Юнус (ё Камолуддин ибни Юнус)-и Мавсилӣ, маъруф ба Ибни Мунъа. Ибни Абиусайбиъа, ки бо ӯ қурби замон дошта, ӯро низ қудватул-уламо ва сайидул-ҳукамо мехонад. Дар мадрасаи Мавсил ба тадриси улуми фалсафӣ иштиғол дошта ва шогирдоне тарбият кардааст. Мутобиқи он чӣ дар “Райҳонатул-адаб” омада, Хоҷа назди ин мард низ таҳсил кардааст. Дар “Райҳонатул-адаб” ҷилди панҷум сафҳаи 9 менависад:

Аз акобири уламои ҳукамои омма мебошад, ки дар наҳву сарф ва фиқҳу ҳадис ва тафсиру тибб ва ториху мусиқӣ ва ҳандасаву ҳикмату ҳайъат… ваҳиди асри худ буда, дар андак замоне шӯҳрати бениҳоят ёфта ва марҷаъи истифодаи афозил гардид. Аз билоди баъида ҳозири ҳавзаи дарсии ӯ мешудаанд… Вафоти ӯ дар соли 639 воқеъ шудааст.”

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: