Оё Руҳониро ба зудӣ дар Риёз мебинем?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон

Равобити Арабистон ва Эрон ба таври пайваста шоҳиди беҳбуд аст, он ҳам ба далели ин ки мақомоти ду кишвар мутаваҷҷеҳ шуданд, ки доман задан ба таниш ва ҳаҷмаҳои расонаии мутақобил ва қатъи ҳар гуна гуфтугӯ, натоиҷи маъкус ва ҳазинабардоре дорад.

Изҳороти Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар хусуси мувофиқати Теҳрон ва Риёз бо тарҳи табодули диплумотҳо ба манзури боздид аз сафоратхонаҳояшон ва судури раводид ба диплумотҳо барои анҷоми ин кор, метавонад нуқтаи шурӯи оддисозии муносиботи ду кишвар ва коҳиши шиддати таниш байни онҳо бошад ва муқаддимаи бозгушоии сафоратхонаҳояшон дар ду кишварро фароҳам кунад.

Ҳукумати Оли Саъуд, ки ба ташдиди таниш алайҳи Эрон мутавассил шуда ва борҳо таъкид карда буд, ки равобиташ бо Эронро аз сар нахоҳад гирифт, чун ба гуфтаи Муҳаммад бен Салмон, эрониҳо ба вилояти фақеҳ ва маҳдавият ақида доранд, аммо ҳаминак ин подшоҳӣ дар садади коҳиши танишҳост ба гунае ки дар музокироти марбут ба эъзоми зоирони эронӣ ба ҳаҷ инъитофи зиёде ба харҷ дод ва аз хеле аз шурути худ дар ин бора сарфи назар кард, ки аз ҷумлаи он гирифтани раводид аз сафоратхонаи Арабистон дар кишвари севвум ва истифода аз ширкатҳои ҳавопаймоии ғайри эронӣ буд, аммо ҳоло барои қариб ба 10 диплумоти эронӣ ҳам раводид содир карда, то бар умури ҳаҷҷи зоирони эронӣ назорат карда ва мавонеъи сари роҳи адои фаризаи онҳоро бардоранд.

Нармиши Арабистон ба таври куллӣ бо изҳороти шоҳзода Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, дар моҳи майи гузашта дар тазодд аст. Он замон вай Эронро ба талош барои ишғоли маконҳои муқаддас дар Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара муттаҳам ва таҳдид карда буд, ки Арабистон дар зарбае пешдастона ҷангро ба умқи Эрон мунтақил мекунад. Вай ҳамчунин ба эҳтимоли шӯрондани ақаллиятҳои арабӣ ва озарӣ ва балуч алайҳи низоми Эрон ҳам ишора карда буд.

* * *

Суоли матраҳ дар бораи далелҳои ворунагии тадриҷии мавозеъи Арабистон дар қиболи Эрон ва тамоюли ҳукумати саудӣ ба азсаргирии сареъи равобит бо “душмани эронӣ” чист?

Барои посух ба ин суол бояд ба чандин иттифоқи муҳим ва асосӣ ишора кард, ки ба таври хулоса дар идома ба он мепардозем:

1) Мавзӯи нахуст, шикасти сенориюи Омрико дар сарнагунии низоми Сурия аст, ки Арабистон бозигари аслии он буд. Бо гузашти ҳафт сол аз оғози ҷанг дар Сурия, ҳукумати саудӣ мутаваҷҷеҳ шуд, ки Башшор Асад бо кӯмаки Русия, Эрон ва Ҳизбуллоҳ дар қудрат боқист ва ин эътирофро барои муттаҳидони худ аз муъоризони Сурия низ баён дошт.

2) Масъалаи дуввум ин ки: бо гузашти 2 солу ним аз оғози амалиёти “Тӯфони” ба истилоҳ “қотеъият” дар Яман, ин амалиёт дар дастёбӣ ба ҳадафи худ дар шикасти эътилофи Ҳусӣ-Солеҳ ва бозгардондани Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии Яман, ба Санъо ноком будааст.

3) Масъалаи севвум ин ки: зарфиятҳои молии Арабистон, ки қавитарин силоҳи ин кишвар шумурда мешавад, бо коҳиши қимати нафт ва боло рафтани ҳазинаҳои ҷангҳои ниёбатӣ дар Сурия ва Яман, фурӯкаш кардааст.

4) Масъалаи чаҳорум, судури қонуни муҷозоти кишварҳои ҳомии теруризм дар Омрико ва судури муҷаввиз барои хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти теруристӣ дар Омрико барои дархости ғаромат аст ва то кунун 25 додхости қазоӣ алайҳи Арабистон дар додгоҳҳои Омрико танзим шуда, ки сатҳи ғаромат аз Арабистонро ба ба панҷ трилиюн дулор расондааст.

5) Масъалаи панҷум ин ки: ҳукумати саудӣ авлавияти аслии худро ба ҷанги сиёсӣ ва иқтисодӣ алайҳи кишвари Қатар қарор дода ва талош мекунад Эронро аз ин муноқиша ҳазф кунад ва ба ҳар қимате Теҳронро аз Дуҳа дур кунад.

6) Масъала шашум, амалгароӣ ва бурдбории Эрон буда ба гунае, ки инъитофи сиёсӣ дар қиболи Арабистон нишон дода ва аз ҳар гуна иқдоми саудиҳо барои гуфтугӯ ва оддисозии равобит истиқбол кард.

* * *

Равобити Арабистон бо раҳбарони шиъаи Ироқ беш аз 20 сол хатти қирмиз маҳсуб мешуд, аммо истиқболи гарм аз Сайид Муқтадо Садр дар Риёз ва қабл он аз Ҳайдар ал-Ибодӣ нахуствазири Ироқ, кӯтоҳтарин ва сареътарин роҳ барои оддисозии равобит бо Эрон буд ва изҳороти Қосим ал-Аъраҷӣ, вазири кишвари Ироқ ва наздик ба басиҷи мардумии Ироқ ва Эрон дар бораи ин ки Арабистон хостори миёнҷигарии давлати Бағдод барои беҳбуди равобит бо Эрон шудааст, ғайримунтазира набуд, балки масъалаи ғайримунтазира такзиби мақомоти саудӣ дар ин хусус буд, чун нишон медиҳад, ки Арабистон ба ҳар тариқе ба дунболи миёнҷигарӣ барои гуфтугӯ бо муҳимтарин рақиби минтақаии худ яъне Эрон аст.

Оё мо бо поёни ҷанги ниёбатии ду кишвар бо якдигар дар минтақа рӯ ба рӯ хоҳем буд, ё танҳо оташбаси муваққатӣ барқарор мешавад, то ду тараф ва бахусус тарафи саудӣ, нафасе тоза кунанд?

Барои мо душвор аст, ки ҷавоби қотеъе дар ин хусус бидиҳем, тоза аввали кор аст, аммо чизе, ки метавон гуфт ин аст, ки истилоҳоте мисли “маҷус”, “рофизӣ” ва “бандагони оташ” аз қомуси луғоти ҷанги расонаӣ байни ду кишвар дар марҳилаи оянда ҳазф хоҳад шуд ва баъид нест, ки Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, тайи чанд моҳи оянда меҳмони ҳокимони саудӣ бошад, он ҳам ба дунболи ин ки раванди оддисозии диплумотик байни ду кишвар такмил шуда ва сафоратхонаҳои Эрон дар Риёз ва Арабистон дар Теҳрон бозгушоӣ шавад.

Оё мо зиёдӣ хушбинем?! Гумон намекунам. Чун чунин муқаддамоте ба чунин натоиҷе мунҷар мешавад ва рӯзҳои пеши рӯ гувоҳи ҳарфи мост.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: