Тағйироти бузурге дар роҳ аст

Ёддошти Абдулборӣ Атвон

Ин ки нишасти мухолифони Сурия дар Риёз бо чароғи сабзи Арабистон ноком бимонад, қобили пешбинӣ буд; зеро тақрибан дар мавриди ҳатмӣ будани бақои Башшор Асад дар қудрат, тавофуқи назар вуҷуд дорад.

Ҳамчунин ин итминон ба вуҷуд омадааст, ки тағйироти решаӣ дар нақшаи эътилофҳои минтақаӣ дар роҳ аст, ки муҳимтарини он, қувват гирифтани меҳвари Туркия, Эрон ва Русия дар муқобила бо меҳвари Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳимояти Омрикост; меҳваре, ки мекӯшад Мисрро ба самти худ ҷазб кунад.

Ин дар ҳолест, ки Арабистон, ки сахт бо нақши Башшор Асад дар ояндаи Сурия мухолиф буд, аз ин мавзеъ кӯтоҳ омадааст, ҳарчанд ба хотири шарми зиёд, аз аланӣ кардани ин мавзӯъ худдорӣ мекунад, аммо ба ҳар ҳол мутаваҷҷеҳ шудааст, ки дар партави истодагии артиши Сурия ва шикасти тарҳи Омрико дар муқобили муваффақияти барномаи Эрон ва Русия, барканории Башшор Асад сахт аст.

Бинобар ин, метавон мутаваҷҷеҳ шуд, ки чаро Арабистон талош дорад ба Қоҳира ва мавзеъи он мабнӣ бар ҳимоят аз бақои Башшор Асад наздик шавад, то ба ин тартиб битавон дар оянда тавозунро дар баробари Эрон ва Туркия ҳифз кунад.

Ин ки Одил ал-Ҷубайр, вазири хориҷаи Арабистон, ба ҳайъати олии Сурия эълом кард, ки бояд бо гузинаи бақои Башшор Асад канор биёянд ва ба дунболи роҳҳои ҷадиде бошанд, баёнгари таҳаввули мавзеъи Арабистон на фақат дар қиболи парвандаи Сурия, балки дар хусуси соири парвандаҳо аз ҷумла Ироқ, Яман ва Эрон аст.

* * *

Дар ин миён бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки лаҳни тавъам бо эътимод ба нафси Башшор Асад дар суханронии рӯзи якшанбе дар ифтитоҳияи Конфронси вазорати хориҷаи Сурия, баргирифта аз ин буд, ки вай мутаваҷҷеҳи тағйироти роҳбурдӣ дар минтақа шудааст ва дарёфтааст, ки яке аз муҳимтарин таҳаввулот, наздик шудани ҷанги Сурия ба рӯзҳои поёнӣ аст.

Ҳамчунин мушорикати ҳайъати бузурги мисрӣ дар намоишгоҳи байналмилалии Димишқ баёнгари паёми сиёсии бисёр муҳиммест, ки аз оғози рақобат — на кашмакаш -и нерӯҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ бар сари нуфуз дар Сурияи ҷадид ва оғози оддисозии равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Сурия ҳикоят дорад.

Ба ҳар ҳол, чӣ басо бар асоси нақшаи ҷадиди минтақаӣ, дӯстон ба душман ва душманон ба дӯстон табдил шаванд; зеро чӣ касе тасаввур мекард, ки Арабистон таҳти унвони носиюнолизми арабӣ дар баробари раҳбарони шиъаи Ироқ инъитоф нишон диҳад ва тасмим бигирад гузаргоҳи марзии Аръар бо Ироқро бигушояд ва илова бар ин, дар Басра ва Наҷаф консулгарӣ ифтитоҳ кунад?

Ё чӣ касе умед дошт, ки Арабистон барои эътилоф бо Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ эъломи омодагӣ кунад?

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки поёни мавзӯи Сурия яъне поёни мухолифони сиёсӣ ва низомии ин кишвар ва шояд бар ин асос битавон ба далели нокомии нишасти мухолифони Сурия дар Риёз ва нотавонии онон аз дастёбӣ ба барномаи сиёсии муштарак пай бурд.

Нуктаи дигар ин ки суханронии Башшор Асад ва ишораи ӯ ба шикасти тарҳи Ғарб дар Сурия, иттифоқӣ набуд ва ё ӯ дар ин хусус ибрози умедворӣ накард, ки Ғарб ноком бимонад, балки ин суханони ӯ баргирифта аз арзёбии ҷадид ва мубтанӣ бар иттилооти марбут ба таҳаввулоти ҷадиди минтақа ва на фақат Сурия буд.

Ҳарчанд Башшор Асад дар суханронии худ ба шиддат аз Ардуғон интиқод кард, аммо баъид нест Ардуғон бо миёнҷигарии Русия ва Эрон, озими Димишқ шавад. Ва ин яъне дунёи сиёсат ва қонуни он.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: