Ҷамъияти уламои Ҳинд ҳукми Девони Олӣ дар хусуси мамнӯияти сеталоқаро рад кард

Дабири кулли Ҷамъияти уламои Ҳинд бо радди ҳукми Девони Олии ин кишвар дар хусуси мамнӯъ шудани сеталоқа, изҳор кард, ки сеталоқа ба рағми ҳукми Девони Олӣ, ҳамчунон мӯътабар хоҳад буд.

Мавлоно Маҳмуд Маданӣ рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд: “Давлат метавонад афродро ба иллати сеталоқа муҷозот кунад, вале ин талоқ ҳамчунон дар байни мусалмонони Ҳинд ба расмият шинохта мешавад.”

Вай изҳор кард: “Ҷамъияти уламои Ҳинд бо радди эътибори мамнӯияти сеталоқа, онро мудохила дар ҳаққи анҷоми вазоифи мазҳабӣ медонад.”

Ин дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи гузашта теъдоде аз аҳзоби сиёсӣ ва шахсиятҳои мухталиф, аз мамнӯъ шудани сеталоқа истиқбол ва онро дар ростои таъмини ҳуқуқи занони мусалмон дониста буданд.

Норендро Мудӣ, нахуствазири Ҳинд, ҳукми Девони Олиро “таърихӣ” ва “гоме дар тавонмандсозии занони мусалмон” тавсиф кард.

Додгоҳи Олии Ҳинд рӯзи сешанбе бо судури ҳукме “сеталоқа” кардани занони мусалмонро ғайриқонунӣ ва мамнӯъ кард.

Ин ҳукм бо се раъйи мувофиқ дар баробари ду раъйи мухолиф, аз ҳайъати панҷ нафар қозиёни олии Ҳинд содир шудааст.

Шӯрои Додгоҳи Олии Ҳинд пас аз судури ин ҳукм эълом кард: “Сеталоқа ноқизи ҳуқуқи асосии занон аст ва ба амри издивоҷ ба сурати ғайриқобили баргашт поён медиҳад.”

Ин шӯро ба давлати Ҳинд шаш моҳ мӯҳлат дод, ки қонуни ҷадид барои талоқи занони мусалмонро таҳия ва ба мавриди иҷро бигузорад.

Бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ (мазҳаби аксарияти мусалмонони Ҳинд) сеталоқа дар як маҷлис саҳеҳ аст ва аҳкоми сеталоқа дар бораи он содиқ аст.

Теъдоде аз мардони мусалмон дар Ҳинд танҳо бо гуфтани се бор калимаи талоқ, бидуни пазириши ҳеч гуна масъулият ва таклифе дар қиболи ҳамсар ва кӯдакон, онҳоро тарк ва ҳамсари дигаре ихтиёр мекунад.

Дар солҳои ахир бо рушди фанноварии иртиботӣ бисёре аз мардон ҳатто ба худ заҳмати гуфтани се бор талоқро ҳам намедиҳанд ва бо фиристодани емайл, паёмак ва ё ирсоли паём аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, ба зиндагии муштараки худ поён медиҳанд.

Теъдоди зиёде аз занони мусалмони ҳиндӣ сеталоқа ба ин шеваро боиси суст шудани бунёни хонавода медонанд ва хостори тадвини талоқ бар мабнои усуле шуданд, ки ҳуқуқашон нақз нашавад.

Мусалмонони Ҳинд, ки ҳудуди 14 дарсад аз ҷамъияти як милёрду 250 милюн нафарии Ҳиндро ташкил медиҳанд, ба унвони бузургтарин ҷамъияти ақаллияти Ҳинд ҳастанд.

Ин афрод ҳарчанд қавонини издивоҷ ва талоқро бар мабнои шариати ислом анҷом медиҳад, вале тафовутҳои зиёде дар шеваи издивоҷ ва талоқ дар байни онҳо дида мешавад.

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: