Зебоӣ

Гуфторе фалсафӣ аз устод Иброҳимии Динонӣ

Мо маъмулан зебоиҳоро дар сурат мебинем. Он чи, ки мебинем ва он чи мешунавем ва он чи, ки мебӯем ва ламс мекунем, маҳсус ҳастанд ва ба олами ҳисс таъаллуқ доранд. Ҳоло, оё зебоии маънавӣ ҳам дорем ё хайр? Яъне, чизе, ки бо чашм натавон дид, бо гӯш ва ламс ва зоиқа ва шомма ва ҳисс натавонем даркаш кунем, вале зебо бошад?

Он зебоӣ зебоии маъқул аст. Олами маъно зебост. Сурати зебо зебоии худро аз маъно мегирад. Он чизе, ки мебӯем, мегӯем хушбӯст, ва он чизе, ки мехӯрем, мегӯем хушмазза аст. Бо зоиқа хушмазза таъбир мекунем, бо шомма хушбӯ таъбир мекунем ва бо чашм мегӯем зебост.

Ҳоло чӣ фарқест байни зебоӣ ва хушмазза будан ва хушбӯ будан? Чаро дар он ду маврид, ки дидан ва шунидан бошад мегӯем зебо буд, вале дар ду мавриди дигар мегӯем, хушбӯ ва хушмазза буд?

Ҳам хушмазза зебост, ҳам хушбӯ зебост, ва ҳам он чи мебинем зебост ва ҳар он чи мешунавем зебост. Вале зебоӣ ончунон амиқ ва густарда аст, ки дар ҷое исми зебоӣ дорад ва дар ҷое дигар исми хушмаззагӣ ва хушбӯӣ дорад ва ҳамаи “хушҳо” ба анвоъи мухталиф ҳама хушӣ ҳастанд, ҳама таҷаллиёти рангоранг ва гуногуни зебоӣ ҳастанд. Зебоӣ ба сад ҷилва зоҳир мешавад.

Бо сад ҳазор ҷилва бурун омадӣ, ки ман,

Бо сад ҳазор дида тамошо кунам туро.

(Фурӯғии Бастомӣ)

* * *

Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт донистам, 

Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.

(Ҳофиз)

Ҳусни рӯзафзун ба чӣ маъност? Шумо як гулро мебинед зебост. Зебо зебост. Дар риёзиёт агар ҳазор бор ҳам бигӯед, ду ба иловаи ду мешавад чаҳор, аммо дар зебоӣ — махсусан агар амиқ бошад — агар сад бор ҳам нигоҳ кунем, ҳар бор як ҷилвае тоза дорад. Ҳар нигоҳе ғайр аз нигоҳи аввал аст. Инро мегӯянд, ҳусни рӯзафзун. Ин ҳусни рӯзафзунро ҳазрати Юсуф доштааст ва ин ҳусни рӯзафзунро манбаи зебоӣ яъне Ҳақ Таборак ва Таъоло ба ҳазрати Юсуф дода буд.

Ҳам макон зебост, ҳам замон зебост. Ҳам таволии ададҳо ва ҳам назми риёзиёт зебоӣ доранд. Ҳамаи ин зебоииҳо, ки зебоии каммӣ ҳастанд, ҷилвае аз зебоиянд, ки камму кайф доранд. Мо зебоии каммӣ дорем ва зебоии кайфӣ, ва зебоии каммӣ ва кайфӣ ҷилвае аз зебоии мутлақ ҳастанд.

Инсон бӯиданиҳоро ва чашиданиҳоро бо мафҳум мефаҳмад ё бидуни мафҳум? Мо ҳар чи мефаҳмем бо мафҳум мефаҳмем ва бо мафҳум ҳам баён мекунем. Аммо гоҳе чашиданиҳо ва бӯиданиҳоро наметавонем дар мафҳум биёварем.

Ҳама ашхос ба олами маънӣ роҳ доранд. Онҳое, ки мункири олами маънӣ ҳастанд, нодон ҳастанд. Маҳол аст инсон ба олами маънӣ роҳ надошта бошад. Олами маънӣ густардатар аз олами ҳисс аст. Мешавад аз олами маъонӣ сӯҳбат кард, аммо шунавандаи шумо агар ба он маъонии шумо роҳ наёфта бошад, аз сухани шумо он маъониро намефаҳмад. Замоне мефаҳмад, ки он маъниро дар худаш дошта бошад.

Инсон чӣ қадр фарозу нишеб дорад. Гоҳе торими аъло (осмон, фалак) ва мофавқи торими аълоро мебинад ва гоҳе ҷилави пойи худашро намебинад. Ин ҳамон одам аст. Ин чӣ ҳолест, ки пеши пойи худро намебинад, вале торими аъло ва мофавқи торими аълоро истинбот мекунад? Ду ҳоли одамӣ. Инсон ба бадтарин вазъи пастӣ меравад ва болотарин авҷ. Маротиби суъуду нузули инсон чӣ қадр аст? Ҳеч мавҷуде дар олам фарозу фуруди инсонро надорад. Ҳар мавҷуде фарозу фуруд дорад, вале маҳдуд аст. Инсон дар пастӣ ба ҷое мерасад, ки ҳеч мавҷуди пасте ба пойи он намерасад, яъне дар пастӣ аз ҳар пастӣ пасттар аст, ва дар таъолӣ ва ба фароз рафтан, аз ҳар мавҷуди дигаре бештар авҷ мегирад. Чӣ мавҷуде қудрати парвози одамиро дорад?

Mehrnews

Реклама


Рубрики:Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: