Марди гуноҳкор

Мақолае аз Нина Хрушева дар нашрияи Project Syndicate

Дар соли 1940, замоне ки Бритониё ба танҳоӣ дар баробари Олмони нозӣ муқовимат мекард, як китоби кӯтоҳ ба номи “Мардони гуноҳкор” бо номи мустаъори “Cato” мунташир шуд. Нависандагони он Мойкел Фут (Michael Foot) — раҳбари ояндаи Ҳизби коргар, Фронк Оуэн (Frank Owen) — рӯзноманигори либерол ва Питер Ҳоворд (Peter Howard) — рӯзноманигори муҳофизакор буданд. “Мардони гуноҳкор” марсияе иҷтимоӣ буд дар мавриди Невил Чембрлен (Neville Chamberlain) ва лорд Ҳолифокс (Lord Halifax), ки он замон узви кобинаи Уинстон Черчил буданд ва бо мумошот бо Одулф Ҳитлер, Бритониёро то марзи нобудӣ кашонданд.

Имрӯз низ бори дигар замони он расидааст, ки аз бархе ашхос ном бибарем. Аммо ин бор ин афрод фақат дар Бритониё, ки бо хуруҷ аз Иттиҳодияи Урупо абъоди демукросии худро дучори тазалзул кард фаъолият намекунанд. Дар Иёлоти Муттаҳида низ рӯзи 12 август, дар Шорлутсвилли Вирҷиниё, шоҳиди хашми худбартарпиндорони сафедпӯст будем, ки боиси марги яке аз мӯътаризони ин тазоҳурот ва захмӣ шудани бисёре дигар шуд.

Таъаҷҷубе надорад, ки раисиҷумҳур Дунолд Тромп қасди ном бурдан аз ин афродро надорад. Ду рӯз тӯл кашид, ки Тромп гурӯҳҳои теруристии нижодпарастона, ки харобиҳои бисёре дар Шорлутсвилл ба бор оварданд, маҳкум кунад. Пас аз он низ билофосила ба маҳзи донистани кори нодурусти аъзои гурӯҳи Ку Клукс Клон ва ифротиҳои ҷаноҳи рости тарафдори нозиҳо, аз мавзеъи худ ақибнишинӣ кард; гурӯҳҳое, ки Тромп дар воқеъ расидан ба мақоми риёсати ҷумҳурии худро мадюни онҳост.

Аммо бо вуҷуди ин ки Тромп боиси шӯъла кашидани нафрат дар Омрикост, аммо бояд гуфт, ки ӯ ин оташро барпо накардааст; ҳамон тавр, ки афроди омили хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Урупо чунин кореро накардаанд. Барои пайдо кардани сардаста ва масъули воқеии эҷоди ин фазои сиёсӣ, ки дар он дурӯғҳои бешармона, нажодпарастии озодона ва таъассуби кӯр-кӯрона вориди ҷараёни аслии гуфтумони умумӣ шудааст, бояд фаротар аз инҳо нигоҳ кунем.

Бо масъули ин иттифоқот ва афрӯхтани оташи хашму нафрат ошно шавед: Руперт Мердок.

Ин мудири маҷмӯаи сиёсӣ-саргармии ростгаро, чандин даҳа аст, ки бо ҳадафи суд ва нуфузи сиёсӣ, сиёсати касиферо вориди Бритониё, Иёлоти Муттаҳида ва Устролиё кардааст. Ин рӯзномаҳо ва шабакаҳои телевизионии Мердок будаанд, ки бо таблиғҳои дурӯғ ва фиребкорона, роҳро барои маҳбубияти Тромп ва гирифтани раъйи бештар барои хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Урупо боз кардаанд.

Аммо дақиқан гуноҳи Мердок чист? Феҳристи шикоятҳои рӯ ба афзоиши озору азияти ҷинсӣ алайҳи коноли Fox News ва ошкор шудани расвоии ҳак кардани телефонҳои хусусӣ дар Англисро, ки сабаби баста шудани рӯзномаи News of the World дар соли 2011 шуд, канор мегузорем.

Барои исботи ҷинояткор будани Мердок, кофист танҳо ба пешинаи ахири дурӯғ ва фиребкории расонаҳои таҳти мудирияти ӯ ишора кунем. Ба унвони мисол, талошҳои мукаррари Fox News ба манзури рабт додани қатли Сэт Рич (Seth Rich) — яке аз аъзои Кумитаи миллии демукрот, ба кампини интихоботии Ҳилори Клинтун, ки баъдан маълум шуд ашхосе дар Кохи сафед бо Fox News барои ҷаъли ин хабар ҳамкорӣ карда буданд.

Ё масалан аҷибтарин теурии тавтиъаи Fox News мабнӣ бар ин ки Клинтун ва ҳамдастонаш ҳалқаи педофилӣ дар рестуроне хориҷ аз Вошингтун ташкил додаанд, ки боис шуд марде бо бовари ин хабар, бо аслиҳа ба он рестурон ҳамла кунад.

Аммо зоҳиран ин ҳодиса на Fox News ва на соҳиби онро мутаваққиф накард. Ин хабаргузорӣ ахбори дурӯғини дигареро мунташир кард, ки бар асоси он, Борук Убомо, раисиҷумҳури вақт, созмони иттилоотии Ангилисро маъмур кардааст, ки тайи муборизоти интихоботӣ, ҷосусии Тромпро бикунад. Ва ҳамчунин интишори ин достони беасос, ки Ҷеймз Кумӣ (James Comey), раиси пешини FBI, ки Тромп ба иттиҳоми таҳқиқот дар бораи иртиботи эҳтимолии кампини интихоботии Тромп бо Русия ӯро ихроҷ кард, иттилооти маҳрамонаеро фош кардааст.

Дар ҳар созмони матбуотии масъул, интишори ҳатто яке аз ин намунаҳои ахбори ҷаълӣ боиси ихроҷи виросторони марбута мешавад. Аммо Мердок ба далоиле ҳанӯз машғул ба кор аст ва суди кофӣ барои сокит нигаҳ доштани саҳомдорони бузурги ниҳодҳо ба даст меоварад.

Агар бозор қодир ба водор кардани Мердок ба таваққуфи фиреб ва нашри акозиб нест, шояд вазифаи давлатҳост, ки даст ба кор шаванд ва ҷилави Мердокро бигиранд. Аз он ҷое, ки Мердок дар садади ба роҳ андохтани як коноли хабарӣ дар Бритониёст, давлати ин кишвар мавқеияти муносибе барои ҷилавгирӣ аз ба вуҷуд омадани як Fox News-и дигар дар телевизиюни кишварашро дорад.

Осебе, ки ахбори кизб ва тунд дар ҷомеа ба бор меоварад, бисёр мухарриб аст. Метавон гуфт, ки ба ҳамин далел, Мердок яке аз гуноҳкортарин мардони таърихи муосир аст ва бояд ҳар чӣ зудтар ҷилави ӯ гирифта шавад.

Project Syndicate



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: