Назари Фарид Закариё дар бораи истротежии Тромп дар Афғонистон

Ёддошт дар Washington Post

Сиёсати хориҷии Омрико шикаст хӯрдааст ва барои мушоҳидаи ин шикаст низ нишонае возеҳтар аз рӯйкарди ин кишвар дар Афғонистон вуҷуд надорад. Пас аз гузашти беш аз 15 сол ҷанг ва эъзоми садҳо ҳазор низомӣ ба Афғонистон, раисиҷумҳури ҷадиди Омрико тасреҳ мекунад, ки тағйироти бунёдинро дар рӯйкарди ин кишвар дар қиболи Афғонистон эҷод хоҳад кард. Тайи моҳҳои ахир шоҳид ҳастем, ки Тромп низ идомаи иқдомоти мушобеҳи давлатҳои пеш аз худро анҷом дода ва натиҷаи он низ ин шуд, ки Омрико шадидан даргири ҷанги бепоён дар Афғонистон шудааст.

Танҳо тафовуте, ки сиёсати Тромп нисбат ба он чи аз давраи қабл ба вай расида, чаҳор ҳазор нерӯи бештаре аст, ки қасди эъзоми онро дорад. Тромп ҳамчунин ваъда дода, ки аз миллатсозӣ иҷтиноб хоҳад кард, бар мубориза бо теруризм таъкид дорад, ба фасод дар Афғонистон хотима хоҳад дод ва рӯйкарди сахтеро низ дар робита бо Покистон иттихоз мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Борок Убомо, раисиҷумҳури собиқи Омрико низ ҳамин ваъдаҳоро дода буд. Ӯ низ дар соли 2011 аз тағйири сиёсати худ нисбат ба Буш хабар дод ва изҳор кард: “Вақти он расида, то ба миллатсозӣ дар Омрико бипардозем.”

Изҳороти Тромп дар робита бо Покистон, аз нигоҳи бисёре, тағйири қобили таваҷҷӯҳе нисбат ба давлати қаблӣ аст. Ба назар мерасад, ки мардум изҳороти Мойк Мулен, раиси ситоди муштараки артиши вақти Омрико дар соли 2011 дар бораи Покистонро фаромӯш кардаанд.

Вай аз “Шабакаи Ҳаққонӣ” — яке аз гурӯҳҳои теруристии хатарнок дар Афғонистон, ба унвони “бозуи Созмони иттилооти артиши Покистон” ном бурда буд. Дар ҳамон сол низ Ҳилори Клинтун ва Дэвид Петреус (ба тартиб вазири хориҷа ва раиси Созмони иттилооти марказии вақти Омрико) ҳар ду ба Покистон сафар карданд, то он тавр ки Клинтун гуфт, “Покистонро сахт таҳти фишор қарор диҳанд”. Ҳадаф аз ин иқдом низ ин буд, то Покистон ҳимояти худро аз гурӯҳҳои шибҳинизомии мухолифи ҳукумати Афғонистон мутаваққиф кунад.

Иқдомоте аз ин қабил дар ниҳоят мунҷар ба хашми покистониҳо ва масдуд кардани роҳи тадорукоти нерӯҳои омрикоӣ ба муддати ҳафт моҳ шуд.

Ҳамчунин Пол Ройон — сухангӯи Маҷлиси намояндагони Омрико низ зимни ҳимоят аз истротежии Тромп изҳор кард, ки агар Толибон фикр кунанд, ки Омрико замони мушаххасеро барои хуруҷи низомиёнаш таъйин кардааст, мунтазир мемонанд, то мо аз Афғонистон хориҷ шавем.

Аммо ба назар мерасад, ки Ройон моҳияти ин даргириҳоро ба дурустӣ мутаваҷҷеҳ нашудааст. Толибон ба далели соддае қодир ҳастанд, ки то ҳангоми хуруҷи низомиёни мо аз онҷо сабр кунанд; чун Толибон онҷо зиндагӣ мекунанд.

Аз Декстер Филкинс — яке аз ҳирфаитарин хабарнигороне, ки ҷанги Афғонистонро пӯшиш дода, пурсидам, ки чаро Толибон дар Афғонистон дар ҳоли пешравӣ аст? Вай посух дод: “Афғонҳо маъмулан аз Толибон хушашон намеояд, аммо аз ҳукумати марказӣ безортар ҳастанд. Мо мегӯем, ки дар пайи миллатсозӣ нестем, аммо бидуни давлати қавӣ қодир ба эҷоди артиш нахоҳем буд. Мардум ба хотири артиш ҳозир ба кушта шудан нестанд, аммо ҳозир ҳастанд, ки барои кишвари худ ҷон диҳанд. Акнун чӣ касе ҳозир аст, то ҷони худро барои ҳукумати феълии Афғонистон диҳад?

Аз сӯи дигар низ Борнет Рубин — аз коршиносони аршади масоили Афғонистон изҳор карда, ки мавҷудияти ҳукумати Афғонистон вобаста ба кӯмакҳои кишварҳои хориҷӣ аст. Борнет, ки пеш аз ин низ вазифаи мушовира ба Созмони Милал ва давлати Омрикоро дар бораи Афғонистон доштааст, гуфт: “Афғонистон бидуни ҳимоятҳои Омрико наметавонад махориҷи худро бипардозад ва бидуни кӯмакҳои Покистон низ ин кишвар ҷомеае ором ва босубот нахоҳад дошт. Аз сӯе низ тавсиъаи иқтисодии ин кишвар бидуни кӯмакҳои Эрон мумкин нест.”

Ин коршиноси аршади масоили Афғонистон дар робита бо манобеъи маъдании Афғонистон, ки арзиши он 3 трилюн дулор тахмин зада шуда низ гуфт: “Мутмаиннам, дар кураи моҳ низ манобеъи маъдании зиёде вуҷуд дорад, аммо шумо бояд роҳе барои бурдани ин манобеъ ба бозор барои фурӯш дошта бошед ва ба ин манзур шумо ба ҳамсоягони хубе ниёз доред.”

Рубин мӯътақид аст, ки истротежии Тромп дар Афғонистон маҳкум ба шикаст аст, зеро рӯйкарди вай дар Афғонистон комилан якҷониба аст ва манофеъи дигар қудратҳои минтақа аз ҷумла Русия ва Чин ва Эронро низ дар назар намегирад.

Ин дар ҳолест, ки давлати Тромп нисбат ба давлатҳои гузашта ҳама чизро афзоиши дубаробарӣ додааст; ҳазинаи бештар, бомбборони бештар, низомиёни бештар, фишори бештар бар Покистон ва рӯйкарди сахттар низ дар қиболи Афғонистон барои эҷоди ислоҳот.

Ин истротежии токтикӣ аст, ки тавассути женеролҳои Тромп тарроҳӣ шуда, то аз шикаст ҷилавгирӣ кунад, дар ҳоле, ки вай истротежӣ барои пирӯзӣ надорад.

Washington Post



Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: