Ато Муҳаммад Нур: “Ҳикматёр барои гирифтани пул аз кишварҳои мухталиф, алайҳи Эрон ва шиъаён ҳарф мезанад” (филм)

Раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон дар гирдиҳамоии ҳомиёнаш дар шимоли Афғонистон эълом кард: “Гулбиддин Ҳикматёр барои гирифтани пул аз кишварҳои мухталиф, алайҳи Эрон ва шиъаён ҳарф мезанад.”

Ато Муҳаммад Нур, волии Балх ва узви меҳварии Шӯрои Олии Эътилофи Наҷоти Афғонистон, дар гирдиҳамоие, ки дар ҳимоят аз ин эътилоф дар вилояти Самангон баргузор шуд, хитоб ба Ҳикматёр гуфт: “Ту, ки ба исми қассоби Кобул машҳур ҳастӣ, бо чӣ рӯй дубора ба ин шаҳр омадаӣ?!

Волии Балх бо интиқоди шадид аз амалкарди Ҳикматёр изҳор дошт: “Ҳикматёр аз сӯи кишварҳои хориҷӣ ҳимоят мешавад ва барои пул алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шиъаён сӯҳбат мекунад.”

Ато Муҳаммад Нур изҳор дошт: “Омрико ва муттаҳидонаш ба ҷои ҳимоят аз мардуми Афғонистон, аз як гурӯҳи хосси муттаҳам ба истибдод ва инҳисори қавмӣ, ҳимоят мекунад.”

Волии Балх таъкид кард: “Пайвастани Ҳикматёр ба раванди сулҳ ҳеч дастоварде надоштааст, зеро ҳеч ҷангҷӯе аз ин ҳизб ба давлат таслим нашуда, балки Ҳикматёр бо гирифтани силоҳ аз давлат, ҷангҷӯёни худро тақвият кардааст.”

Ато Муҳаммад Нур тасреҳ кард: “Ҳикматёр ҷирахори Ангилис ва Омрикост, ки ҳеч пойгоҳи мардумӣ надорад, балки як фармондеҳи шибҳинизомӣ дар Бағлон дорад, ки ба тороҷ ва чаповули маъодин машғул аст.”

Вай ҳамчунин гуфт, ки гузоришҳое дарёфт карда мабнӣ бар ин ки дидорҳое дар Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон барои барканории ӯ аз вилояти Балх сурат гирифтааст.

Волии Балх дар ҳушдор ба Осиф Миҳманд, узви шӯрои вилоятӣ, ки алайҳи ӯ иқомаи даъво кардааст низ гуфт: “Миҳманд пашшае ҳам нест, ман бо худи Ашраф Ғанӣ рақобат мекунам, медонам, ки тавтиъае алайҳи ман дар ҷараён аст.”

Ин узви аршади Шӯрои Олии Эътилофи Наҷоти Афғонистон бо интиқод аз амалкарди Ашраф Ғанӣ, ҳукумати ваҳдати миллиро ба эҷоди нифоқи мазҳабӣ ва қавмӣ муттаҳам кард.

Вай гуфт: “Ашраф Ғанӣ на танҳо барои эҷоди нифоқ байни ақвоми тоҷик ва паштун талош дорад, балки барои эҷоди нифоқ дар Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ низ талош мекунад.”

Раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ Афғонистон гуфт: “Аз нахустин рӯзҳое, ки Ҳикматёр таслими давлат шуд, изҳороти хасмонаи худ алайҳи Ҳизби Ҷамъияти Исломиро оғоз кард.

Гуфтанист, Гулбиддин Ҳикматёр ахиран бо ишора ба волии Балх гуфта буд, ки бархеҳо шиори ҷанг сар медиҳанд, ки барои Ҳизби Исломӣ қобили таҳаммул нест ва ба касе иҷозаи сарнагунии давлатро намедиҳад.

Пеш аз ин низ Ато Муҳаммад Нур ва Ҳикматёр алайҳи ҳамдигар изҳороти тундеро баён карда буданд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: