Шахсиятҳои фарҳангӣ барои беҳбуди равобити Душанбе-Теҳрон даст ба кор шаванд

Коршиноси сиёсии тоҷик мӯътақид аст, барои беҳбуди равобит байни Тоҷикистон ва Эрон бояд фарҳангиёни ду кишвар мубтакири иқдомоти муассир ва созанда шаванд.

Бобоҷони Шафеъ, коршиноси сиёсии тоҷик, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс дар Душанбе, бар зарурати нақшофаринии ниҳодҳо ва шахсиятҳои фарҳангӣ дар ҷиҳати беҳбуди равобит байни Тоҷикистон ва Эрон таъкид кард.

Вай гуфт: “Имрӯз яке аз мавзӯоте, ки таваҷҷӯҳи қишри равшанфикри ҷомеаи Тоҷикистонро ба худ ҷалб кардааст ин аст, ки вазъияти мавҷуди равобит байни ду кишвар то чӣ замоне идома хоҳад дошт? Зеро равобит беш аз пеш дар ҳоли сард шудан буда ва ҳанӯз ҳеч нишоне аз талошҳои ҷиддӣ барои беҳбуди он ба назар намерасад.”

Шафеъ идома дод: “Ҳамеша вақте аз иртибот байни Тоҷикистон ва Эрон сӯҳбат ба миён меояд, ман шахсан ба ёди гузаштаи таърихӣ меафтам. Гузаштае, ки барои Тоҷикистон ва Эрон саршор аз ифтихороти муштараки фарҳангӣ будааст. Бинобар ин, фикр мекунам, ду миллате, ки дорои забон ва пешинаи пурифтихори муштарак мебошанд, қодир ба пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти сиёсӣ низ хоҳанд буд. Чаро ки то чанд соли пеш аз ҳамкориҳои байни Душанбе ва Теҳрон ба унвони “мушорикати истротежики табиӣ” ва “равобити хешовандӣ” ёд мешуд.”

Ин коршиноси сиёсии тоҷик изҳор дошт: “Мутаассифона тайи ду соли ахир равобит миёни ду кишвари дӯсту бародар рӯ ба тирагӣ ниҳод ва инак таомулот то ҷое маҳдуд шудааст, ки дар сурати идомаи ин вазъ ҳатто бархеҳо таътилии муносиботро низ баъид намедонанд. Вале ман ба унвони як шаҳрванди Тоҷикистон бар онам, ки раисиҷумҳури кишварам ва ҳамчунин атрофиёнаш ҳаргиз хоҳони тирагии равобит набуда ва нестанд.”

Вай, дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯ тасреҳ кард: “Албатта барои коршиносон равшан аст, ки равобит байни ду кишвар як дафъа сард нашуд. Чизе, ки ба вузуҳ ба назар мерасид ин аст, ки бо поёни риёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, таомулот миёни Душанбе ва Теҳрон бо уфти қобили таваҷҷӯҳе мувоҷеҳ шуд. Ин нукта ба вузуҳ дида мешавад, ки давлати Ҳасани Руҳонӣ саъй кард бо бархе аз авлавиятҳои мавҷуд дар сиёсати хориҷии давлати қаблӣ дар робита ба иддае аз манотиқ ва аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва мушаххасан Тоҷикистон фосила бигирад.”

Ин коршиноси тоҷик идома дод: “Ба равшанӣ дида мешавад, ки дигар мавзӯи ҳамзабонӣ ва решаҳои муштараки таърихӣ ва тамаддунӣ бо Тоҷикистон барои давлати ҷадиди Эрон арзиши чанд сол пеши худро аз даст дода буд. Ман мӯътақидам, ки беш аз ҳар чизи дигаре ин рӯйкард боиси дилсардии давлатмардони тоҷик шуд. Зеро дар он мавқеъ дар маҳофили сиёсӣ, фарҳангӣ ва расонаии Тоҷикистон ҳамвора дар робита ба ояндаи ҳамкориҳои миёни ду кишвари ҳамзабон ва ҳамкеш хушбиниҳои зиёде матраҳ мешуд. Бинобар ин фикр намекунам, ки баҳси Занҷонӣ ва ё Кабирӣ ва ҳатто дахолати тарафҳои солис асосӣ ва таъйинкунанда мебошад.”

Шафеъ бо баёни ин ки “дар сиёсат поёни ҳар ихтилоф ва ҳатто ҷангу даргирӣ тавофуқ ва сулҳ аст”, изҳор дошт: “Агар ин муҳим ҳарчи зудтар иттифоқ биафтад, ба нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Пас, ниёз ба ибтикори амал на танҳо дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз фурӯпошии бештари равобит, балки бозсозии он хоҳад буд.”

Вай афзуд: “Ман бо таваҷҷӯҳ ба пешинаи равобит байни ду кишвар тайи беш аз ду даҳаи гузашта, бар ин боварам, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳар навъ иқдоми воқеӣ барои беҳбуд бахшидан ба равобит пуштибонӣ хоҳад кард. Аммо то замоне, ки дар сатҳи сиёсӣ омодагӣ барои бардоштани нахустин гом барои тағйири воқеии вазъияти муносибот ба назар намерасад, бояд ҳамкорӣ ва таомулоти илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ идома ва тавсиъа ёбад.”

Ин коршиноси сиёсии тоҷик хотирнишон кард: “Мо насле ҳастем, ки замони истибдоди Шӯравиро пушти сар гузоштем. Шӯравӣ ба ҳеч ваҷҳ ҷонибдори барқарории иртиботи мустақими Тоҷикистон бо Эрон набуд, вале бо ин вуҷуд сиёсат наметавонист садди роҳи равобити илмӣ ва фарҳангӣ миёни тоҷикҳо ва эрониҳо шавад. Ҳатто дар сахттарин шароити сиёсӣ боз ҳам диду боздидҳои ҳайъатҳои илмӣ ва фарҳангии мутақобил сурат мегирифт.”

Ва афзуд: “Бинобар ин, чун фарҳанг омили барқароии сулҳ унвон мешавад, дар натиҷа умед аст, ки афзоиши таомул ва ҳамкориҳои миёни фарҳангиёни ду кишвар боиси коҳиши фосилаҳои сиёсӣ хоҳад шуд.”



Рубрики:Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: