Қатар: “Таҳримкунандагон шикаст хӯрданд / Замони поёни муҳосира фаро расидааст”

Мудири дафтари иртибототи давлати Қатар гуфт, ки кишварҳои таҳримкунандаи Қатар шикаст хӯрдаанд ва замони поёни муҳосираи онҳо алайҳи Дуҳа фаро расидааст.

Сайф бен Аҳмад Оли Сонӣ, мудири дафтари иртибототи давлати Қатар, дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт: “Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср дар мутақоъид кардани давлатҳо барои маҳкум кардани Қатар шикаст хӯрданд ва замони он расидааст, ки муҳосираи Қатар поён ёбад.

Вай навишт: “Беш аз 80 рӯз аз муҳосираи ғайриқонунӣ алайҳи кишвари Қатар мегузарад ва кишварҳои муҳосиракунанда талош мекунанд, то бо таблиғоти муғризона бар афкори умумӣ таъсир бигузоранд.”

Ин масъули қатарӣ афзуд: “Кишварҳои муҳосиракунанда милюнҳо дулор дар заминаи расонаӣ ва таблиғотӣ дар қолаби “Кампини хадша ворид кардани ҳадафманд ба эътибори Қатар” ҳазина мекунанд; дар ҳоле, ки Қатар пули худро барои манофеи шаҳрвандонаш ва ба таври хосс омӯзиш ҳазина мекунад.”

Вай афзуд: “Ҳамалоти таблиғотии муғризонаи кишварҳои таҳримкунанда боис нахоҳад шуд, ки ҳақоиқ тағйир кунад. Ҳамон тавр, ки ин кишварҳо дар расидагӣ ба парвандаҳои теруризм низ ноком шудаанд.”

Сайф Оли Сонӣ тасреҳ кард: “Кишвари Қатар узви аслии эътилофи байналмилалии мубориза бо теруризм аст ва аз ин рӯ, ёддошти тафоҳуме бо Омрико имзо кардааст. Ин корест, ки кишварҳои муҳосиракунандаи Қатар анҷом надодаанд.”

Вай дар поён навишт: “Бӯҳрон байни кишварҳои араби ҳавзаи халиҷ (-и Форс) ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои Шӯрои ҳамкориро бо чолише бо худ ва соири кишварҳо мувоҷеҳ кардааст. Замон барои поёни муҳосира фаро расидааст.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: