Арабистон ба дунболи тағйири низоми ҳоким дар Қатар / Дуҳа мизбони мухолифони саудӣ

Мақолае дар рӯзномаи Раъюл-явм

Дар ҳоле ки бӯҳрони равобити меҳвари саудӣ бо Қатар вориди масоили мамнӯъа шуда ва хатти қирмизҳоро пушти сар гузоштааст, ҳар як аз тарафайн бо иттихози мавозеъи тунд ва хатарнок, ба дунболи муқобила ба мисл бо тарафи муқобил аст.

Дар ин миён Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ки имрӯз вориди Кувайт шуд, 8-умин воситаест, ки талош дорад барои бӯҳрони арабӣ байни меҳвари саудӣ ва Қатар роҳи ҳалли мусолиматомез пайдо кунад, аммо ба назар мерасад, ӯ аз миёнҷиҳои қаблӣ аз ҷумла Рикс Тилерсун, ҳамтои омрикоии худ, шонси бештаре нахоҳад дошт.

* * *

Маъмурияти душвори вазири умури хориҷаи Русия

Лавров, ки дар чорчӯби ин сафар озими се кишвари араби ҳошияи халиҷи Форс — шомили Кувайт, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ — хоҳад шуд, ба хубӣ мутаваҷҷеҳи маъмурияти душвори худ аст, аз ҳамин рӯ умеди зиёде ба мизбонони худ намедиҳад.

* * *

Ҳамалоти расонаӣ ва лаҳни тунд; оштӣ мӯъҷиза аст!

Акнун беш аз 80 рӯз аз оғози бӯҳрон байни чаҳор кишвари арабӣ — шомили Арабистон, Миср, Баҳрайн ва Аморот — бо Қатар гузаштааст ва дар ин фосила бӯҳрони равобити ду тараф шиддат пайдо кардааст, то ҷое, ки таҳаввулот ва мавозеъи тунди ду тарафро ба намоиш гузоштааст. Ва ба ин тартиб, имкони оштӣ ва бозгашти авзоъро ба раванди тақрибан шабеҳи он чи дар гузашта ҷараён дошт, ғайримумкин кардааст. Инро метавон аз ҳамалоти расонаӣ ва лаҳни тунд ва таҳрикомези ду тараф алайҳи якдигар мутаваҷҷеҳ шуд.

Дар ин миён меҳвари саудӣ ва Қатар вориди масоили мамнӯъа шуда ва тамоми хатти қирмизҳоро нақз карда ва арзишҳо ва урфу адабиёти ихтилофро низ зери по гузоштаанд, ва ба ин тартиб, дастёбӣ ба роҳи ҳал дигар воқеият надорад, магар ин ки мӯъҷизае рух диҳад.

* * *

Арабистон ба дунболи тағйири низоми ҳоким дар Қатар

Дар ин миён хатарноктарин таҳаввул дар раванди бӯҳрони ду тараф, оғози талош барои тағйири низом дар Қатар аст, ва ин кишвар низ дар муқобил ба ҳамин силоҳ мутавассил шуда ва аз мухолифони саудӣ истиқбол мекунад ва дар ҳоли шартбандӣ бар рақибони хонадони ҳокими саудӣ яъне хонадони Оли Рашид аст, ки дар шаҳри ҳоил барои худ ҳукумат ташкил дода ва чанд даҳа дар онҷо қудратро дар даст доштанд ва барои муқобила бо Оли Сауд бо усмониҳо эътилоф карда буданд.

* * *

Талоши Арабистон барои эҷоди шикоф дар хонадони ҳокими Қатар

Аз сӯи дигар, раҳбарони саудӣ бо иқдоме бисёр муҳим ва хатарнок ҳамаро ғофилгир карданд, ба ин маънӣ, ки аз шайх Абдуллоҳ бен Алӣ Оли Сонӣ, бародари шайх Аҳмад бен Алӣ Оли Сонӣ (аввалин амири Қатар пас аз истиқлол) истиқбол карданд.

Ин дар ҳолест, ки Аҳмад бен Алӣ Оли Сонӣ дар кудетое ба раҳбарии писарамуи худ шайх Халифа бен Ҳамад Оли Сонӣ (ҷадди амири кунунии Қатар) дар соли 1972 барканор шуд.

Ҳадафи Арабистон аз ин иқдом, эҷоди шикоф дар хонадони ҳокими Қатар ва зинда кардани ихтилофот байни онон аст, зеро шайх Абдуллоҳ Оли Сонӣ бо истиқболи болотарин мақомоти Арабистон ва пеш аз ҳама Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ дар қасри Ассалом дар Ҷадда рӯ ба рӯ шуд ва ҳамчунин дар шаҳри Танҷаи Мағриб (Марокаш) меҳмони Малик Салмон буд, ки дар он ҷо таътилоти тобистонии худро сипарӣ мекунад.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки: раҳбарони саудӣ ба истиқболи расмӣ аз шайхи “ҷойгузин”-и қатарӣ ва хитоб қарор додани ӯ ба унвони “Амир” иктифо накарданд, балки аз ин фаротар рафтанд ва мақарреро барои ӯ дар Риёз ташкил доданд, ки теъдоди зиёде корманд ва коршинос дар он ҷо мустақар шуданд ва будҷаи ҳангуфтеро ба он ихтисос доданд, то бар масоили шаҳрвандони қатарӣ ба вежа ҳоҷиёни ин кишвар дар Арабистон назорат дошта бошад.

* * *

Аҳруми фишори эҳтимолии Арабистон алайҳи Қатар чист?

Ин ки меҳвари саудӣ дар оянда чӣ дастури кор ва нақшаҳоеро дар муқобила бо Қатар дар пеш хоҳад гирифт, мушаххас нест, аммо ин суол матраҳ аст, ки оё аз вуҷуди шайх Абдуллоҳ Оли Сонӣ ба унвони аҳруми фишор алайҳи сарони Қатар истифода хоҳад кард, то онро ба пазириши шартҳои 13-гона водор созад? Ё ин ки ба дунболи тағйири низоми ҳокими Қатар ва рӯи кор овардани шайх Абдуллоҳ ва хонадони ӯ (Бен Алӣ) аст?

Агар эҳтимоли гузинаи дуввум ё ҳамон рӯи кор овардани шайх Абдуллоҳ қуввати бештаре дорад, суоли дигар ин аст, ки чӣ гуна “амири ҷадид” ба қудрат хоҳад расид? Аз тариқи эҷоди нооромӣ ё кудетои дохилӣ ва ё ҷанги хориҷӣ?

Дар муқобил, давлати Қатар акнун дар омодабоши комил ба сар мебарад ва саргарми размоишҳои муштарак бо нерӯҳои минтақаӣ аз ҷумла Омрико ва Туркия аст ва бо кӯмак гирифтан аз муттаҳидони байналмилалӣ бар асоси усули диплумосии фаъол тавонистааст бӯҳронро маҳор кунад.

Яке аз муттаҳидони Қатар Туркия аст, ки нерӯҳои худро вориди хоки Қатар кардааст, ва Эрон низ ҳимояти сиёсӣ ва иқтисодии худ аз Дуҳаро пинҳон накардааст, ва дар муқобил Дуҳа низ сафири худро ба Теҳрон бозгардонд, ҳол он ки дар пайи ҳодисаи сафорати Арабистон дар Теҳрон ба манзури эъломи ҳамбастагӣ бо Риёз сафири худро аз Эрон хориҷ карда буд.

* * *

Хашми Арабистон ва муттаҳидонаш аз таҳкими равобити Қатар бо Эрон

Ин наздик шудани Қатар ба Эрон, ва ба иборати беҳтар, таҳкими равобит бо он, хашми меҳвари саудиро ба дунбол доштааст.

Ҳанӯз авзоъи кунунӣ монанди оташи зери хокистар аст ва эътилофи чаҳоргона ба раҳбарии Арабистон тамоми имконоти молӣ ва расонаии худро алайҳи Қатар ба кор гирифтааст.

Бо ин тавзеҳот ва дар партави печидагии авзоъи кунунӣ, вазири хориҷаи Русия таҳти унвони миёнҷигарӣ барои ҳалли бӯҳрон вориди минтақа шудааст, ҳол он ки итминон дорем сафари ӯ низ ба ҳамон сарнавишти сафари Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия мунтаҳӣ хоҳад шуд ва ҳеч гуна дастоварде нахоҳад дошт, албатта ба ҷуз як тафовути кучак, ва он ин ки чи басо Лавров бо бархе қарордодҳо ва муомилоти тиҷорӣ ва низомӣ ба Маскав бозгардад, зеро ӯ дар ин бӯҳрон ҷонибдори ҳеч як аз тарафайн нест, балки бо ҳамаи тарафҳо равобити хубе дорад.

Дар ин миён бояд дар назар дошт, ки эҳтимол дорад бӯҳрони халиҷи Форс беш аз он чи интизор меравад, ба дарозо бикашад ва Лавров низ охирин миёнҷӣ нахоҳад буд.

Raialyoum



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: