1 сентябр – рӯзи нофармонии миллӣ

Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, пешниҳод кардааст, рӯзи 1-уми сентябр, ки мусодиф бо Иди Қурбон аст ва мақомот онро рӯзи таҳсил эълом кардаанд, рӯзи нофармонии миллӣ унвон шавад. Ӯ аз ҷамиъи донишомӯзон ва муаллимон хостааст, дар ин рӯз ба мадорис ҳозир нашаванд.

Ӯ дар ин ёддошт навишта:

Иди Қурбонро рӯзи корӣ эълон кардани мақомоти кишваре, ки 98 дарсади ҷамъияташро мусалмонон ташкил медиҳанд, ба мардум ҳаққи тазоҳурот медиҳад.

Пешниҳод: Ин рӯз бояд рӯзи умумимиллии нофармонӣ (День общенационального неповиновения) эълон шавад!

Даъвати банда аз тамоми волидайни муҳассилини макотиби миёна, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, коллеҷҳо, макотиби олӣ ва мӯҳтарам омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилот: Рӯзи 01.09.2017 аз ҳуқуқи конститутсионии худ дифоъ карда, ҳама чун як тан аз ширкат дар таҳсил ва тадрис худдоӣ кунед. Ин ҳуқуқи конститутсионӣ ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост, ки аз муқаддасоти худ дифоъ намоем. Аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунам, ки сар аз имрӯз то Иди Қурбон ҳамаи масъалаҳои ҷузъиро як сӯ гузошта дар ин тазоҳурот бо пиёдасозии флешмоби густарда саҳим бошед.”



Рубрики:Пароканда, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: