Аҳком ва одоби Иди саъиди Қурбон

Иди Қурбон яке аз идҳои бузурги исломӣ ба шумор меояд. Дар шариати муқаддаси ислом барои Иди Қурбон аҳком ва одобе вуҷуд дорад, ки дар ин навиштор ба баёни онҳо пардохта мешавад.

1) Аҳкоми такбироти ташриқ:

Хондани такбироти ташриқ — яъне хондани:

الله اکبر، الله اکبر، لا اله الا الله والله اکبر، الله اکبر ولله الحمد

Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, Аллоҳ Акбар ва лиллоҳилҳамд” — баъд аз намозҳои фарз бо садои баланд бар ҳар намозгузор воҷиб аст.

* Шурӯи ин такбирот аз намози субҳи рӯзи Арафа (9-уми зилҳиҷҷа) то асри 13-уми зилҳиҷҷа идома дорад. (Ҳидоя, ҷ.1, с.104)

* Занон аз он ҷиҳат, ки садояшон барои номаҳрам аврат аст, ин такбиротро оҳиста мехонанд.

2) Суннатҳои Иди Қурбон:

* Ғусл кардан;

* Хушбуӣ ва атр истеъмол кардан;

* То баъд аз намози ид чизе нахӯрдан;

* Хондани такбирот бо садои баланд дар масири намозгоҳ. (Яъне суннат аст вақте ба намозгоҳ барои баргузории намози ид меравед, аз дами манзил то намозгоҳ бо садои баланд такбир бигӯед);

* Тағйири масир дар ҳангоми баргашт.

3) Тариқаи адои намози ид:

Намози Иди Қурбон монанди ду ракъат намози субҳ адо мешавад; бо ин фарқ, ки дар ибтидо нияти намози идро мекунанд, сипас баъд аз “Субҳонакаллоҳумма…” (ки дастбаста хонда мешавад), имом ба ҳамроҳи намозгузорон се такбир — бо баланд кардан ва раҳо кардани дастҳо — мегӯянд, баъд дастҳоро мебанданд. Ва дар ракъати дуввум, баъд аз поёни қироат се такбир — бо баланд кардан ва раҳо кардани дастҳо — мегӯянд ва бо такбири чаҳорум ба рукӯъ мераванд ва сипас намозро комил мекунанд.

4) Қурбонӣ:

а) Фармудаҳои Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар фазилат ва аҳаммияти қурбонӣ:

* Харҷ кардани мол дар ҳеч ҷое он қадр назди Худованд маҳбуб нест ба монанди ҳайвоне, ки дар рӯзи ид қурбонӣ мешавад. (Ривояти Табаронӣ)

* Ҳеч амали инсон дар рӯзи Иди Қурбон ба пояи қурбонӣ намерасад, магар рафту омад ва некӣ бо хешовандон. (Ривояти Табаронӣ)

* Касе, ки тавоноии қурбониро дошта бошад ва қурбонӣ накунад, пас ҳаргиз ба идгоҳи мо (мусалмонон) ҳозир нашавад. (Аттарғиб)

б) Қурбонӣ бар чӣ касоне воҷиб аст:

* Бар ҳар мусалмоне, ки муқим (ғайри мусофир) ва “молики нисоб” бошад, қурбонӣ воҷиб аст. “Молики нисоб” ба касе гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои ид амволи ӯ — ба ғайр аз манзиле, ки дар он сукунат дорад ва василае, ки барои истифодааш аст ва ба ғайр аз либосу зарфҳову дигар заруриёти зиндагиаш — ба ҳадди нисоби закот расида бошад. Ҳадди нисоби закот 20 мисқоли шаръии тилло ё қимати он аст. 20 мисқол баробар аст бо 87.479 грамм. Албатта дар нисоби қурбонӣ, гузаштани як сол бар мол шарт нест.

* Қурбонӣ бар фақир ва мусофир воҷиб нест, аммо агар қурбонӣ карданд, аҷри комил ба онҳо мерасад.

* Зане, ки қимати зеваролот ва дигар мавориди ғайризарурияш ба ҳадди нисоби мазкур бирасад, қурбонӣ барои ӯ низ воҷиб мешавад.

* Агар сармоя ва даромади падар ва фарзандони болиғ муштарак бошад ва дар сурати тақсим ба ҳар як, ба ҳадди нисоб ва ё бештар бирасад, бар ҳар кадом аз падару фарзандон ҷудогона қурбонӣ воҷиб аст.

в) Қурбонии чӣ ҳайвоноте саҳеҳ аст:

* Қурбонии гӯсфанд ва бузи 1-сола, гови 2-сола ва шутури 5-сола дуруст аст (нару мода баробар аст).

* Агар барраи 6-моҳа ё бештар, ба андозае ҷуссааш бузург шуда бошад, ки дар миёни гӯсфандони 1-сола ташхис дода нашавад, қурбонии он низ ҷоиз аст.

* Гӯсфанд аз як нафар ва гову шутур аз 7 нафар ё камтар ба шарти ин ки ҳамагӣ нияти қурбонӣ ва тақарруб дошта бошанд ҷоиз аст.

г) Қурбонии ҳайвоноте, ки дорои айбҳои зерин бошанд ҷоиз нест:

* Ҳар ду чашм ё як чашми ҳайвон нобино бошад;

* Ҳайвон ба гунае фалаҷ бошад, ки худаш натавонад ба маҳалли забҳ биравад ва ҳамчунин ҳайвоне, ки бар се по роҳ меравад ва пойи чаҳорумро аслан бар замин намегузорад;

* Ба андозае лоғар бошад, ки мағзи устухонаш хушк шуда бошад;

* Нисфи дандонҳо ё бештар аз нисф афтода бошад;

* Модарзодӣ гӯш надошта бошад ё нисфи гӯш ё бештар аз нисф қатъ шуда бошад;

* Модарзодӣ дум надошта бошад ё нисф ё бештар аз нисфи дум ё думба қатъ шуда бошад;

* Бинии ҳайвон қатъ шуда бошад;

* Сари пистон қатъ бошад ё пистон хушк шуда бошад ё шираш куллан хушк шавад ё пистон ба гунае захмӣ бошад, ки натавонад баччаро шир бидиҳад;

* Хунсо (ҳайвоне, ки нару мода буданаш маълум нашавад);

* Ҳайвоне, ки фақат мадфуъ мехӯрад;

* Шикастагии шох дар ҳадде бошад, ки ба мағз бирасад;

* Ҳайвоне, ки забонаш ба гунае қатъ бошад, ки натавонад алаф бихӯрад;

* Ҳайвоне, ки маризиаш зоҳир бошад.

д) Тариқаи қурбонӣ кардани гӯсфанд:

* Ибтидо нияти худро аз қурбонӣ фақат ризои Худованд қарор диҳад ва ҳар нияти дигаре аз ҷумла гӯшт хӯрдан, дафъи таънаи мардум ва риёро аз қалби худ дур кунад.

* Чоқуро ба хубӣ дур аз чашми ҳайвон тез кунад.

* Ду даст ва як пойи ҳайвонро бибандад;

* Ҳайвонро бар паҳлӯӣ чап рӯ ба қибла бихобонад;

* Худ низ рухашро ба самти қибла намояд;

* Бо дасти рост бо гуфтани “Бисмиллоҳ, Аллоҳу Акбар” ҳулқум, марӣ ва ду раги хунро дар маҳалли ҳалқ қатъ кунад ва саъй кунад нухоъи ҳайвон қатъ нашавад, зеро макрӯҳ аст. Баъд аз забҳ ин дуоро бихонад:

اللهم هذا منک ولک صلوتی ونسکی ومحیای و مماتی لله رب العالمین لا شریک له بذلک امرت وانا من المسلمین، اللهم تقبّل منّی

Аллоҳумма ҳозо минка ва лака, салотӣ ва нусукӣ ва маҳёя ва мамотӣ лиллоҳи раббил-ъоламин ло шарика лаҳу би золика умирту ва ана минал-муслимин, аллоҳумма тақаббал миннӣ”. Баъд ҳайвонро раҳо кунад, то ҷон диҳад ва сард шавад.

е) Вақти қурбонӣ:

* Дар ҷое, ки намози ид баргузор мешавад, агар касе қабл аз намози ид қурбониашро забҳ кард саҳеҳ нест, ва дар ҷое, ки намози ид воҷиб нест ва баргузор намешавад, баъд аз дамидани субҳи рӯзи ид метавонад ҳайвони қурбониро забҳ кунад.

* Дар рӯзи аввал, дуввум ва севвуми ид метавонад қурбонӣ кунад, аммо рӯзи аввал афзал аст.

* Касе, ки қурбонӣ бар ӯ воҷиб буд ва дар айёми ид бино бар далоиле натавонист қурбонӣ кунад, ин воҷиб аз ӯ соқит намешавад ва бояд баъдан қимати қурбониро садақа кунад.

* Мустаҳаб аст, ки ҳар кас худаш қурбонияшро забҳ кунад ва ё ҳаддиақал дар вақти забҳи ҳайвон ҳозир ва шоҳид бошад.

* Мустаҳаб аст, ки гӯшти қурбонӣ се ҳисса шавад: як ҳисса ба фуқаро садақа шавад, ва як ҳисса ба хешовандон ва дӯстон ҳадия шавад, ва мобақиро худ масраф кунад.

* Додани пӯст, гӯшт ва дигар қисматҳои ҳайвони қурбонӣ ба унвони музд ба қассоб, ба ҳеч ваҷҳ дуруст нест.

Реклама


Рубрики:Ислом, Омӯзаҳои набавӣ, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: