Вақте қурбонӣ муттаҳам мешавад…

Дар ҳоле ки куштори мусалмонони Руҳингиё ҳамчунон идома дорад, Он Сон Су Ҷӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нубел, қурбониёни ҷиноятҳои будоиёнро “терурист” хонда ва ниҳодҳои ҳуқуқи башариро низ мавриди интиқод қарор медиҳад.

Вазъияти мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор ҳамчунон вахим аст ва гузориши расонаҳои мухталифи ғарбӣ ҳикоят аз идомаи куштори ин афрод аз сӯи будоиён идома дорад.

Дар ҳамин робита, имрӯз (сешанбе, 29.08.2017) Euronews бо ишора ба ин вазъият, изҳороти ҷадиди Он Сон Су Ҷиро пӯшиш дода ва менависад: “Дафтари Он Сон Су Ҷӣ, мушовири давлатӣ ва сухангӯи раисиҷумҳури Миёнмор, имдодгарони байналмилалиро ба ҳамроҳӣ бо теруристҳо дар кишвараш муттаҳам кард.”

Манзури Су Ҷӣ аз “теруристҳо” ҳамон мусалмононе ҳастанд, ки будоиён онҳоро ба шадидтарин ваҷҳ мекушанд. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ мегӯянд, хонум Су Ҷӣ бояд “иттиҳомпароканиҳои ғайримасъулона”-ро мутаваққиф кунад. Ба гуфтаи ин гурӯҳҳо, “хушунатҳои маргбор дар вилояти Рохин мӯҷиби ҳарос ва нигаронии имдодгарон аз идомаи фаъолиятҳои башардӯстона шудааст.”

Дафтари Он Сон Су Ҷӣ бо интишори баёнияе эълом кард: “Дар ҳоле, ки теруристҳои тундрав дар рустое дар вилояти Рохин дар муҳосира буданд, нерӯҳои байналмилалӣ вориди амал шуданд.”

Ин баёнияи давлатӣ дар ҳоле имдодгарони байналмилалиро муттаҳам ба “ҳимоят аз теруристҳо” мекунад, ки эҳсосоти исломситезона дар миёни раҳбарони мазҳабии ин кишвар, ки будоӣ ҳастанд, ба авҷи худ расидааст.

Дар гузорише, ки дар феврали соли ҷорӣ мунташир шуд, артиши Миёнмор ба далели анҷоми ҳамалоти мутаъаддид ба ақаллияти мусалмони ин кишвар, ба иртикоби ҷароим алайҳи башарият муттаҳам шудааст.

Он Сон Су Ҷӣ, раҳбари миллии Миёнмор ва барандаи ҷоизаи Нубел, ки худ солҳо мавриди ғазаби ҳукумати кишвараш буд ва дар боздошти хонагӣ ба сар мебурд, ҳеч гоҳ ба дифоъ аз мусалмонон барнахост, ва дар муқобил гуфта мешавад, иқдоми артиш дар саркӯби мусалмононро таъйид мекунад.

Дафтари ӯ низ дастрасии имдодрасонони байналмилалӣ ва хабарнигорон ба манотиқи даргириҳоро барои моҳҳо амалан ғайримумкин карда буд. Мунтақидони сиёсатҳои нахустини давлати ғайринизомии Миёнмор дар ним қарни ахир, Су Чӣ ва муттаҳидонашро ба талош барои беэътимод кардани нозирони байналмилалӣ дар фазои ҷомеаи ин кишвар муттаҳам мекунанд.

Дар моҳи гузашта низ Созмони Милали Муттаҳид зимни ибрози нигаронӣ дар бораи вазъияти мусалмонони Руҳингиё эълом кард, ки ба мӯҷиби хушунатҳои артиши Миёнмор, беш аз 80 ҳазор кӯдаки мусалмон дар остонаи қаҳтӣ ва гуруснагӣ қарор гирифтаанд.

Бар асоси эъломи ҷадиди Созмони Милал, садҳо ҳазор кӯдаки мусалмон дар Миёнмор аз гуруснагӣ ранҷ бурда ва барои ҷилавгирӣ аз қаҳтӣ дар як соли оянда ниёз ба кӯмакҳои фаврӣ доранд.

Ин ҳушдори Созмони Милал пас аз баррасии 45 русто дар вилояти Рохин аз сӯи намояндагони “Барномаи ҷаҳонии ғизо”-и Созмони Милал содир шуд. Бар асоси эъломи Созмони Милал, хушунатҳои ахири артиши Миёнмор мӯҷиб шуда то 75 ҳазор нафар аз сокинони ин 45 русто маҷбур ба тарки хонаҳояшон шаванд.

Дар соли гузашта низ Созмони Милали Муттаҳид зимни ибрози нигаронии муҷаддад дар бораи вазъияти мусалмонони Руҳингиё ҳушдор дод, ки мумкин аст давлати Миёнмор иқдом ба ихроҷи ҳамаи мусалмонон аз ин кишвар кунад.

Ёнг Ҳи Ли, намояндаи вежаи Созмони Милал, ки бар вазъияти мусалмонони руҳингиёии фирорӣ аз Миёнмор ба Банглодеш назорат мекунад, гуфт: “Бояд як таҳқиқи байналмилалӣ дар мавриди ранҷҳои мусалмонони Руҳингиё анҷом шавад.”

Ин мақоми Созмони Милал низ бо ишора ба эҳтимоли ихроҷи тамоми мусалмонони Руҳингиё аз Миёнмор, гуфт: “Ҳадафи ниҳоии ҳокимияти Миёнмор метавонад поксозии ин кишвар аз вуҷуди мусалмонон бошад.”

Вай гуфт: “Паноҳҷӯёни Руҳингиё гуфтанд, занони мусалмон мавриди таҷовузи гурӯҳии нерӯҳои давлатӣ қарор мегиранд, гулӯи афрод бурида мешавад ва кӯдакон ба дохили оташ андохта мешаванд.”

Ли дар баёнияе эълом кард, вай мавориди ваҳшатноке аз саркӯб дар Миёнмор шунида, ки аз октябри гузашта дар вилояти Рохин оғоз шуда ва мӯҷиби фирори даҳҳо ҳазор мусалмони Руҳингиё ба минтақаи “Кокс бозор”-и Банглодеш шудааст.

Созмони Милал пештар низ дар бораи хушунат алайҳи ақаллияти Руҳингиё дар вилояти Рохини Миёнмор ҳушдор дода ва ин хушунатҳоро муъодили ҷиноят алайҳи башарият унвон карда буд.

Зайд бен Раъд ал-Ҳусайн, кумисари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, дар гузориши солонаи худ дар соли гузашта, зимни маҳкум кардани ҷиноятҳои давлати Миёнмор алайҳи мусалмонони Руҳингиё, аз коршиканӣ ва ихлол дар кори дафтари кумисари ҳуқуқи башар барои пайгирии ин мавзӯъ интиқод кард.

Ба гуфтаи вай, мадорики мувассақе мабнӣ бар саркӯби ақаллияти Руҳингиё дар Миёнмор ва ситамҳое, ки нисбат ба ин қавм раво мешавад, вуҷуд дорад.

Раъд ал-Ҳусайн бо ироаи ин гузориш дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал, эълом кард: “Он чи бар сари мусалмонони Руҳингиё меояд, дар ҳадди ҷиноятҳои ҷангӣ ва ниёзманди анҷоми таҳқиқи байналмилалӣ аст.”

Заъфи давлати марказии Миёнмор ин қудратро ба ақвом ва қабоили тундрави ин кишвар додааст, то иқдомоти ваҳшиёна ва хушунатбореро бар зидди ақаллияти мусалмон эъмол кунанд. Тин Син, раисиҷумҳури Миёнмор, 6 май дар суханоне муддаӣ шуд, ки давлати Миёнмор мутаъаҳҳид ба эҷоди ҷомеае ором ва ҳамоҳанг дар устони Рохин аст.

Мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор солҳост, ки бо саркӯби густарда аз сӯи будоиён мувоҷеҳ ҳастанд ва дар ағлаби маворид нерӯҳои давлатӣ ва амниятии Миёнмор низ аз иқдомоти будоиёни терурист ҳимоят мекунанд.

Mehrnews



Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: