Натонёҳу: “Шикасти ДОЪИШ дар Сурия чандон ҳам хуб нест”

Нахуствазири “Исроил” бо баёни ин ки “Эрон ба дунболи ҷанг бо Исроил аст” гуфт: “Шикасти ДОЪИШ дар Сурия чандон ҳам хуб нест; зеро Эрон ба сурати созмондеҳишуда ба самти манотиқе, ки ДОЪИШ онҳоро тарк мекунад меравад.”

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири “Исроил”, дар мусоҳиба бо шабакаи 20-и телевизиюни ин кишвар, ҳамчунин Эронро муттаҳам кард, ки “барои оғози ҷанг бо Исроил талош мекунад ва бо ҳамин ҳадаф низ нерӯҳои низомии худро дар манотиқе, ки ДОЪИШ онҳоро тарк мекунад мустақар месозад.”

Вай афзуд: “Дар чанд ҳафтаи ахир, вазъияти Ховари Миёна дар ҳоли тағйир аст, ба шакле, ки эҳтимоли бузурге барои пирӯзии бузурги байналмилалӣ алайҳи ДОЪИШ дар Сурия вуҷуд дорад.”

Натонёҳу афзуд: “Ин иттифоқ, ҳамзамон ҳам хуб аст ва ҳам бад. Бад аст зеро Эрон ба сурати созмондеҳишуда ба самти манотиқе, ки ДОЪИШ онҳоро тарк мекунад меравад.”

Натонёҳу идома дод: “Эрон ин мавзӯъро махфӣ намекунад, ки дар ҳоли барномарезӣ барои истиқрори низомиёнаш ва неруҳои ҳавоӣ, дарёӣ ва заминиаш дар манотиқе аз Сурия аст, ки ДОЪИШ аз онҷо хориҷ шуда. Яке аз аҳдофи ин иқдом, оғози ҷанг алайҳи Исроил аст. Возеҳ аст, ки ин тағйир, мо ва кишварҳои минтақа ва ба назарам кулли ҷаҳонро таҳдид мекунад.”



Рубрики:Сиёсат

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: