Ҳушдори Эрон ва Туркия ба давлати Миёнмор

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, зимни ибрози нигаронӣ аз тадовуми хушунатҳо ва поймол шудани ҳуқуқи мусалмонон дар Миёнмор, ба давлати ин кишвар ҳушдор дод, то “монеъ аз тадовуми нақзи ҳуқуқи мусалмонон ва ниҳодина шудани ин шароити ғайриинсонӣ ва хушунатомез шавад”. Ва ин дар ҳолест, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия низ, бо ба шиддат маҳкум кардани куштори мусалмонони ин кишвар, гуфт: “Мутаассифона ҷаҳониён ин фоҷеаро на мебинанд ва на мешунаванд.”

Ба гузориши ИРНО, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, бо ишора ба тадовуми иқдомоти ғайриинсонӣ ва хушунтомез алайҳи мусалмонон дар Миёнмор, изҳор дошт: “Дар чорчӯби эҳтиром ба ҳуқуқи аввалия ва каромати инсонӣ ба унвони як ҳинҷори шинохташудаи байналмилалӣ, давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба идомаи тазйеъи ҳуқуқи мусалмонон дар Миёнмор, ки мунҷар ба кушта шудан ва ҳамчунин муҳоҷирати иҷбории теъдоди бисёре аз онон шудааст, қавиян ибрози нигаронӣ карда ва нохурсандии худро аз идомаи ин вазъияти асафбор ва куштор ва оворагии мусалмонони Миёнмор эълом медорад.”

Баҳроми Қосимӣ дар ҳамин росто ба давлати Миёнмор ҳушдор дод, то бо тадбир ва бакоргирии сиёсати воқеъгароёна ба манзури барқарории сулҳ ва ҳамзистии мусолиматомез иқдом намуда ва монеъ аз тадовуми нақзи ҳуқуқи мусалмонон ва ниҳодина шудани ин шароити ғайриинсонӣ ва хушунатомез шавад.

* * *

Ардуғон: “Куштори мусалмонони Миёнморро аз мароҷеъи байналмилалӣ пайгирӣ мекунем”

Дар ҳамин росто, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, куштори мусалмонони Миёнморро ба шиддат маҳкум карда гуфт: “Ин рӯйдоди талхро аз мароҷеъи байналмилалӣ аз ҷумла Созмони Милал пайгирӣ мекунем.

Ардуғон рӯзи сешанбе (29.08.2017) дар вокуниш ба хабари куштори мусалмонон дар Миёнмор афзуд: “Мутаассифона ҷаҳон дар қиболи масъалаи ҷиноят алайҳи мусалмонон дар Миёнмор сокит мондааст ва ҷаҳониён ин фоҷеаро на мебинанд ва на мешунаванд.”

Вай, ҳодисаи ахири куштор ва ихроҷи мусалмонони миёнморӣ дар Банглодешро низ ҳодисае бисёр дарднок донист ва баён кард: “Мутаассифона ҳудуди се ҳазор мусалмон дар тангно қарор гирифта ва ҳатто заминаи марги онҳо ба гунае фароҳам шудааст.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: