Чаро фоҷеаи Миёнмор бо вокуниши сарде аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ аст?

Мақолае аз Муҳаммад Маҳдии Мазоҳирӣ, устоди Донишгоҳи Теҳрон

Дар рӯзҳои ахир, дар ҳоле, ки шикастҳои пай дар пайи гурӯҳи ифротгарои ДОЪИШ дар Ироқ ва озодсозии Талаъфар ба хабари хуб, ва пешравиҳои Толибон дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон ва ҳамлаҳои мукаррари онҳо ба мардум ва низомиёни ин кишвар ба хабари талхи расонаҳои ҷаҳон табдил шуда, дар гӯшае дигар аз ҷаҳон, фарсангҳо дуртар аз Ховари Миёнаи пурошӯб, ифротгароиҳое аз ҷинси ғайриисломӣ бедод мекунад, ки ин бор мусалмонон қурбониёни аслии он ҳастанд. Ҷиноёте ҳамчун ба оташ кашидани хонаҳои мусалмонон, таҷовуз ба занони онҳо дар малаъи омм, маслуб кардани мардони мусалмон ва оташ задани зинда-зиндаи онҳо, ки ҳарчанд чизе кам аз хушунат ва қасовати ДОЪИШ надоранд, аммо ба далоиле хосс, ба титри яки расонаҳо табдил намешавад. Ҳеч созмони байналмилалӣ вазифаи худ намедонад, ки фаротар аз маҳкумият коре анҷом диҳад ва ҳеч кишвари ғарбӣ ташкили эътилоф барои муқобила бо ин амрро масъулияти инсонии худ намебинад.

Аммо фоҷеаи Миёнмор аз куҷо нашъат мегирад ва чаро бо чунин вокуниши сарде аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудааст?

Миёнмор, бо номи пешини Бирма, кишварест дар ҷануби шарқии Осиё, ки таркибе аст аз ақвом ва мазоҳиби гуногун. 68 дарсад аз мардуми Миёнмор аз табори бирмаӣ ва бақия аз дигар ақвом ҳастанд. Ҳамчунин аз назари мазҳабӣ низ 89 дарсад аз мардуми Миёнмор будоӣ, 4 дарсад масеҳӣ, 4 дарсад мусалмон ва 1 дарсад низ пайрави ойини ҳинду ҳастанд. Ин кишвари осиёӣ низ ҳамчун бархе дигар аз ҳамсоягонаш аз мустаъмараҳои Бритониё буд, ки дар соли 1948 ба истиқлол расид. Аз замони истиқлол, ин кишвар шоҳиди даргириҳои дарозмуддат миёни ақвоми пуршумори худ буда ва яке аз тӯлонитарин ҷангҳои дохилиро ба худ дидааст. Дар соли 1982 қонуни ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Миёнмор ба тасвиб расид, ки ба воситаи ин қонун аз миёни 144 қавмияти мавҷуд дар Миёнмор 135 қавмият ҳаққи шаҳрвандӣ дарёфт карданд ва 9 даста аз ақвоми ақаллият аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум шуданд, ки бузургтарини ин қавмиятҳо, қавми мусалмони Руҳингиё аст. Бар ин асос, на Тин Син, раисиҷумҳури Миёнмор ва на ҳатто хонум Он Сон Су Ҷӣ, ки самбули муборизоти демукросихоҳӣ дар Миёнмор аст, мусалмонони ин минтақаро шаҳрвандони Миёнмор намедонанд ва хоҳони муҳоҷират ё ихроҷи онҳо ҳастанд.

Ба далели ҳокимияти чунин шароите дар кишвари Миёнмор, то кунун даҳҳо ҳазор мусалмони Руҳингиё аз тарси хушунатҳои аксарияти будоӣ ва ҳатто низомиёни Миёнмор гурехтаанд ва ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Банглодеш рафтаанд. Дар рӯзҳои ахир низ ҳазорон нафар аз мусалмонони Руҳингиё дар пайи даври ҷадиди хушунатҳо дар устони Рохин аз хонаҳои худ фирор кардаанд ва ба сӯи марзи Банглодеш рафтаанд. Ин дар ҳолест, ки Банглодеш низ эълом кардааст, ки дигар тавони пазириши муҳоҷирони ҷадидро надорад ва бинобар ин муҳоҷирони мусалмон дар пушти марзҳои ин кишвар овора шудаанд ва дар шароити бисёр асафборе ба сар мебаранд ва ба иллати бориши боронҳои мавсимӣ ва надоштани сарпаноҳ, саломат ва зиндагии онҳо дар хатар аст.

Миёнмор яке аз камтавсиъаёфтатарини иқтисодҳо дар ҷаҳон аст ва устони Рохин, ки маҳалли зиндагии беш аз як милюн мусалмони руҳингиёист, фақиртарин минтақаи Миёнмор ба шумор меравад. Миёнмор дарбардорандаи манобеи ғании нафту гоз нест ва арзиши моддии хоссе барои кишварҳои тавсиъаёфта надорад. Ҳамин масъала тавзеҳ медиҳад, ки чаро ҳеч як аз кишварҳои мудофеи ҳуқуқи башар ҳозир нестанд ба хотири наслкушиҳои рухдода дар он, даст ба иқдоме ҷиддӣ бизананд.

Аз сӯи дигар, муттаҳам кардани мусалмонон ба ифротгароӣ ва теруризм дар солҳои ахир ба равияи собити кишварҳои ғарбӣ ва расонаҳои онҳо табдил шудааст, ва аз ин рӯ андаке барояшон душвор аст, ки эътироф кунанд хушунат, ифротгароӣ ва адами таҳаммул ва мудоро бо дигар ақвом ва мазоҳиб ҳадду марз намешиносад. Зоҳиран намехоҳанд эътироф кунанд, дар дунёе, ки куштори мухолифон ба равияи собити он табдил шуда, мусалмонон низ гоҳе қурбонӣ ҳастанд. Мусалмононе, ки ҳамчун яҳудиёни саҳюнист, на даллолон ва коргузорони бозори бурсу тиҷорати ҷаҳонӣ ҳастанд, ки бо истифода аз қудрати ношӣ аз он ҳимоятҳои байналмилалиро ба самти худ ҷалб кунанд, ва на тасаллуте бар ғулҳои расонаӣ доранд, ки битавонанд бо намоиши фоҷеаҳое, ки бар онҳо меравад, афкори умумии ҷаҳонро ба самти худ ҷалб карда ва кишваре ҷадид барои худ пайдо кунанд.

Мусалмони Руҳингиё танҳо ҷаҳони исломро доранд; ҷаҳоне, ки худ пур аз ошӯб, ҷанг, ихтилоф ва тафриқа аст, аммо умед меравад ҳанӯз андак дағдағае барои расидагӣ ба авзоъи мусалмонони ҷаҳон барояш боқӣ монда бошад ва битавонад бо фаъолсозии Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва соири ниҳодҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ, дармоне барои авзоъи нобасомони мусалмонони овораи Миёнмор пайдо кунад.

Irdiplomacy

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: