Ҳафиз Бобоёров: “Шумо ҳаққи маънавӣ дар бораи адолат гуфтан надоред”

Ҳафиз Бобоёров, дар як ёддошти кӯтоҳ, дар посух ба ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов, хитоб ба ӯ навиштааст: “Шумо аслан ки дар фикри адолат нестед, балки дар пайи қудратёбӣ ҳастед. Аз ин нигоҳ, шумо ҳаққи маънавӣ дар бораи адолат гуфтан надоред. Як инсони адолатпеша ба ҳама Пешвоҳо мухолиф аст.”

Ӯ дар ин ёддошт ибтидо навишта: “Дар нисбати фаъолияти шумо (Маҳмудхон Бурҳонов) ва оғои Саидюнуси Истаравшанӣ на бархӯрди тактикӣ дорам ва на сӯиқасди пуштипардагӣ. Бархӯрди ман бо шумо стратегӣ ҳаст: Шумо аз як пешвое (Хоманаӣ) васфу тамҷид мекунед ва дар айни замон аз пешвои Тоҷикистон накӯҳиш. Пас, шумо аслан ки дар фикри адолат нестед, балки дар пайи қудратёбӣ ҳастед. Аз ин нигоҳ, шумо ҳаққи маънавӣ дар бораи адолат гуфтан надоред. Як инсони адолатпеша ба ҳама Пешвоҳо мухолиф аст.”

Вай дар идома афзудааст: “Дигар бархӯрди стратегии ман аз он иборат аст, ки тамоми фаъолияти шумо ба он равона гардидааст, ки ба ҳар нафаре, ки дам аз мухолифат зад, ҷомаи мазҳабӣ мепӯшонед. Ҳар мухолиферо тамғаи динӣ мезанед. Ин фаъолияти шабонарӯзии шумо ба он равона гардидааст, ки мухолифони дунявиро комилан аз байн бубаред ва ё дар фазои муборизаҳо камранг ҷилва диҳед.”

Бобоёров дар идома навиштааст: “Назари ман аз он иборат аст, ки ҷомеаи адолатбунёде сохта шавад, ки он ҷо ҳамаи инсонҳо, новобаста ба тааллуқияти динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ, баробар бошанд. Аз он ҷумла шумо ҳам тавонед дар паҳлӯи суннимазҳабҳо ва суннимазҳабҳо дар паҳлӯи намояндагони дигар дину мазҳабҳо бошарафона зиндагӣ кунед.”

Ӯ дар поён бо баёни ин ки “шумо ба сохтмони чунин ҷомеа омода нестед” навиштааст: “Ҳатто мухолифонро ҳам ба дастаҳо ҷудо карда, фатвои “аз байн бурдан”-и як гурӯҳеро медиҳед. Бовар доред, ки мухолифони дунявӣ як марҳилаи гузариш аст, то ба майдон ворид шудани мухолифони мазҳабӣ. Бархӯрди ман бо шумо тактикӣ нест, балки стратегӣ аст. Аз ин рӯ, маро таҳрик надиҳед, ки бо ин ҳама хобу хаёлҳои зиддиинсониатон дар бархӯрд қарор гирам.”



Рубрики:Нақду назар

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: