Идатон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Иди саъиди Қурбон барои як мусалмон ва касе, ки ба Худо ва Паёмбар (с) имони қалбӣ дорад ва пойбанд ба анҷоми дастуроти шаръист, чизе фаротар аз либоси нав бар тан кардан ва ҷашн гирифтан аст. Чизе фаротар аз диду боздид аст. Ҳатто чизе фаротар аз ин аст, ки дар ин рӯз намози ид бихонад ва қурбонӣ бикунад.

Ин ки ҳоҷиҳо дар ин рӯз қурбонӣ мекунанд ва гӯсфанд сар мебуранд ва ҳатто барои ғайриҳоҷиҳо низ қурбонӣ кардан дар ин рӯз некӯ ва писандида шумурда шудааст, барои ин аст, ки мехоҳанд гом дар гоми Иброҳими Халил (а) бигузоранд. Бо қурбонӣ кардан, мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки улгуяшон дар зиндагӣ, ҳазрати Иброҳими Халил (а) аст.

Қурбонӣ кардани мо дар ин рӯз, дар воқеъ намоде аз қурбонӣ кардани ҳавоҳои нафсонӣ ва забҳи НАФСИ АММОРА аст, чунонки дастури Худованд ба ҳазрати Иброҳим (а), ки писарат Исмоил (а)-ро забҳ бикун — он ҳам танҳо писаре, ки барои ин паёмбари илоҳӣ дар замони пирӣ ва пас аз солҳо бефарзандӣ насибаш шуда – барои ин манзур будааст, ки он ҳазрат (а) дар партави ин амал, бо решадортарин омили таъаллуқи нафс, ки муҳаббат ба фарзанд аст, мубориза кунад.

Қурбонӣ кардани мо дар ин рӯз, дар воқеъ навъе ҶИҲОДИ БО НАФС дар ҷиҳати зудудани таъаллуқот ва вобастагиҳои дунявӣ ва моддӣ ва раҳоӣ аз зиндони молпарастӣ ва дунёталабист, на ин ки фақат гӯсфандеро сар бурида бошем. Гӯсфанд фақат намоде аз таъаллуқоти нафсонӣ аст.

* * *

Пас, эй мақомдор! Агар ба Худо ва Паёмбар (с) имон дорӣ ва қурбонӣ мекунӣ, аз зиндони мақомпарастӣ худро бираҳон, ки дар ин курсӣ ҷуз чанд сабоҳ ва рӯзгори ангуштшуморе боқӣ нахоҳӣ монд. Ин курсӣ арзиши онро надорад, ки барояш ҳамаро ба куштан бидиҳӣ ва ба бегуноҳон ситам раво бидорӣ.

Ва эй мулло ва эй касе, ки кисвати паёмбарӣ бар тан кардаӣ ва бар минбари Расули Худо (с) нишастаӣ ва худро ҳодӣ ва роҳнамои мардумон медонӣ! Аз Худо битарс! Бар кисвати паёмбарӣ ва бар минбари Расулуллоҳ (с) хиёнат макун! Ҳавоҳои нафсонӣ ва нафси аммораи худро забҳ бикун! Бадтарини хиёнатҳо, хиёнати ба дин, хиёнати ба Қуръон, хиёнати ба Паёмбар (с) аст. Ва бадтарини уламои динӣ касоне ҳастанд, ки дар баробари ҳуккоми ҷавр ва зулм сар хам мекунанд ва аз онҳо итоат менамоянд. Ва агар итоат ҳам накарданд, вале дар баробари зулми ӯ сукут мекунанд. Ин хиёнат аст ва бадтарини хиёнатҳост. Ҳатто ба ин пиндори пуч низ худатро андрамон макун, ки итоат аз як ҳоким ва ё сукути ту, бароят василае беш нест ва ҳадафи ту хидмат ба дин аст. Ҳаргиз! Худо ба хидмате, ки баҳояш бақои як золим бошад, ниёзе надорад, Ӯ бениёз аз хидмати ту ва амсоли туст. Дар дини мо, ҳадаф василаро тавҷеҳ намекунад. Агар ҳадафат пок аст, пас роҳи расидан ба он ҳадаф низ бояд пок бошад.

* * *

Ба муносибати фаро расидани Иди саъиди Қурбон, иди қурбонӣ кардани нафси аммора ва таъаллуқоти нафсонӣ, ҳамаи азизонро табрик ва таҳниат мегӯям ва аз Худованд барои так-таки азизон комёбиҳо орзу ва барои кишварам пешрафт ва раҳоӣ аз зулму ситами ситампешаҳо ва фарохӣ дар зиндагии мардумон таманно мекунам!

Идатон муборак ҳамдиёрони азиз!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Ислом, Пароканда

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: