Шарҳи Маснавӣ (209)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (35)

* * *

Бурун андохтани марди тоҷир тӯтиро аз қафас ва паридани тӯтии мурда (2)

* * *

Ҳар кӣ дод ӯ ҳусни худро дар мазод,

Сад қазои бад суйи ӯ рӯ ниҳод.

Ҳар кас, ки зебоиҳои худро ошкор кунад ва дар маърази нигоҳи ину он биниҳад, рухдодҳои ногувор аз ҳар тараф барояш пеш меояд.

Мазод: ба маънии музояда ва ба маърази фурӯш ниҳодан аст.

Нукта: Шӯҳрат офат аст ва шахси машҳур ҳамвора маҳсуду мағбути ину он мегардад, чунонки мегӯяд: Душмани товус омад фарри ӯ // Эй басо шаҳро бикушта фарри ӯ.

Ҳилаҳову хашмҳову рашкҳо

Бар сараш резад чу об аз машкҳо.

Тарфандҳо ва хашму ҳасад аст, ки бар сари ӯ боридан мегирад монанди обе, ки аз машк фурӯ мерезад пай дар пай ва фаровон аст.

Душманон ӯро зи ғайрат медаранд,

Дӯстон ҳам рӯзгораш мебаранд.

Душманон аз рӯи ҳасад ӯро медаранд, дӯстон ҳам рӯзгорашро мебаранд, яъне умрашро талаф мекунанд.

Нукта: Манзур аз дӯстон, дӯстони дунёӣ ҳастанд, на дӯстони ҳақиқӣ, ки ҳамоно аҳлуллоҳ ҳастанд, ки сӯҳбат ва ҳамнишинии эшон мӯҷиби ҳусули саодат аст, чунонки он тӯтӣ бо як иршоди ғоибонаи онон аз банди қафас раҳо шуд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.133)

Он кӣ ғофил буд аз кишту баҳор,

Ӯ чӣ донад қимати ин рӯзгор?

Он кас, ки дар зимистон ва ё фасли баҳор тухми муносиби фасл накошта бошад, ӯ аз баҳор ва арзиши он чӣ хабаре дорад?!

Нукта: Касе, ки ба сӯҳбати дӯстони дунёӣ умри азизи худро талаф кунад, ӯ қадри айёми ҳаётро надонад ва аз баҳори зиндагонӣ баҳраманд нашавад. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.133)

Абёти ахир дар баёни офати шӯҳрат аст. Он, ки ба фазилате ангуштнамо шавад, табъан аз ду тараф зиён мебинад: яке, аз тарафи душманони ҳасуд, ва дигар, аз тарафи дӯстони муштоқ. Ҳар ду даста умри ӯро табоҳ мекунанд. Ӯ ё дар андешаи ҳилаҳои ҳасудон аст ё дар андешаи офарингӯиҳои дӯстон. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.575)

Дар паноҳи лутфи Ҳақ бояд гурехт,

К-ӯ ҳазорон лутф бар арвоҳ рехт.

Бинобар ин, бояд ба лутфи Ҳақ Таъоло паноҳ бурд ва аз ӯ ёрӣ хост, зеро Худованд бар руҳҳо ҳазорон лутф кардааст.

То паноҳе ёбӣ, он гаҳ чун паноҳ!

Обу оташ мар туро гардад сипоҳ.

То паноҳ биёбӣ, аммо чӣ паноҳе, ки тавсифи он муяссар нест. Агар паноҳ ва дастгирии Ҳақ бошад, обу оташ, ки аз аздод ҳастанд, туро ёрӣ мерасонанд ва сипоҳу лашкари ту мешаванд.

Нукта: Аз инҷо то охири ин фасл Мавлоно баён медорад, ки аз ҳубби шӯҳрат фақат ба лутфи Худо тавон раст, чӣ ин ҳубб дар одамӣ сиришта шудааст ва аз маворид ва масодиқи ғаризаи ҳубби зот аст, ва баркандани он, басе душвор. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.576)

Нӯҳу Мӯсоро на дарё ёр шуд?

На бар аъдошон ба кин қаҳҳор шуд?

Оё масалан дарё ёри ҳазрати Нӯҳ (а) ва ҳазрати Мӯсо (а) нашуд? Оё бо душманонашон бо кинаву қаҳр рафтор накард?

Оташ Иброҳимро на қалъа буд?

То баровард аз дили Намруд дуд?

Ё масалан оташ барои ҳазрати Иброҳим (а) дежу паноҳ нашуд? То ин ки Ҳақ Таъоло бо ин кор дуд аз дили Намруд баровард? Яъне Намруд оҳ аз ниҳодаш берун омад.

Кӯҳ Яҳёро на сӯйи хеш хонд?

Қосидонашро ба захми санг ронд?

Оё кӯҳ ҳазрати Яҳёро ба сӯи худ нахонд? Ва он касонро, ки қасди таъарруз ба Яҳёро доштанд, бо заработи санг наронд?

Гуфт: эй Яҳё! Биё, дар ман гурез

То паноҳат бошам аз шамшери тез.

Кӯҳ ба ҳазрати Яҳё гуфт: эй Яҳё! Ба сӯи ман биё ва ба сӯи ман фирор кун, то ман монанди шамшери тез туро паноҳ бошам.

Нукта: Нақл шуда, ки яҳудиён қасди ҳазрати Яҳё (а) карданд, ки ба шамшер кушанд. Ҳазрати Яҳё (а) аз онон даргурехт. Яҳудиён он ҳазратро таъқиб карданд. Яҳё дар он ҳол, ки фирор мекард, кӯҳе ба ӯ гуфт: ба сӯи ман ой! Ва сангҳои худро бар сару рӯи он гурӯҳ биборонид. Пас яҳудиён дар асари захмҳое, ки бар онон расида буд, ҳазрати Яҳё (а)-ро тарк карданд. Он ҳазрат дар он ҳин ба воситаи таҳассун дар он кӯҳ, аз шарри душманон раҳоӣ ёфт. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.2, с.742)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: