Қурбонии Иброҳими Халил (а)

Иди қурбон ёдовари ҳамосаи бузурги ҳазрати Иброҳим ва Исмоил (алайҳимус салом) ва сарбаландии онон дар он озмуни бузурги илоҳӣ ба шумор меравад. Ҳама чиз аз як руъё оғоз шуд; руъёи илоҳӣ, хоби содиқ, ки Халил дида буд. Халил сифате буд барои Иброҳим, ки дар дӯстӣ бо Худо, дар Худо аҷин шуда буд. Он қадр тамоми тору пуди вуҷудаш дар Худо танида буд, ки ҳар чизро аз Худо медонист ва ҳама чизро барои Худо мехост.

Дар тамоми зиндагиаш фақат Худо буд ва Худо. Аз нигоҳи ин халил, ҳеҷ чиз вуҷуди хориҷӣ надошт; ҳар чӣ буд, нишон ва радде аз Худо буд. Ба ҳамин далел буд, ки Худо ӯро ба душвортарин ва ҳайратангезтарини имтиҳонҳо озмуд ва Иброҳими Халил (а) ҳам аз ин озмун сарбаланд берун омад.

إِنِّی أَرَی فِی الْمَنَامِ أَنِّی أَذْبَحُک

Писари нозанинам! Дар хоб ба ман амр шуда туро дар роҳи Худо қурбонӣ кунам…

فَانظُرْ مَاذَا تَرَی

Назари ту чист?!

Чӣ қадр зебо ҷавоб дод ин писар:

یا أَبَتِ افْعَلْ مَا تُؤْمَرُ سَتَجِدُنِی إِنْ شَاءَ اللَّهُ مِنْ الصَّابِرِینَ

Падарҷон! Ҳар он чӣ бад-он маъмурӣ, анҷом бидеҳ, иншоаллоҳ маро аз бандагони сабур ва шикебо хоҳӣ ёфт.

Хиёли Иброҳим бештар ором гирифт ва вай бар доштани чунин писаре Худойро сипос ва бар худ мубоҳот кард. Он гоҳ писарро бо мулотифат ва меҳрубонии бисёр дар оғӯш фишурд ва бӯсае бар фарқаш зад ва дасти муҳаббат ва навозиш бар сар ва гесувонаш кашид.

Иброҳим ба ҳамроҳи Исмоил саъйро тамом ва сипас тавоф карданд ва дар мақоми худаш (мақоми Иброҳим) намозе ба ҷой оварданд. Он гоҳ банд ва бурандае тез ва порчаи покиза бардошт ва бо Исмоил ба қурбонгоҳ шитофт. Ӯ дар ин роҳ гомҳоро баланд ва бо шитоб бармедошт, зеро мӯътақид буд дар кори Худо бояд таъҷил кард.

Дар байни роҳ, Иблис чанд бор ба суроғаш омад, то васвасааш кунад, то балки битавонад пас аз ин ҳама имтиҳонҳо ва ибтилоҳо ва сарсупурдагӣ ва бандагии Иброҳим, вайро аз сироти ҳақ боздорад ва ба ботил кашонад. Аммо, магар метавон Иброҳимро аз роҳи ҳақ мунҳариф намуд?! Иброҳим бо салобати фавқи башарӣ ва бо убуҳҳате ростин, бар нафси саркаш лагом зад ва шайтонро бо санг ронд ва рамйи ҷамара кард; гӯӣ гурге дарандаро бо кулӯхе чанд аз худ дур мекунад.

Ба Мино расиданд. Бедиранг дастони Исмоилашро аз пушт баст ва “Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим”-ро бар забон ҷорӣ кард, дар ҳоле ки барои охирин бор бо муҳаббати падарона симои нозанини Исмоилро ба тамошо нишаста буд.

Чашм бар сапедии гулӯи Исмоил дӯхт ва ханҷари бурронро бар ҳанҷараш ошно сохт. Аммо ҳар чӣ кашид, корди тез набуррид. Иброҳим бар қудрати даст афзуд ва бо тавоне дучандон бар дастаи чоқуи тез фишор ворид кард ва онро бо шиддат кашид, аммо гӯӣ аз ин чоқу дар олам чоқуе кундтар вуҷуд надорад.

Ногоҳ Иброҳим аз шиддати асабоният кордро бар санге дар он наздикӣ фуруд овард ва он санг ба дуним шуд. Иброҳим бо таъаҷҷуб ва асабоният ба корд хитоб кард, ки: эй чоқу! Гулӯи Исмоиламро барои Худо намебуррӣ, аммо сангро хурд мекуни?! Гӯё чоқу ба овоз даромад, ки: эй Иброҳим! Ту мегӯӣ ва мехоҳӣ бибуррамаш, аммо Худо мегӯяд набур!

Худованд бо имтиҳоне, ки ба унвони қурбонӣ дар корномаи Иброҳими Халил сабт кард, дар ҳақиқат хатти сайри зиндагии ин халилашро аз рӯзи таваллуд то поёни умраш, чароғе қарор дод барои тамоми башар дар ҳамаи давраҳо, зеро инсон мусофирест, ки рӯзе ба сӯйи Худо бозмегардад ва парвардигорро мулоқот хоҳад кард.

Худованд ин дунёро, ки олами фонист, барои бандааш маҳалле қарор дода, то истеъдодҳои худро дар сояи нишонаҳо ва улгуҳое, ки барояш мушаххас карда, шукуфо кунад ва бад-он васила барои олами боқӣ тӯша ва бори сафар захира кунад. Иброҳими Халил (а) бо он озмоишҳои сангин ва азим, ойинае барои башар шуд, то инсонҳо бидонанд, ки одамӣ то чӣ андоза метавонад бузург бошад ва метавонад тараққӣ кунад, ба авҷ бирасад, ҳастиро дарнавардад ва ба меъроҷ суъуд намояд.

Худованд дар Иди қурбон фақат бандагӣ ба даргоҳаш ва танҳо таслими маҳз буданро таҷассум дод ва инро ононе дарк мекунанд, ки содиқона ва ба дур аз ҳавои нафс, Иброҳими паёмбарро улгу ва намуна ва чароғи роҳи хеш қарор диҳанд ва аз рафтор ва шеваи ӯ улгу бигиранд.

Худованд Иди қурбонро иди Иброҳим қарор дод ва пирӯзии ӯро бар шайтон дар ин рӯз, бо қурбонии Исмоил, барои башар тоблу ва ойина кард ва бад-ин васила бандагӣ ва сарсупурдагии он абармарди торихро дар баробари холиқаш муқобили дидагони ҳақиқатбин ва зеҳни ҳақҷӯйи башар мутабалвир ва мутаҷассим сохт.

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ, Ислом, Омӯзаҳои қуръонӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: