Ато Муҳаммад Нур: “Ҳикматёр бо ДОЪИШ байъат кардааст”

Раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон эълом кард, ки Гулбиддин Ҳикматёр бо ДОЪИШ байъат кардааст ва дар куштори шиъаёни Афғонистон нақш дорад.

Ба гузориши “Телевизиюни 1”-и Афғонистон, Ато Муҳаммад Нур, волии Балх ва раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ, Гулбиддин Ҳикматёрро ба байъат бо ДОЪИШ ва куштори шиъаёни Афғонистон муттаҳам кард.

Вай, пас аз намози Иди Қурбон дар вилояти Балх изҳор дошт: “Шакке нест, ки Ҳикматёр дар байъати ДОЪИШ аст ва дар кушторҳои гурӯҳӣ дар Афғонистон саҳм дорад, зеро байъат кардан ба маънои таъйиди ин гурӯҳи теруристӣ аст.”

Ато Муҳаммад Нур гуфт: “Тамоми ихтилофҳои қавмӣ ва мазҳабии Ҳикматёр ва вокунишҳои ӯ дар баробари шиъаён ва давлати Эрон, ҳеч паёме ҷуз шиъакушӣ надорад.”

Волии Балх ба Ҳикматёр ҳушдор дод: “Агар Ҳикматёр байъати худро аз ДОЪИШ паснагирад, дар ҳар ҷое, ки сар баланд кунад, сарашро бар замин хоҳем кӯбид.”

Раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ҳамчунин хостори тавзеҳ дар бораи ҳамалоти гузаштаи Ҳикматёр дар Афғонистон шуд.

Ато Муҳаммад Нур хотирнишон кард, ки Шӯрои олии эътилоф барои наҷоти Афғонистон дар интихоботи ояндаи ин кишвар нақши муҳимме хоҳад дошт.

Вай бо маҳкумияти парвандасозӣ алайҳи женерол Дӯстум хитоб ба Ашраф Ғанӣ гуфт, ки аз омадани женерол Дӯстум ба Афғонистон ҳарос дорӣ ба ҳамин далел ба ҳавопаймои вай иҷозаи фуруд надодӣ.

Вай бо ишора ба ноамниҳои шимоли Афғонистон низ тасреҳ кард, ки дар шароити кунунӣ барои хунсо кардани тавтиъаҳои дохилӣ аст.

Рӯзҳои гузашта низ Мирвайс ва Зардодӣ, ду фармондеҳи муҳимми Ҳикматёр эълом карданд, ки барои бархӯрди мусаллаҳона бо волии Балх танҳо мунтазири дастури Ҳикматёр ҳастанд.



Рубрики:Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: