Ислом ва Эронзамин (67)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (30)

Фалсафа ва ҳикмат (9)

(Аз Хоҷа Насируддини Тӯсӣ то Қозӣ Азудуддини Иҷӣ)

Табақаи сездаҳум

1) Хоҷа Насируддин Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ. Ӯро “Устодул-башар” лақаб додаанд ва ниёзе ба муаррифӣ надорад. Арзиши корҳои фалсафии ӯ ва нақше, ки дар таҳаввули фалсафа доштааст, ниёзманд ба як китоб аст. Дар риёзиёт аз шахсиятҳои маъдуди ҷаҳон ба шумор меравад. Аз касонест, ки дар асоси ҳайъати Батламюс ташкик карда ва заминаро барои ҳайъати ҷадид фароҳам кардааст. Оқои Тақизода муддаист, ки эродоти Хоҷа дар китоби “Тазкира”-и хеш бар асоси ҳайъати Батламюс, ба Коперники лаҳистонӣ кӯмак кард, то тарҳи навинеро барои ҳайъати олам ироа бикунад.

Хоҷа монанди Бӯалӣ як зиндагии пурмоҷаро доштааст. Дар охири “Шарҳи Ишорот” ба шакли дардноке нола сармедиҳад, ва дар айни ҳол ин ҳама осор офарида ва шогирдони бисёр тарбият кардааст. Хоҷа дар соли 597 мутаваллид шуда ва дар соли 672 даргузаштааст.

2) Асируддин Муфаззал ибни Умари Абҳарӣ. Китоби маъруфи ӯ китоби “Ҳидоя” аст дар табииёт ва илоҳиёт, ки ҷои шоистае боз кардааст. Ин китобро Қозӣ Ҳусайни Мибадӣ ва Садрулмутааллиҳини Шерозӣ шарҳ кардаанд. Шарҳи ахир мӯҷиби шӯҳрати бештари китоб ва муаллифи он шудааст. Аллома Ҳиллӣ дар китоби “Ҷавҳарун-назид” (сафҳаи 78) дар боби “Акси солибаи ҷузъия”, ки мавриди иттифоқи мантиқийин аст, ки акс надорад, мегӯяд: “Ба истиснои қазияи машрутаи хосса ва урфияи хосса”. Баъд мегӯяд: “Ин матлаб аз матолибест, ки Асируддин Муфаззал ибни Умари Абҳарӣ бар он вуқуф ёфт.” Гӯянд, шогирди Имом Фахри Розӣ будааст.

3) Наҷмуддин Алӣ ибни Умари Котибии Қазвинӣ, маъруф ба Дабирон. Аз акобири ҳукамо ва мантиқийин ва риёзидонон ба шумор меравад. Китоби маъруфи ӯ дар ҳикмат китоби “Ҳикматул-ъайн” аст, ки шуруҳи бисёр бар он навишта шудааст. Китоби маъруфаш дар мантиқ “Шамсия” аст, ки ба номи Хоҷа Шамсуддини Соҳибдевони Ҷувайнӣ навиштааст ва Қутбуддини Розӣ онро шарҳ карда ва маҷмӯи матну шарҳ аз китобҳои роиҷи дарсии туллоб аст. Котибӣ устоди Аллома Ҳиллӣ ва Қутбуддини Шерозӣ ва ҳамкор ва мусоҳиби Хоҷа Насируддини Тӯcӣ дар сохтани расадхонаи Мароға буда ва дар соли 675 даргузаштааст.

* * *

Табақаи чаҳордаҳум

Ин табақаро шогирдони Хоҷа Насируддини Тӯcӣ ташкил медиҳанд:

1) Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутаҳҳари Ҳиллӣ, маъруф ба Аллома Ҳиллӣ. Ҳарчанд шӯҳрати Аллома Ҳиллӣ ба фақоҳат аст, аммо ӯ марде ҷомеъ буда, дар мантиқ ва фалсафа низ маҳорати комил дошта ва китобҳои арзишманде таълиф кардааст. Мо дар торихчаи фуқаҳо аз ин марди бузург, ки қатъан аз нобиғаҳои торихи исломӣ аст ёд кардаем. Аллома Ҳиллӣ араб аст ва шогирди Котибӣ ва Хоҷа будааст. Дар соли 648 мутаваллид ва дар соли 711 даргузаштааст.

2) Камолуддин Майсам ибни Майсами Баҳронӣ, маъруф ба Ибни Майсами Баҳронӣ. Адиб ва фақеҳ ва файласуф будааст. Фалсафаро назди Хоҷа Насируддини Тӯcӣ таҳсил кардааст. Баъзе гуфтаанд, ки Хоҷа низ мутақобилан назди ӯ фиқҳ хондааст. Ибни Майсам “Наҳҷул-балоға”-ро шарҳ кардааст. Аз назари фалсафӣ, шарҳи ӯ беҳтарин шуруҳи “Наҳҷул-балоға” шумурда шуда ва ахиран дар панҷ ҷилд чоп шудааст. Ибни Майсам дар соли 678 ё 679 ва ё бино бар таҳқиқи соҳиби “Аззариъа”, дар соли 699 даргузаштааст.

3) Қутбуддин Маҳмуд ибни Масъуд ибни Муслиҳи Шерозӣ, маъруф ба Қутбуддини Шерозӣ. Дар мантиқ шогирди Котибии Қазвинӣ ва дар ҳикмат ва тибб (куллиёти Қонун) шогирди Хоҷа Насируддини Тӯcӣ будааст. “Қонун”-и Бӯалӣ ва “Ҳикматул-ишроқ”-и Сӯҳравардиро шарҳ кардааст ва худ китобе ба форсӣ дар ақсоми ҳикмат навишта, ки ба номи “Дурратут-тоҷ” маъруф аст ва ахиран чоп шудааст. Ҳар се китоби номбурда боарзиш аст. Шӯҳрати бештари ӯ дар ҷавви фалсафӣ ба воситаи шарҳи “Ҳикматул-ишроқ” аст. Бо Хоҷа Насируддини Тӯcӣ дар кори расадхонаи Мароға ҳамкорӣ доштааст. Дар соли 710 ё 716 даргузаштааст.

4) Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Шарафшоҳи Алавии Ҳусайнии Астарободӣ, маъруф ба Ибни Шарафшоҳ. Дар Мароға маҳзари Хоҷаро дарк карда ва назди ӯ таҳсил карда ва мулозими ӯ будааст. Баъд аз вафоти Хоҷа ба Мавсил рафта ва дар мадрасаи Нурия ба тадриси ҳикмат пардохтааст. “Таҷрид”-и Хоҷаро ҳошия ва “Қавоъидул-ақоид”-и ӯро шарҳ кардааст ва дар соли 715 ё 717 ё 718 даргузаштааст.

* * *

Табақаи понздаҳум

1) Қутбуддин Муҳаммад ибни Абиҷаъфари Розӣ, маъруф ба Қутбуддини Розӣ. Аз уламои номии исломӣ аст. Ҳаким ва мантиқӣ ва фақеҳ будааст. Назди Аллома Ҳиллӣ дарс хонда ва Аллома ба ӯ иҷозаи ҳадис додааст. Шаҳиди аввал ӯро мулоқот карда ва аз ӯ иҷозаи ривоят гирифта ва ӯро дарёе бепоён ёфтааст. Қутбуддини Розӣ — ҳамчунонки қаблан гуфтем – “Шамсия”-и Котибии Қазвиниро шарҳ карда ва акнун китоби дарсии туллоб аст. Дигар ин ки китобе навишта ба номи “Муҳокамот” ва дар он китоб миёни ду шореҳи бузурги “Ишорот”: Фахруддини Розӣ ва Насируддини Тӯcӣ доварӣ кардааст. Дигар ин ки китоби “Матолеъул-анвор”-и Қозӣ Сироҷуддини Армавиро дар мантиқ шарҳ карда, ки чоп шуда ва ҳамакнун ба номи “Шарҳи Матолеъ” маъруф аст ва аҳёнан дар ҳавзаҳои илмия тадрис мешавад. Шӯҳрати Қутбуддини Розӣ ба воситаи ин се китоб аст, вале ӯ китобҳои дигар ҳам дорад. Қутбуддин дар соли 766 ё 776 даргузаштааст.

2) Шамсуддин Муҳаммад ибни Муборакшоҳи Марвӣ, маъруф ба Мираки Бухороӣ. Китоби “Ҳикматул-ъайн”-и Котибии Қазвиниро шарҳ карда ва аҳёнан дар китобҳои фалсафа аз ӯ ба шореҳи “Ҳикматул-ъайн” ёд мешавад, ва Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ бар шарҳи “Ҳикматул-ъайн” ҳошия задааст. Торихи вафоташ бар мо маълум нест.

3) Қозӣ Азудуддин Абдурраҳмон Иҷии Шерозӣ. Ҳам ҳаким буда ва ҳам мутакаллим ва ҳам усулӣ. Назариёти ӯ дар илми усул ва ҳамчунин дар бархе масоили фалсафӣ ва каломӣ матраҳ аст. Китоби маъруфи ӯ “Мавоқиф” аст, ки ҳарчанд унвони калом дорад на фалсафа, вале медонем, ки баъд аз давраи Хоҷа Насируддини Тӯcӣ ва таълифи китоби “Таҷрид”, калом ба нисбати зиёде ба фалсафа наздик шуд. Яъне ҳадафҳои каломӣ бо меъёрҳои фалсафӣ на бо меъёрҳои каломӣ тавҷеҳ мешуд ва бисёре аз масоили илоҳиёт билмаънал-аъамм ва билмаънал-ахасси фалсафа дар китобҳои каломӣ тарҳ мешуд, аз ин рӯ “Мавоқиф” аз ин назар ҷойи шоистае дорад. Ин китобро Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ шарҳ карда ва мукаррар бо матн чоп шудааст. Қозӣ Азудуддин шогирдоне тарбият кардааст аз қабили Тафтозонӣ, Шамсуддини Кирмонӣ, Сайфуддин Абҳарӣ. Ӯ дар соли 700 ё 701 мутаваллид шуда ва дар соли 756 ё 760 даргузаштааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: