Оё адолат мафҳуме нисбист?

Нақде бар ёддошти Дориюши Раҷабиён

Маҳмудхон Бурҳонов

Пеш аз ҳама, шоиста аст айни ёддошти ҷаноби Дориюши Раҷабиёнро биёварам. Ӯ менависад:

Маҳмудхони гиромӣ, “ъадолат” як мафҳуми риёзӣ нест, то бишавад интизор дошт, ки ҳама аз он шинохти мушобеҳ дошта бошанд ва дар барқарории он аз як равиши воҳид баҳра бибаранд. Барои намуна, ҳамин авзоъи кунунӣ дар Тоҷикистон барои бархе ъайни ъадолату додгарӣ ба шумор меояд, дар ҳоле, ки аз диди мо ъайни беъадолатию бедодгарӣ аст.

Пас касоне, ки аз ъадолат шинохти дигаре доранд ё дар бораи ъадолат ъақидаи дигаре доранд ҳам мухолифи ъақидатӣ ба шумор меоянд. Ва куштани мухолифи ъақидатӣ чизе ҷуз ҷиноят нест ва поёни ин қофила намешавад. Балки мухолифони дигаре ҳам хоҳанд омаду тоза-ба-даврон-расидаҳоро хоҳанд кушт, то пас аз солҳо худашон кушта шаванд… ило охир. Ин қофилаи бесарутаҳи ҷиноятҳои башарӣ замоне бозмемонад, ки мағзҳои мутафаккири ҷомеъа ба дарки маъсият ва беҳудагии ин куштанҳо бирасанд ва куштани ҳар касеро ҷиноят бидонанд. Хуни ҳар касе, ки рехта шуда, шахсият ва кардаҳои неки резандаи хунашро табоҳ мекунаду ба нестӣ мекашонад. Ҳеч андешае арзиши рабудани ъумри одамиро надорад.”

* * *

Ва аммо посух: Хеле равшан аст, ки адолат як мафҳуми риёзӣ нест. Аммо суол ин аст, ки: оё ҳар чизе, ки аз синхи мафоҳими риёзӣ набошад, пас наметавон аз он шинохти мушобеҳе дошт?

Агар аз адолат “бардошту шинохти мушобеҳ ва муштараке” байни инсонҳо вуҷуд надошта бошад, пас ҳуқуқ ва қавонини иҷтимоӣ бар чӣ асос бино мешаванд? Бар чӣ асос қонун рафтореро ҷурму ҷиноят муаррифӣ карда ва барои омилони он муҷозот таъйин менамояд?

Асосан, мабнои қавонин — махсусан қавонини ҷиноӣ — чист? Агар воқеъан имкони шинохти мушобеҳ аз адолат вуҷуд надошта бошад, оё тавофуқи инсонҳо бар рӯи тасвиби ҳеч қонуне қобили тасаввур аст?

Ҳаминки инсонҳо дар канори ҳам зиндагии иҷтимоӣ доранд ва бар асоси як “меъёри муштарак” ҷомеъаро идора мекунанд, оё худ гувоҳ бар ин нест, ки онҳо шинохти мушобеҳе аз адолат доранд? Вагарна, дар сурати вуҷуд надоштани як иҷмоъ ва иттифоқи назар аз мафҳуми адолат, ҷомеъаи башарӣ ҳеч фарқе бо ҷангал нахоҳад дошт; ҷое, ки ҳар касе ҳар чи хост анҷом медиҳад.

Пас, ҳамин зиндагии иҷтимоии башар ва “тавофуқи онҳо бар рӯи меъёрҳо ва қонунҳои иҷтимоӣ”, худ беҳтарин гувоҳ бар ин ҳақиқат аст, ки башар шинохт ва бардошти мушобеҳ ва муштараке аз маъно ва мафҳуми адолат доштааст. Бинобар ин, наметавон ба сирфи ин ки адолат аз синхи мафҳуми риёзӣ нест, чунин натиҷа гирифт, ки пас наметавон аз адолат шинохти мушобеҳ дошт.

Ҳол, оё инсонҳо дар мавриди адолат бо ҳам ихтилоф надоранд? Посух мусбат аст, вале бояд донист, ки ихтилофи инсонҳо дар мавриди адолат, ба хотири шинохти мухталиф аз худи мафҳуми адолат нест, балки ихтилоф, дар марҳилаи “татбиқи мафҳуми адолат бар мисдоқаш” пеш меояд. Зеро ҳама адолатро ба унвони волотарин арзиш эътироф доранд, вале дар ин ки оё фалон рафтор мисдоқи адолат аст ё не, мумкин аст ихтилоф пайдо кунанд.

Ба сухани дигар, ихтилоф дар татбиқи адолат, бархоста аз нисбияти мафҳуми худи адолат нест, балки ба хотири омилҳои дигар аст, ба шарҳи зерин:

1) Дар бештари маворид, ин ихтилоф бархоста аз “нисбияти пойбандии инсонҳо ба адолат” аст. Яъне, инсонҳо бо вуҷуди ин ки ҳама аз адолат шинохти яксоне дошта ва онро қабул доранд, вале дар амал гоҳе манфиати шахсӣ ё гурӯҳиву ҳизбии худро бар иҷрои адолат тарҷеҳ медиҳанд. Ба иборати дигар, адолатро поймол ва фидои манофеъи дигар мекунанд.

2) Дар бархе маворид ҳам, ихтилоф дар бораи адолат, ба хотири ихтилофи назар дар он мавзӯъе аст, ки адолат бар он татбиқ мешавад. Ба сухани дигар, чун илму огоҳии афрод дар бораи масоили мухталиф яксон нест, дар натиҷа мумкин аст як ҳукм аз назари касе одилона бошад ва аз назари касе дигар золимона. Зеро он чиро, ки як тараф дар бораи он мавзӯъ медонад, тарафи дигар намедонад. Пас, дар ин маврид низ, ихтилоф бармегардад ба шинохти инсонҳо дар бораи мавзӯоъти дигар, на дар бораи худи адолат.

3) Яке дигар аз мавориди ихтилофи назар дар бораи адолат, таъаллуқоти фарҳангӣ ва таъассуботи диниву идеулужии мардум аст. Тавзеҳ ин ки: чун шахсияти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳо бар асоси арзишҳои динӣ ва фарҳангиву идеулужии мухталиф шакл мегирад ва ҳар ҷомеъае ба арзишҳои хосси худаш хӯ мегирад, дар натиҷа ҳарчанд бархе аз он арзишҳо ғайриодилона бошанд, лекин дар асари такрор, он арзишҳо ба одат табдил мегарданд. Агар диққат бикунед, инҷо ҳам ихтилоф бархоста аз шинохти мафҳуми адолат нест, балки маншаъи ихтилоф урфу одатҳои мухталифи мардум аст.

4) Яке дигар аз мавориди ихтилоф дар бораи адолат, масъалаи “тазоҳум дар марҳилаи татбиқ” аст. Тазоҳум яъне ин ки гоҳе мумкин аст иҷрои адолат дар як маврид, музоҳим ва монеъи иҷрои адолат дар мавориди дигар бишавад. Масалан: адолат иқтизо мекунад, ки ҳеч инсоне аз ҳаққи ҳаёт маҳрум нашавад. Вале агар як нафар боиси аз ҳаёт маҳрум шудани афроди зиёде бошад, дар инҷо ҳаққи ҳаёт доштани он як нафар, монеъи ҳаққи ҳаёти чандин нафари дигар аст, ва ба сухани дигар, ҳаққи ҳаёти он фард музоҳими ҳаққи ҳаёти афроди зиёде аст. Пас, байни ҳаққи ҳаёти чандин нафар ва ҳаққи ҳаёти як нафар тазоҳум пеш омадааст. Дар инҷо ақл ҳукм мекунад, ки ҳаққи ҳаёти чандин нафар, бар ҳаққи ҳаёти як нафар тарҷеҳ дода шавад ва он фард аз ҳаққи ҳаёт маҳрум гардад.

Ва ҳамин тавр мумкин аст авомили дигаре ҳам боиси ихтилоф дар “татбиқи адолат” бишавад.

Ҳамон тавре ки мебинед, дар ҳеч кадом аз ин маворид, ихтилофе дар шинохти мафҳуми адолат вуҷуд надорад. Дар мавриди аввал, омили ихтилоф худхоҳӣ ва тарҷеҳи манофеъи дигар бар адолат аст. Дар мавриди дуввум, омили ихтилоф илму огоҳии афрод нисбат ба мавӯъоти дигар аст. Дар мавриди севвум, омили ихтилоф урфу одатҳои гуногуни мардум аст. Ва дар мавриди чаҳорум, омили ихтилоф бурузи тазҳум дар марҳилаи татбиқи адолат аст.

* * *

Баҳси дигаре, ки шоиста аст инҷо матраҳ шавад ин аст, ки асосан, ба лиҳози фалсафӣ, маҳол аст мафҳуми адолат нисбӣ талаққӣ шавад. Чаро? Шарҳи ин ҳақиқат ба ин сурат аст:

Мафоҳим дар як тақсимбандӣ, ба ду даста тақсим мешаванд: бадеҳӣ ва назарӣ.

1) “Бадеҳӣ” ба мафоҳим ва донистаниҳое гуфта мешавад, ки фаҳму даркашон ниёз ба фикру андеша надорад.

2) Ва аммо назарӣ мафоҳим ва донистаниҳое аст, ки фаҳму даркашон ниёзманди фикру андеша аст.

Ҳам дар ҳикмати назарӣ ва ҳам дар ҳикмати амалӣ ҳар ду навъ мафҳуми бадеҳӣ ва назарӣ вуҷуд дорад. Ҳамин тавр, ҳам дар бахши тасаввурот ва ҳам дар бахши тасдиқот, ҳар ду (бадеҳӣ ва назарӣ) вуҷуд дорад.

Ҳол, нуктаи муҳим дар инҷо ин аст, ки “бадеҳиёт” дар сохтмони дониши башарӣ, нақши зербиноро дорад ва назариёт нақши рӯбиноро. Яъне то инсон дорои маълумоти бадеҳӣ набошад, тавони дарки ҳеч гуна маълумоти дигареро нахоҳад дошт.

Дар ҳикмати назарӣ (илми “буданҳо ва набуданҳо”) зербинои ҳамаи маълумоти башарӣ, қазияи “иҷтимоъ ва имтиноъи нақизайн” аст, ки истилоҳан ба он “модари қазияҳо” гуфта мешавад. Тавзеҳи ин матлаб фурсати муфассали дигаре металабад.

Ва дар ҳикмати амалӣ (илми “боядҳо ва набоядҳо”) зербинои ҳамаи маълумот, қазияи “ҳусни адолат ва қубҳи зулм” аст. Яъне, агар инсон ба сурати бадеҳӣ ҳусни адолат ва қубҳи зулмро дарк намекард, тавони дарки ҳеч гуна ҳусну қубҳ ва хубиву бадӣ ва зебоиву зиштиро надошт. Бинобар ин, метавон қазияи ҳусни адолат ва қубҳи зулмро “модари дониши амалии инсон” донист.

* * *

Бо таваҷҷӯҳ ба он чи гуфта шуд, мафоҳим ва донистаҳое нисбӣ хоҳанд буд, ки бояд назарӣ бошанд (яъне фаҳму даркашон ниёз ба фикру андеша дошта бошад) на бадеҳӣ. Ва мафҳуми адолат ба далели бадеҳӣ ва поя ва асоси ҳикмати амалӣ (“боядҳо ва набоядҳо”) будан, ҳеч гуна ихтилоф дар шинохти он қобили тасаввур нахоҳад бад. Зеро агар шинохти маъно ва мафҳуми адолат дучори ихтилоф гардад, сохтмони дониш ва ҳикмати амалии инсон фурӯ мерезад; ҳамон тавре ки агар қазияи “иҷтимоъ ва имтиноъи нақизайн” дучори ихтилоф гардад, сохтмони дониши назарии инсон фурӯ хоҳад рехт.

* * *

Дар поён, агар воқеъан мантиқи шуморо дуруст бидонем, аҳаде ҳаққи аз байн бурдани гурӯҳҳои теруристӣ мисли ДОЪИШ-ро нахоҳад дошт; зеро ДОЪИШ ба заъми худаш, ҳамаи ҷаҳониёнро одамоне меҳисобад, ки ба адолат рафтор намекунанд, ки албатта мо ба ӯ мегӯем, ту иштибоҳ мекунӣ! Ва фикр намекунам ҷаноби шумо низ дар ин маврид бо ман ихтилофе дошта бошед.



Рубрики:Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: