Як нависандаи саршиноси яҳудӣ: “Саҳюнизм то камтар аз 25 соли дигар фурӯ мепошад”

Як нависанда ва рӯзноманигори саршиноси яҳудӣ дар ёддоште навиштааст, бо мудирияти феълии режими саҳюнистӣ, ин режим то камтар аз 25 соли дигар фурӯ хоҳад пошид.

Окиво Элдор (Akiva Eldar), нависандаи яҳудӣ ва раиси собиқи дафтари рӯзномаи саҳюнистии Ҳоаретс дар Омрико, дар таҳлиле, аз Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, ба унвони “ҳадяе барои душманони Исроил” ёд карда ва навиштааст, бо мудирияти вай саҳюнизм зудтар аз пешбинии Эрон дар 25 соли оянда фурӯ хоҳад пошид.

Дар оғози ин матлаб дар сойти Al-Monitor омадааст: “Сарони Эрон ва Исроил дар чӣ чизе иштироки назар доранд? Ҳар ду умри кӯтоҳе барои Исроил пешбинӣ мекунанд. Рӯзи 25 август сарлашкар Абдурраҳим Мӯсавӣ гуфт, ки Исроил 25 соли ояндаро нахоҳад дид. Ду сол қаблтар, раҳбари олии Эрон, (Оятуллоҳ) Алии Хоманаӣ ҳам гуфт, ки дар 25 соли оянда режими саҳюнистӣ вуҷуд нахоҳад дошт.”

Дар идома ин матлаб омадааст: “Масъулон дар Эрон тамоюлашон барои нобудии саҳюнизмро пинҳон намекунанд, аммо ин ки чӣ чизе мӯҷиби ин нобудӣ хоҳад шудро мушаххас намекунанд. Аз тарафи дигар, сарони Исроил муҷиддона ва ба наҳви муассир, дар ҳоли талош барои тасреъи ин нобудӣ ҳастанд.”

Вай афзуд, Бенёмин Натонёҳу рӯзи 28 август дар яке аз шаҳракҳои Исроил дар каронаи Бохтарӣ гуфт: “Инҷо мероси ниёгони мо ва сарзамини мост. Бозгаштаем, то абад бимонем.” Натонёҳу сипас минтақаи Сомирияро аз ҷумлаи сармояҳои роҳбурдии Исроил хонд ва ваъда дод: “Лағви шаҳраксозӣ дар сарзамини Исроил, дигар дар дастури кор нахоҳад буд.”

Элдор навишта: “Натонёҳу зоҳиран фаромӯш карда, ки Исроил, тибқи дидгоҳҳои фарзии худаш, тамоюле барои контроли ҷамъияти азими фаластиниён, идораи зиндагии онҳо ва таҳмили фарҳанг ва парчами Исроил ба онҳоро надорад.”

Ин нависандаи яҳудӣ навиштааст, таҳмили ҳокимияти Исроил бар каронаи Бохтарӣ ва сокинони он, барои мухолифони саҳюнизм ба манзилаи рӯъёе аст, ки муҳаққақ шудааст. Натоиҷи таҳқиқоти Серҷи Дело Пергуло(Sergio Della Pergola), ҷамъиятшиноси барҷаста ва Орнун Софир (Arnon Soffer) нишон медиҳад, ки яҳудиҳо на то 25 соли оянда, балки то соли 2025 дар Исроил дар ақаллият хоҳанд буд. Мутобиқи ин таҳқиқ, ки дар соли 2011 тавассути Маркази таҳқиқ ва иттилоърасонии Кнессет (порлумони Исроил) мунташир шуда, яҳудиҳо — ҳамроҳ бо муҳоҷирони ғайрияҳудӣ — ба зудӣ ташкилдиҳандаи 44.9 дарсад аз ҷамъият байни рӯди Ӯрдун ва дарёи Медитарона хоҳанд буд, дар ҳоле ки арабҳо, дарузиҳо ва бадавиҳо дар аксарият хоҳанд буд. Ҳатто бо дар назар нагирифтани фаластиниҳои сокини навори Ғазза, яҳудиҳо ташкилдиҳандаи танҳо 54 дарсади ҷамъият хоҳанд буд ва 46 дарсади мобақиро арабҳо ташкил хоҳанд дод.

Ин нависандаи саршиноси яҳудӣ дар идома навиштааст: “Ин нархҳои ҷамъиятӣ бо чашмандози саҳюнистҳо мабнӣ бар ташкили кишваре бо моҳияти яҳудӣ, ҳамхонӣ надорад.”

Вай таъкид мекунад: “Таҳмили ҳокимияти Исроил бар сарзаминҳои ишғолӣ, бидуни эътои шаҳрвандии Исроил ба сокинони он, ба манзилаи шиллики тири халос бар тобути чашмандози саҳюнизм хоҳад буд. Қолаби ин тобут ҳамакнун дар коргоҳи Кнессет омода шудааст: қонуни миллият, ки қонунгузорон бо ҳадафи тақвияти ҳувияти яҳудии Исроил дар ҳоли таҳияи он ҳастанд. Ва ин дар воқеъ ба масхара гирифтани орзуи мундараҷ дар аслитарин санади саҳюнистии Исроил — яъне маншури истиқлол (1948) — аст, ки хостори истиқболи соири милал аз Исроил аст. Кадом кишвари демукротик узверо дар хонаводааш мехоҳад, ки ба усули баробарӣ иҳонат мекунад?

Дар бахши дигаре аз ин ёддошт омадааст: “Эрон барои мушоҳидаи нобудии Исроил на ниёзе ба пойгоҳҳои низомӣ дар Сурия дорад ва на ниёзманди силоҳҳои атомӣ аст, балки лозим аст танҳо худашро ба силоҳи сабр мусаллаҳ кунад. Замон ва мудирияти Исроил мобақии моҷароро пеш хоҳад буд. Суръати ҳалазунии пешрафти “фароянди сулҳ” ва тасреъи сохту сози шаҳракҳо боис хоҳад шуд, ки душманони Исроил ниёзе ба 25 сол интизор барои нобудии саҳюнизм надошта бошанд. Ин нобудӣ, бисёр сареътар рух хоҳад дод.”



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: