Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Чин дар изои қарзҳо, метавонад заминҳои дигареро аз мо бигирад”

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, мӯътақид аст, Чин дар изои қарзҳое, ки ба мо медиҳад, метавонад як лаҳза заминҳои дигареро аз мо дархост кунад, ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ин кишвар дар ин хусус иддао дорад.

Виктория Панфилова, коршиноси сиёсии масоили Ховари Наздик ва сутуннависи нашрияи “Независимая газета”, дар мақолае таҳти унвони “Бадеҳиҳои хориҷӣ метавонад тамомияти арзии Тоҷикистонро таҳдид кунад”, навиштааст:

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо даъвати Ши Ҷинпин, ҳамтои чинии худ, дар як сафари расмӣ вориди ин кишвар шуд; сафаре, ки то 5 сентябр идома хоҳад дошт. Интизор меравад, дар ҷараёни дидори руасои ҷумҳури ду кишвар, масъалаи воми 2.3 милёрд дулории Чин барои сохту сози сохтмонҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳаллу фасл бишавад. Ҳамчунин қарор аст Раҳмон дар гуфтугӯе, ки дар чорчӯби Иҷлоси сарони кишварҳои БРИКС (Бразил, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Офриқои ҷанубӣ) баргузор мешавад ширкат кунад; гуфтугӯе, ки қарор аст дар шаҳри Сямен дар ҷануби ин кишвар баргузор гардад.

Чин, бо танг кардани арса барои Русия, имрӯз ба муҳимтарин шарики иқтисодӣ-тиҷории Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ба гуфтаи Шариф Саид – раиси утоқи бозаргонии Тоҷикистон дар хабаргузории “Ховар”, интизор меравад то соли 2020 ҳаҷми таъомулоти тиҷорӣ байни Пекин ва Душанбе ба 3 милёр дулор бирасад. Ҳаҷми кулли сармоягузориҳои мустақими Чин дар се моҳи аввали соли 2017, 76.6 милюн дулор, яъне 58.2 дарсад аз кулли сармоягузориҳои хориҷиро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки сармоягузориҳои Русия дар ин бозаи замонӣ, фақат 20.6 милюн дулор будааст. Далели коҳиши сароягузориҳои хориҷии Русия дар Тоҷикистон, ба назари Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар ин кишвар, нархҳои молиёти боло будааст, ҳарчанд Русия дар ин росто нақши меҳварӣ хоҳад дошт, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ҳузури ҳазорон муҳоҷири кории тоҷик дар Русия.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафари худ, масъалаи ихтисоси 2.3 милёрд дулор вом аз тарафи Чин ба Тоҷикистонро ҳаллу фасл хоҳад намуд; пуле, ки барои сохту сози бинои ҷадиди порлумон ва ҳукумати ин кишвар ихтисос хоҳад ёфт. Пружаи сохту сози муҷтамаъи давлатӣ ҳанӯз ба тасвиб нарасида. Ин муҷтамаъ бояд бо таваҷҷӯҳ ба назароти коршиносони чинӣ тарроҳӣ шавад. Гуфта мешавад, сохтмони порлумон 42 ҳазор метри мукаъаб ва сохмони ҳукумат 44 ҳазор метри мукаъабро ишғол хоҳад кард. Тибқи мувофиқатномаи дуҷониба, қарор аст Пекин маводди сохтмонӣ, мошинолот ва коршиносон барои ин пружа ба Тоҷикистон ирсол кунад, ки албатта Тоҷикистон мутаъаҳҳид шудааст, ки ҳамаи инҳоро аз аворизи гумрукӣ муъоф созад.

Дар дохили Тоҷикистон аммо имрӯзҳо ин баҳс ҷараён пайдо карда, ки оё асосан лозим аст Тоҷикистон барои сохту сози ин муҷтамаъи пурзарқу барқ, аз Чин вом бигирад? Пекин ин вомҳоро барои 20 сол ва ҳатто бештар пардохт мекунад. Дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, дар ин бора мегӯяд:

Мо бояд эътироф кунем, ки Чин дар тавсиъаи зерсохтҳо ва куллан тавсиъаи иқтисодии Тоҷикистон кӯмак мекунад. Иҷрои пружаҳои чинӣ ба беҳбуди зиндагии мардум кӯмак мекунад. Ба унвони мисол, ҷодаҳои Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хум-Хоруғ-Мурғоб-Кӯлма-Қошғар бисёре аз шаҳрҳои Тоҷикистонро бо системи иртиботии шимоли ғарби Чин муттасил кард. Шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол-Сари Тош бо Қирғизистон. Хатти интиқоли барқи ЛЕП-500 шимолро бо ҷануб муттасил намуд…

Бо ин ҳол, Умаров мӯътақид аст, дар ҷомеа имрӯз баҳси вобастагии иқтисодии Тоҷикистон ба Чин матраҳ аст. Ӯ мегӯяд: “Барои Тоҷикистон дар баробари Чин қарз дар ҳаҷми 1.8 милёрд дулор ташкил ёфта. Дар ҳоле ки таҷрибаи мудирияти ин қарзҳо ҳанӯз вуҷуд надорад, ки мунҷар ба як бӯҳрон шуда. Ба назари ман, мо бояд раванди қарз гирифтан аз Чинро мутаваққиф кунем ва барои танаввӯъ бахшидан, таъомуолоти тиҷорӣ бо соири кишварҳоро фаъол созем. Ва ё ҳаддиақал, ҷиҳати ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чинро тағйир бидиҳем; ба ин маъно, ки ба ҷойи ворид кардани маводии масрафӣ аз Чин, бояд дар ҷиҳати фаъолсозии корхонаҳои дохилӣ ва медурн кардани онҳо ҳамкорӣ кунем; корхонаҳое, ки аз замони Шӯравии собиқ маводди масрафӣ тавлид мекард.”

Ва афзуд: “Илова бар ин, ин гуна таъомулот бо Чин метавонад амнияти миллиро ҳам таҳдид кунад. Кишварҳои сармоягузор метавонанд барои Тоҷикистон дархостҳое матраҳ бикунанд, ки ба зарару зиёни амнияти миллӣ ва ҳамчунин тамомияти арзии мо тамом бишавад. Масалан, Чин дар изои қарзҳое, ки ба мо медиҳад, метавонад як лаҳза заминҳои дигареро аз мо дархост кунад, ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ин кишвар дар ин хусус иддао дорад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: