Ҷуғрофиёи сиёсии ҷаҳон ба суръат дар ҳоли тағйир аст

Ба қалами Том Лунгу (Tom Luongo) дар Russia Insider

Замоне, ки ин давраи таърихӣ аз ҷаҳонро мавриди мутолеа қарор диҳем, дархоҳем ёфт, ки кудетои нофарҷом дар баробари Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, яке аз муҳимтарин омилҳои таъйинкунандаи сиёсӣ дар Ховари Миёна аст. Ин кудетои ноком, ки эҳтимолан тавассути Иёлоти Муттаҳида тарроҳӣ шуда буд, мунҷар шуд, ки ҳаракати умумии Туркия ба самту сӯи мухолифат бо НАТО ҳаракат кунад ва ин кишвар дар оғӯши Русия ва Эрон қарор бигирад.

Ин тағйири ҷиҳат аз аввалҳои соли 2016 замоне, ки Ардуғон мутаваҷҷеҳ шуд, ки иттиҳоде барои барандозии ДОЪИШ дар ҳоли шаклгирӣ аст эҷод шуд. Пас аз ин ки дар моҳи ноябри 2015 Туркия ба як ҳавопаймои русӣ шиллик ва онро соқит кард, талоши Ардуғон барои беҳбуди равобит бо Русия оғоз шуд. Аз он рӯйдод ба баъд, Туркия ҳамвора дар ҳоли фосила гирифтан аз Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо буд. Дар ҳоле ки Туркия дар ҳар моҷарое — аз паноҳ додан ба муҳоҷирон то озодсозии Ҳалаб дар сол гузашта — дар баробари манофеъи Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо истода буд.

Эътилофи тарафдорони Асад бидуни кӯмак ва пуштибонии сареҳи Туркия қодир набуд ба дастовардҳои бузурге дар соли 2017 даст пайдо кунад. Ардуғон бо пайвастан ба музокироти сулҳи Остона ва имзои қарордоди манотиқи амн, барои ҳама равшан кард, ки ӯ дигар аз аҳдофи Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ҳимоят намекунад ва ба дунболи тағйири ҳукумат дар Димишқ нест. Туркия ҳатто барои бадтар кардани вазъияти ин робита гоҳе бо роҳҳои начандон шарофатмандона, дар манзари умумӣ ба таҳрики Иёлоти Муттаҳида ва НАТО пардохт. Зарфи чанд ҳафтаи гузашта мо чанд таҳарруки умда аз ҷониби туркҳоро шоҳид будем. Дар ибтидо онҳо мизбони раиси нерӯҳои мусаллаҳи Эрон буданд, то равобити амниятии худро мустаҳкамтар кунанд. Фаромӯш накунем, ки тарҳи Иёлоти Муттаҳида барои истиқлоли курдҳо ва контроли ҷангҷӯёни ДОЪИШ аз ин тариқ дар Сурия бо шикаст мувоҷеҳ шуд.

Туркия, Эрон ва Русия бо имзои қарордоде ба арзиши 7милёрд дулор дар заминаи нафту гоз, ба таври мустақим таҳримҳои Омрикоро ҳадаф қарор доданд. Ба ёд оваред, ки бонкҳои Туркия ба унвони восита пули нафти Эронро дар солҳои 2012 то 2015, замоне, ки системи пардохти электруникии свифт дар Эрон вуҷуд надошт, бо тилло муъовиза мекарданд.

Дар ҳоле, ки мавзеъи Иёлоти Муттаҳида дар қиболи мавзеъгирӣ байни Қатар ва кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ба раҳбарии Арабистон, дар беҳтарин ҳолат бисёр печида аст, вокуниши сареъи Туркия дар қиболи таҳрикҳои Арабистони Саудӣ робитаи Туркия ва Қатарро беҳбуд бахшидааст. Бо ҳимояти Туркия дар канори Эрон, мавқеияти Қатар бо вуҷуди таҳрим ва инзиво аз сӯи Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс, мустаҳкам шудааст. Бо идомаи ин раванд, пайдо кардани роҳҳое барои давр задани таҳрим барои Қатар роҳаттар шудааст. Хабарҳои ҳафтаи ахир нишон медиҳад, ки раванди оддисозоии равобити Эрон ва Қатар суръат гирифтааст. Ҷуғрофиёи сиёсии ҷаҳон ба суръат дар ҳоли тағйир аст. Қатар мумкин аст то ҳудуде ба далели вобастагии риёлаш ба дулор гоҳе ақибнишинӣ кунад, аммо то ҷое, ки битавонад, ба муқовимати худ бо ҳамроҳии муттаҳидони ҷадид идома хоҳад дод. Агар Иёлоти Муттаҳида бихоҳад дар баробари ояндаи дӯстии Қатар бо Эрон вокуниши бештаре нишон диҳад, он гоҳ дарҳоро барои робитаи амиқтари ин кишвар бо Эрон ва Туркия боз кардааст, ки ҳазинаҳои сиёсии зиёде дар пай хоҳад дошт.

Ба ёд оваред, ки бо суқути ДОЪИШ дар Сурия, Исроил ва нахуствазири ин кишвар Бенёмин Натонёҳу аз равобити гарми Русия бо Эрон розӣ нестанд ва эҳсоси худро ошкоро бо Иёлоти Муттаҳида дар миён мегузоранд ва хостори ин шудаанд, ки Иёлоти Муттаҳида ба шакле муҳкам дар пушти онҳо дар баробари авзоъи нохушоянди оянда биистад. Бо вуҷуди воқеъгароии низомии мавҷуд дар давлати Тромп (сарфи назар аз нигоҳҳои навмуҳофизакорон) ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки артиши Иёлоти Муттаҳида ба дунболи моҷароҷӯиҳои бештар дар минтақаи Ховари Миёна набошад.

Russia Insider



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: